Абутоҳири Хотунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абутоҳири Хотунӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1137
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, муаррих
Забони осор: форсӣ

Абутоҳири Хотунӣ (Муваффақуддин Абутоҳир Ҳусайн ибни Ҳайдар; ? — баъди 1137) — шоир, нависанда ва тазкиранигори форс-тоҷик, муаллифи «Шикорномаи Маликшоҳ», «Таърихи Салоҷиқа» ва тазкираи «Маноқибу-ш-шуаро».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар хидмати дарбори Маликшоҳи Салҷуқӣ ва завҷааш Гавҳархотун будааст ва аз ин рӯ «Хотунӣ» тахаллус кардааст. Якчанд қасида, ғазал, қитъаоти панду ахлоқӣ, муаммо ва абёти парокандааш ба воситаи тазкираҳо ва фарҳангҳо боқӣ мондааст.

Xотунӣ муаллифи қадимтарин тазкираи шоирони форс-тоҷик ба номи «Маноқибу-ш-шуаро» мебошад, ки ҳанӯз дастраси муҳаққиқон нашудааст. Китобҳои «Шикорномаи Маликшоҳ», «Таърихи салоҷиқа»-ро ба Xотунӣ нисбат медиҳанд. Xотунӣ китобхонаи мўътамаде доштааст, ки чингизиён соли 1221 сӯзондаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]