Jump to content

Абдуҷалили Амон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуҷалили Амон
Холиқзода Абдуҷалили Амон
Таърихи таваллуд 28 феврал 1990(1990-02-28) (34 сол)
Зодгоҳ деҳаи Виткони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, вилояти Ленинобод
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология (2017)
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2013)

Абдуҷалили Амон (Холиқзода Абдуҷалили Амон; 28 феврали 1990, деҳаи Виткони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) — рӯзноманигор, номзади илмҳои филология. Узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуҷалили Амон Холиқзода 28 феврали соли 1990 дар деҳаи Виткони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст. Соли 2007 ба факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардида, онро дар соли 2013 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муддате дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик фаъолият намуда, дар нашри китоби «Таърихи Табарӣ» саҳм дошта, ҷилди шашуми онро ба хатти сирилик баргардон намудааст. Ҳамчунин муаллифи китоби «Суханварони Мастчоҳ» буда, зиёда аз 150 адибро муаррифӣ кардааст.

Ҳоло директории «Маркази бунгоҳи тарҷума ва таҳияи адабиёти ҷаҳон»-ро ба зимма дошта, китобҳои «Чунин гуфт Зартушт»-и Ф. Нитше, «Буфи кӯр»-и С. Хидоят, «Ба кӯдаке, ки ҳаргиз зода нашуд»-и О. Фаллачи, «Ин низ бигзарад»-и Ошо ва «Камбағалон»-и Толстойро ба нашр расонида, дастраси хонандагон гардонидааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуҷалили Амон соли 2013 ҳуҷҷатхояшро ба риштаи адабиётшиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ супорида, дар мавзӯъи «Тамоюлҳои тозаи ҳунарӣ дар насри муосири тоҷик (дар мисоли эҷодиёти Муҳаммадзамони Солеҳ)»[1] ба таҳқиқ пардохт ва 12 декабри 2017 пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ номзади улуми филологӣ шуд.

Дар ин замина дар баробари мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маҷмуаи мақолаҳо перомуни фаъолият ва ҳунари нависандагии Муҳаммадзамони Солеҳро бо номи «Тулуъе баъд аз ғуруб» ва осори нашрнашудаи ӯро бо номи «Малкушон» мунташир намудааст.

Аз соли 2009 узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.