Адабиёти илмии оммавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адабиёти илмии оммавӣ — як навъ осори адабӣ-бадеист, ки дар он аз илму кашфиёти илмӣ дар соҳаҳои улуми табиӣ, иҷтимоӣ ва ғайра сухан меравад. Ин қабил асарҳо бо забони содаву ба фаҳми хонандаи одӣ наздик навишта мешаванд. Масалан, имрӯз агар пажӯҳиши илмӣ дар шакли диссертатсия ва монографияи илмӣ барои доираи маҳдуди хонандагон, аҳли илм пешниҳод гардад, ҳамон мавзӯъ ва пажӯҳишро худи муаллиф ё ягон нависанда, адиб метавонад барои оммаи васеи хонандагон навишта, пешниҳод бикунад. Дар адабиёти илмии оммавӣ инчунин асарҳо оид ба татбиқи кашфиёти илмӣ дар истеҳсолот, рушди тадқиқоти илмӣ, хусусияти иҷтимоӣ пайдо кардани илм сухан меравад. Дар адабиёти ҷаҳон, аз давраи атиқа (адабиёти Юнону Руми Бостон), адабиёти Шарқ ва Европа (дар асрҳои миёна ва то имрӯз — ибтидои асри XXI), осоре ба сабку тарзи нигориши адабиёти илмии оммавӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар адабиёти форс-тоҷик аз замони қадим (пеш аз ислом) ва дар асрҳои миёна (адабиёти классикии форс-тоҷик) адабиёти илмии оммавӣ вуҷуд дошт. Ба қатори ин навъ осор «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ (оид ба тиб), «Шуморнома»-и Айюби Табарӣ, «Донишнома»-и Ибни Сино, «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-и Носири Хусрав, «Нисоб-ус-сибиён»-и Абунасри Фароҳӣ, «Мифтоҳ-ул-ҳисоб»-и Ғиёсуддини Кошӣ ва ғайраро дохил метавон кард. Дар адабиёти муосири тоҷик таълифи осори адабиёти илмии оммавӣ аз эҷодиёти С. Айнӣ оғоз ёфтааст. С. Айнӣ силсилаи мақолаҳо, асарҳои публитсистӣ, илмии ба фаҳми омма наздик оид ба таърихи адабиёту маданияти тоҷик, намояндагони номвари он таълиф кард. Намунаҳои осори адабиёти илмии оммавӣ инчунин рисолаҳои С. Улуғзода «Пири ҳакимони Машриқзамин» (1980), Раҳим Ҳошим, «Сухан аз устодон ва дӯстон» (1971), «Ҳайкали назм» (1965) (дар бораи Абдурраҳмони Ҷомӣ), «Сино» (1975), «Абурайҳони Берунӣ» (1980), А. Афсаҳзод «Ҳофизнома» (1971), «Ифтихори Шарқ» (1983) (дар бораи М. Турсунзода), А. Турсон «Инсон, атом, кайҳон» (1967), «Банди фалак» (1976), «Қирони Саъд» (1986), «Эҳёи Аҷам» (1984), А. Абдуллоев «Адиб Собири Тирмизӣ. Очерки илмию бадеӣ» (1987), «Абулқосими Фирдавсӣ. Очерки илмию бадеӣ» ба шумор мераванд. Дар фолклоршиносии тоҷик чопи матнҳо ба тарзи илмӣ ва илмии оммавӣ вуҷуд дорад. Масалан, маҷмӯаҳо бо номи «Куллиёти фолклори тоҷик» чопи илмианд, китобҳои «Фолклори тоҷик» (1957), «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» (1960), «Эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб» (1963), «Фолклори Норак» (1963), «Афсонаҳои Самарқанд» (1966), «Фолклори диёри Восеъ» (1990) ва ғайра чопи илмии оммавӣ ба шумор мераванд. Китобҳо ва маҷаллаҳое, ки аз ҷониби ҷамъияти «Дониш» нашр мешаванд (дар давраи мавҷудияти ИҶШС шумораашон бисёр буд; масалан, маҷаллаи «Уфуқҳои илм»), осори адабиёти илмии оммавӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон инчунин маҷаллаи илмии оммавии «Илм ва ҳаёт» чоп мешавад. Дар собиқ ИҶШС маҷаллаи умуми иттифоқии «Наука и жизнь» («Илм ва ҳаёт») нашр мешуд ва дар тамоми қаламрави ИҶШС паҳн мегардид. Инчунин ба қатори нашрияҳои Адабиёти илмии оммавӣ силсилакитобҳоро дохил метавон кард, ки ба забони русӣ бо номи «Жизнь замечательных людей» («Зиндагии одамони наҷиб») ба табъ мерасиданд ва дар тамоми ҷумҳуриҳои ИҶШС паҳн карда мешуданд. Дар ин силсила дар бораи Ҷалолуддини Румӣ (асари Р. Фиш, 1972), Умари Хайём асарҳо ба табъ расидаанд. Дар қомуснигории собиқ ИҶШС ва Россияи имрӯза нашри донишномаҳои илмӣ, соҳавӣ вуҷуд дошт ва идома дорад. Дар баробари донишномаҳои илмӣ, донишномаҳои барои кӯдакон, наврасон, талабагони мактабҳои миёна ва донишҷӯён таъйингардида аз қабили «Детская энциклопедия» (12 ҷилди М., 1964 — 69), «Что такое? Кто такой?», китоти 1 — 2, М., 1968), «Энциклопедический словарь юного литературоведа», «Энцик­лопедический словарь юного филолога» ва ғайра ба табъ расидаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]