Умари Хайём

Аз Википедиа

Умари Хайём
Умари Хайём

Умари Хайём (форсӣ: عمر خیام‎) - шоири адабиёти классикии форсу тоҷик. Бар замми ин ӯ риёзидон ва астрономи бузург низ мебошад. Умари Хайёмро дар адабиёти ҷаҳон рубоиёташ машҳур гардонидааст.

Мундариҷа

[вироиш] Тарҷумаи ҳол

Хайём дар соли 1048 милодӣ дар Нишопур зода шуд. Вожаи "xайём" яъне Хайма-дӯз. Номи аслии шоир Абулфатҳ Умар бинни Иброҳим буда, Хайём лақаби ӯст. Ӯ соли 1040 дар Нишопур таваллуд ёфта, солҳои ҷа­вони ва таҳсили илмиро дар ин ноҳия гузаронидааст. Хайём дар кўдакӣ бо Низомулмулк ва Ҳасани Саббоҳ ҳаммадраса будааст. Дар солҳои ҷавонӣ шоир вақти худро бештар 6а омӯхтани илмҳои ҳандаса, тиб, фалсафа, риёзиёт, адабиёт ва ғайраҳо сарф кардааст,

Шоир соли 1095 ба Арабистон меравад. Соли 1112 6а ватанаш — Нишопур баргашта, соли 1131 вафот кардааст.

[вироиш] Фаъолияти илмӣ

Хайём олими барҷаста ва ҳакиме ошно ба дину фалсафа буд. Ӯ дар осори мансури худ шинохти табиат ва алоқаи табиатро бо дину дунё матраҳ месозад. Таълифоти вай зиёд нест ва аз чанд рисола иборат аст. Аз ҷумла рисолае дар алгебра, рисолае дар вуҷуд, мухтасаре дар табииёт, рисолаи “Лавозиму-л-амкина”, рисола дар кавну таклиф, “Наврўзнома” ва теъдоди дигар, ки баъзе аз ин расоилро мансуб ба ў донистаанд. Дар тартиб додани Зиҷи Маликшоҳӣ низ Хайём нақши бузурге доштааст.

[вироиш] Мероси адабӣ

Аз мероси адабии Хайём, ғайр аз таълифоти илмиаш боз шеърҳои ба ду забон навиштаи ӯ боқӣ мондаанд. Аз шеърҳои ба забони арабӣ навиштаи шоир фақат 5 қитъа то давраи мо омада расидаанд. Аз шеърҳои тоҷикиаш бошад, дар баъзе маъхазҳо 172 ва дар баъзеи дигар 252 рубоӣ зикр ёфтааст.

Оромгоҳи Хайём дар Нишопур.
Оромгоҳи Хайём дар Нишопур.

[вироиш] Пайвандҳои вобаста

[вироиш] Пайвандҳои беруна