Адаб (маҷалла)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Адаб

«Адаб» — маҷаллаи илмию маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ки бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» (22-юми июли 1989 қабул шуда буд) ва кумак расондан ба омӯзгоромӯзгорони забон ва адабиёти тоҷикӣ 73 шумора (аз моҳи июли 1991 то феврали 2006) нашр шудааст.

Вазифаи сардабирии маҷаллаи «Адаб»-ро Ш. Исломов (1991 — 1995) ва Ш. Шокирзода (19952006) ба ӯҳда доштанд. Дар саҳифаҳои «Адаб» нигоштаҳои донишмандон, адибон, омӯзгорони Тоҷикистон ва хориҷи кишвар оид ба адабиёт, таърих, фалсафа, ахлоқ, динҳо, омӯзишу парвариш, омӯзиши алифбои ниёгон, забонҳои хориҷӣ, инчунин асарҳои донишмандону адибони гузаштаву муосири тоҷик ва ҷаҳон ба табъ расиданд. Яке аз самтҳои асосии кори маҷаллаи «Адаб» инъикоси шеваи таълиму тадрис дар кӯдакистон, мактабҳои миёнаву олӣ буд. Сарлавҳаи фаслҳои асосии маҷаллаи «Адаб»: «Пешинаи тоҷикон ва қавми тоҷик», «Пажӯҳиш», «Аз Рӯдакӣ то имрӯз», «Қонуни забон», «Роҳнамои хирад», «Минбари омӯзгор», «Дурнамои мактаби миллӣ», «Шеваи омӯзиш» ва ғайра буданд. Солҳои 1997 — 1999 маҷалла замимаеро бо номи «Ганҷи адаб» бо ҳуруфи арабиасоси форсии тоҷикӣ нашр намуд. Ба ифтихори ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 120-солагии Иқбол (1997), 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 960- солагии Умари Хайём (2000), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 80-солагии шаҳри Душанбе (2004), соли тамаддуни ориёӣ (2006) ва ғайра шумораҳои махсуси «адаб» ба табъ расиданд. Бо мақсади васеътар намудани доираи фаъолияти нашрия, бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (12. 1. 2006, № 1/1) номи маҷалла ба «Маорифи Тоҷикистон» табдил ёфт. Маҷаллаи «Адаб» соли 2007 ба гирифтани Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]