Ахлоқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ахлóқ (ар. اخلاق‎ – рафтору кирдор, хӯ, хулқ, сират) — яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёру муқаррароти асосии муносибати оилавӣ, фардӣ ва ҷамъиятии одамон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи ташаккул, сайри такомул ва қо­нуни инкишофи ахлоқро илми этика (ахлоқ, хулқшиносӣ) баррасӣ менамояд. Ахлоқ дар ҷамъияти ибтидоӣ зимни мубориза бо офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадааст, зеро одамони ҷамъияти ибтидоӣ бе ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигар зиста наметавонистанд. Аз ин рӯ, он барои ба тартиб даровардани муносибати байни одамон омили муҳим гардид. Мазмуни ахлоқро муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ муайян карда, тасаввуроти одамон дар бораи адолат, некӣ ва бадӣ тағйир меёбад. Ахлоқ ҷараёни моддӣ ва ҳақиқати айни (объективӣ)-ст ва дар омӯзиши он аз илмҳои биология, психология, иҷтимоиёт ва дар баъзе мавридҳо ҳатто кибернетика истифода мешавад. Дар даврони атиқа ва асрҳои миёна танзимгари ахлоқ сиришти одам ба шумор мерафт. Минбаъд таълимот дар бораи ахлоқ инкишоф ёфта, аз рӯйи усул (принсипҳо)-и детерменизм (таълимоти илмӣ дар бораи сабабияти ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият) фаҳмиши он ба расмият даромад.

Илми ахлоқ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ахлоқ истиқлоли касбӣ дорад: а) ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ фаъолона таъсир расонда, метавонад тараққиёташро тезонад ё суст кунад; б) меъёрҳои алоҳидаи ахлоқии як давраи таърихӣ мумкин аст дар давраи дигар то муддати муайян нигоҳ дошта шаванд; в) аз заминаи иҷтимоиаш ҷудо шуда, пеш рафта, меъёрҳои ахлоқии ҷомеаи ояндаро ифода намояд. Дар пешбурди илми ахлоқ олимони Аврупову Амрико Э. Торндайк, Б. Спиннер, Ҷ. Уотсон, Э. Толмен, К. Халл, донишманди рус И. Павлов ва дигпр саҳм гузоштаанд. Онҳо ахлоқро дар алоқамандӣ бо сиёсат, фалсафа, ҳуқуқ, дин, санъат омӯхта, ҷиҳатҳои умумиинсониашро ташреҳ додаанд. Маъмулан панҷ шакли таърихии ахлоқ: авлодию қабилавӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ ва «коммунистӣ» вуҷуд дорад. Вале меросӣ будани суннатҳои ахлоқӣ низ ҷой дорад, ки бештар ба одитарин шаклҳои муносибати одамон алоқаманд аст. Дар ҳар давру замон мазмуни нисбӣ ва шарту ҳудуди истифодаи қонуну фазилатҳои ахлоқӣ ба таври гуногун фаҳмида мешуд. Ҷиҳати умумибашарии ахлоқ маҷмӯи муқаррароти барои кулли одамон ягонаро ташкил медиҳад. Ахлоқяке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимми фарҳанги гузаштаи форс-тоҷик мебошад. Он ҳам дар тасаввуроти динию асотирӣ ва андешаҳои фалсафӣ, эҷоди бадеию фолклор ва ҳам дар ҳаёти моддии форсинажодон нақши муҳим дошт. Тазодди хайру шар, тантанаи некӣ, мубориза ба муқобили бадӣ ва ғайра ҳанӯз дар Авесто мавқеи муҳим доштанд. Мутобиқи таълимоти зардуштия инсон хайр ё шарро дар ҷараёни фаъолияташ интихоб менамояд: хайр рамзи нуру рӯшноӣ ва шар рамзи зулмату торикӣ, тимсоли олами нур ва хайру адолат Аҳура Маздо, таҷассуми ҷаҳони зулму разолат Аҳриман ҳисоб меёфт. Муборизаи оштинопазир байни қувваҳои некӣ ва бадӣ ҳамеша ҷой дорад. Рукни муҳимми ахлоқро пиндори хуб (нек), гуфтори хуб (нек), кирдори хуб (нек) ташкил медиҳанд. Усули муҳимтарини ахлоқи зардуштия фазилати ростӣ ба ҳисоб мерафт, покизагии бадан, риояи тозагӣ, тарбияи хуби фарзанд, кӯшиш дар зироат, ободӣ, иморат, иҷтиноб аз танбалӣ, дурӣ аз худбинию ҳасад, хашму кина, мағрурию дуздӣ, саъй дар талаби илм, хайрхоҳӣ, ҳифзи ҳайвоноти муфид ва ғайра сифатҳои писандидаи инсон маҳсуб мешаванд.

Ахлоқи пешазисломӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Афкори ахлоқии аҳди Сосониён ҳам хеле ҷолиб аст. Он замон андарзу пандноманависӣ ба анъана даромад, Муаллифони «Пандномаи Бузургмеҳр», «Андарзи Озарбади Маҳраспандон», «Андарзи Хусрави Қубодон», «Андарзи кӯдакон», «Калила ва Димна» ва дигар асарҳо масъалаҳои гуногуни ҳикмати амалӣ, чун донишомӯзию хирадпешагӣ, накӯхоҳию накӯкорӣ, адолату шуҷоат, сабру қаноат, ростию покӣ, мазаммати бадӣ, дурӯғу туҳмат, кибру ҳасуд ва ғайраро баррасӣ намудаанд. Ахлоқи пешазисломӣ, ки ба пояҳои баланди рушду камол расида буд, ба анъанаву суннатҳои ахлоқии давраҳои баъдини аҷдодамон бетаъсир намонд.

