Абтарии Бадахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абтарии Бадахшӣ
Таърихи таваллуд: 1047(1047)
Зодгоҳ: Бадахшон
Таърихи даргузашт: 1856
Навъи фаъолият: шоир

Абтарии Бадахшӣ (Соли таваллуд ва вафот номаълум) — Шоир форсизабони Ҳиндустон (асри 16).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бадахшон ба дунё омада, замони ҳукмронии Акбар (15561605) ба Ҳиндустон меравад ва ба хидмати дарбор дохил мешавад. Абтарии Бадахшӣ аз шоирони мутасаввиф, мӯътақиди таълимоти Ибни Арабӣ (11651240) буд. Тазкиранависон дар шеъргӯӣ маҳорату табъи равон доштани Абтарии Бадахширо зикр кардаанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз осори ӯ шеърҳои пароканда боқӣ мондаанд, ки онҳо дар маъхазҳои гуногун сабт гардидаанд.

Гуфтӣ: «Вафо кунем ба аҳбоб ё ҷафо?»

Эй шӯх, бандаи сухани аввалем мо.

  • * *

Миёни олиму ҷоҳил ҳамин қадар фарқ аст,

Ки ӯ кашидаинон асту ин гусастамиҳор.

  • * *

Ҷифаи дунё надорад пеши мо ранге, ки лаъл

Мешавад мурдорсанг аз дасти истиғнои мо.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абдулқодири Бадоюнӣ, Мунтахаб-ут-таворих, ҷ. 3, Калкатта, 1929;
  • Ҳусайнқулихони Азимободӣ, Нештари ишқ, ҷ. 1, Д., 1981.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]