Адолат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
‘’Justitia’’ (Maarten van Heemskerk, 1556)

Адолат, баробарӣ, таодул, мафҳумест, ки то кадом дараҷа ба воқеияти муайян мувофик будани тасаввуроти фардро дар бораи воҷибии ҳуқуқҳояш ифода мекунад. Адолат гурӯҳи ҳуқуқи ахлоқист. Дар ҳаёти иҷтимоӣ адолат таносуби амъолу подош, заҳмату мукофот ва ҷинояту ҷазоро таҷассум менамояд. Номутобиқатӣ дар ин таносуб чун беадолатӣ тавсиф меёбад. Адолат таносуби чанди ҳодисаро аз нуқтаи назари дар байни одамон тақсим шудани хайру шарри мавҷуда шарҳ медиҳад. Намоядагони фалсафаи машшоъ Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Насируддини Тусӣ ва фалсафаи калом Муҳаммади Ғазолӣ, Фахруддини Розӣ ва дигарон зикр кардаанд, ки адолат аз се фазилат - ҳикмат, шуҷоат, иффат сар мезанад. Ҳар кадом аз фазилати мазкур ба қувваҳои гуногуни нафсии инсон - хирад, ғазаб, шаҳват мансуб аст. Ба тавассути адолат одам дар ҳама кор ҳади эътидолро риоя карда, ба ифроту тафрит роҳ намедиҳад.

Адолат — додрасӣ, накӯкорӣ, яке аз категорияҳои ахлоқ ва ҳуқуқ, ки ба воқеияти конкретӣ мувофиқ омадан ё наомадани моҳият ва ҳуқуқи инсонро ифода менамояд. Ба воситаи адолат шаклҳои шуури ҷамъиятӣ-ҳуқуқ ва ахлоқ бо^яқдигар алоқаманд мегар- дацд. Адолат бар хилофи некӣ вабадиГ ки ба воситаи онҳо ба ин ё он ҳодиса баҳо дода мешавад. таносуби байни чандин ҳодисаро аз нуқтаи назари дар байни одамон тақсим шудани хайру шарри мавҷуда шарҳ медиҳад. Файла- суфони машшоия (Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Насириддини Тусӣ), инчу- нин намояндагони фалсафаи калом- Муҳаммад Ғаззолӣ, Фахриддини Розӣ ва дигарон қайд кардаанд, ки адолат аз се фазилат—ҳикмат, шуҷоат ва иф- фат бармеояд. Ҳар кадом аз фазилати мазкур ба қувваҳои гуногуни нафсии инсон-хирад, газаб, шаҳват мансуб асг. Ба туфайли адолат одам дар ҳама кор ҳадци эътидолро риоя карда, ба ифрот роҳ намедиҳад. Аммо мутафак- кирони форсу тоҷик (Рӯдакӣ, Фир- давсӣ, Саъдӣ ва диг.) адолатро ба тар- зи идораи давлат ва фаъолияти сарва- ри мамлакат вобаста намуда, асоси онро дар ғамхории мардуми мсҳнат- каш, риояи қонун ва даст кашидан аз зулм медиданд. Баъзе мутафаккирони форсу тоҷик (Фирдавсӣ, Ҷомй) бо- шанд, аз идеали шоҳи одилу хайрхоҳ то ба таргиби утопияи иҷтимоии ҷамь- ияти идеалие, ки дар он ҳама бароба- ранд, расидаанд. Вобасга ба тагӣир ёфтани шароити ҳаёти иҷтимоӣ, муно- сибатҳои истеҳсолӣ ва ҳаёти маънавии ҷамъият адолат мазмуни нав мегирад. [1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.19