Ахлоқ дар замони Сомониён[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони Сомониён тамоюлоти ахлоқӣ ба пояҳои баландтар баромад. Ахлоқ ҳамчун қисми таркибии фалсафаи амалӣ бештар мавриди таҳқиқ қарор гирифт, ки китобҳои «Ҷовидон хирад», «Таҳзиб-ул-ахлоқ», «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи Ҷалолӣ» аз ин шаҳодат медиҳанд. Мутафаккирони машшоия илми ахлоқро қисмати муҳимтарини фалсафаи амалӣ шумурда, онро ҳикмати хулқия, тибби рӯҳонӣ ва таҳзиби ахлоқ низ гуфтаанд. Ба андешаи машшоиён инсон аз авони хурдӣ ниёзманди тарбияи ахлоқист, ахлоқ фитрӣ нест, балки иктисобист ва ба тавассути таълиму тарбия ташаккулу таҳаввул меёбад, инсон дар рафтору кирдораш мухтор ва масъул мебошад. Ахлоқ дар мактабу ҷараёнҳои фалсафии мамолики Шарқи Наздику Миёна чун тасаввуф, калом, ишроқ ва ғайра низ мақоми хос дошт. Масалан, тасаввуф ҳангоми таҳқиқи масъалаҳои умумии фалсафа ба ҷиҳатҳои амалии он эътибори махсус додааст. Дар таълимоти тасаввуф идроку идораи қувваҳои ботинии инсон, ислоҳу тарбияи ӯ, ташаккули инсони комил ва дигар ҷиҳатҳои муҳимми илми ахлоқ дар мадди аввал меистод. Аҳли тасаввуф ба ахлоқи футувват (ҷавонмардӣ) низ таваҷҷуҳ намудаанд, ки асосашро се усул: вафо ба аҳду паймон, ростию дурусткорӣ, далерию мардонагӣ ташкил медод. Панду ҳикмат ва тарбияи ахлоқӣ яке аз мавзӯъҳои умдаи адабиёти классикиамон гардид.

Марҳилаҳои инкишофи илми ахлоқ[вироиш | вироиши манбаъ]

Афкори ахлоқии форс-тоҷик аз қисматҳои таркибии ахлоқи умумиҷаҳонӣ мебошад. Илми ахлоқ дар сайри таърихии худ марҳалаҳои инкишофи давраҳои гуногунро аз сар гузаронда, ба ҳаёти ҷомеа ҳамеша таъсир расондааст. Агар мутафаккирони атиқа дар ибтидо ахлоқро ҳамчун таълимо­ти роҷеъ ба фазилату накӯкорӣ дониста, онро бештар ба маънавиёти шахс маҳдуд карда бошанд, минбаъд бештар ба омӯзиши ҷиҳатҳои ҳақиқати айнӣ (объективӣ)-и он майл намудаанд; доираи таҳқиқи масоилаш васеътар ва аз лиҳози назарӣ гуногуну мукаммалтар гардид. Намояндагони барҷастаи афкори ахлоқӣ дар Аврупо Гоббс, Спиноза, Кант, Гегел, Фейербах ва дигар ба омӯзиши таносуби байни қоидаҳои ҷамъиятӣ ва талаботи фардӣ бештар таваҷҷуҳ намудаанд. Онҳо барои бартарафсозии маҳдудиятҳои илми ахлоқ саъй намуда, ба маънидоди аниқу таърихии он хеле наздик шудаанд.

Ахлоқ дар замони муосир[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар марҳалаи кунунӣ олимон комёбиҳои давраи атиқа, асрҳои миёна ва давраи наву навтаринро ҷамъбаст намуда, маҳдудиятҳои таълимоти пешинро бартараф месозанд. Онҳо ахлоқро ҳамчун инъикоси муносибати воқеии байниинсонӣ, яке аз шаклҳои пойдорию такомули маънавии афрод мешуморанд, онро дар ҷараёни инкишоф, ҳаракату тағйирот, таназзулу болоравӣ дида, ҳамчун ҷараёни таърихӣ таҳқиқ менамоянд. Ахлоқ арзишҳои умумиинсонии маънавӣ, меъёрҳои рафтору атвори одамон ва муносибати мутақобилаи онҳоро инъикос намуда, дар иҷрои меъёрҳояш ба афкори умум такя мекунад. Ахлоқе ки ба талаботи таррақиёти иҷтимоӣ мувофиқ аст ва пайваста, инкишофи таърихро метезонад, ахлоқи ҳақиқӣ ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки аксари мутафаккирон ахлоқ муъҷизаи олии маънавӣ маънидод кардаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Этическая мысль. М., 1990; Словарь по этике. М., 1989;
  • Ҳазратқулов М. Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам. Д., 1986;
  • Олимов К. Хорасанский суфизм. Д., 1993;
  • Мухамадходжаев А. Идеология нақшбандизма. Д., 1992.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]