Абдуқаҳҳор Саидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуқаҳҳор Саидов
Абдуқаҳҳор Саидов
Таърихи таваллуд 28 октябр 1945(1945-10-28) (78 сол)
Зодгоҳ деҳаи Меҳнатобод ноҳияи Вахш, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Таърих
Ҷойҳои кор Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо медали ҷашнии «20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» ва Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуқаҳҳор Саидов (Саидов Абдуқаҳҳор ; 12 октябри 1945, ҶШС Тоҷикистон) — муаррих, филолог- шарқшинос, доктори илмҳои таърих, профессор, Аъзо-корреспонденти Академияи улуми табиатшиносии Русия (бахши илмҳои таърих, 2018). Профессори Академияи улуми табиатшиносии Русия (бахши илмҳои таърих, 2018). Академики Академияи улуми табиатшиносии Русия (бахши илмҳои таърих, 2020).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуқаҳҳор Саидов соли 1971 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро бо ихтисоси филолог- шарқшинос хатм намуд.

Саидов А. узви шӯрои илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, узви шӯрои диссертатсионии Д.737.004.02 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви шӯрои диссертатсионии 6Д. КОА-005 Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҷонишини раиси шӯрои диссертатсионии 6Д. КОА-046 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав мебошад.[1].

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи феврали соли 1989 рисолаи номзадиро зери унвони «Мулҳақот ас-Суроҳ»-и Ҷамол Қаршӣ ҳамчун маъхази таърихӣ (ибтидои асри XIV)» дифоъ кард. 28 маи соли 2007 дар мавзӯи «Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии хонии Бухоро дар асри XVII – нимаи аввали асри XVIII» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Заминаҳои фаъолияти илмӣ: омӯзиши таърихи асрҳои миёнаи мардумони Осиёи Марказӣ, таърихнигорӣ ва сарчашмашиносӣ.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Саидов А. асарҳои зиёде дар Тоҷикистон ва хориҷа дар мавзӯъҳои таърихи халқи тоҷик, маъхазшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва мардумшиносӣ ба табъ расонидааст.

Муаллифи 10 рисола, 13 китоби дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла рисола ва китобҳои дарсии зерин ба қалами ӯ тааллуқ доранд:

  • Социально-экономическое положение Бухарского ханства в XVII – первой половине XVIII вв. - Душанбе: Ирфон, 2006. 220 с.
  • Ишораҳое ба таърих ва оинҳои тоҷикони Хитой. – Душанбе: Дониш, 2006. 94 с.
  • Политическая история Бухарского ханства в XVII – первой половине XVIII вв. - Душанбе: Ирфон, 2007. 149 с.
  • Политическое и социально-экономическое положение Бухарского хангства в ХVII – первой половине ХVIII вв. - Душанбе: Дониш, 2010. 292 с.
  • Худомӯзи забони арабӣ (бо ҳаммуаллифии Қозӣ Махсумов).Нашри 3. - Душанбе: Шуҷоиён, 2010. -300 с.
  • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8 (илова) (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол). – Душанбе: Граф Полиграф, 2010. 116 с.
  • Маъхазшиносӣ (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол). - Душанбе: Сабрина-К, 2015. –102 с.
  • Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8 (бо ҳаммуаллифии Аҳрор Мухторов ва Ҳамза Камол). - Душанбе: Маориф, 2016. 303 с.
  • Мовароуннаҳр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII (таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ). - Душанбе: Дониш, 2020. 491 с.[2].
  • Маъхазшиносӣ (бо ҳаммуаллифии Ҳамза Камол). Душанбе: Ганчи храд, 2023, 312 с.

Мукофотҳо ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Медали ҷашнии «20-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945»
  • Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Абдуқаҳҳор Саидов(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.
  2. Абдуқаҳҳор Саидов(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.