Азоимхонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Азоимхонӣ (арабӣ азоим – ҷилди азимат – дуохон, афсунгар, афсунхонанда) — суханҳои дуомонанде, ки гӯё барои дафъи «ҷину париён», сиҳат намудани беморони рӯҳӣ, хоббиниҳо, эҳсоси бад кардан ва амсоли инҳо хонда, куфу суф мешавад. Азоимхониро афсунгарӣ ҳам мегӯянд. Ин амалҳо беморонро чунин водор менамоянд, ки ба онҳо парӣ, дев, ҷин, момо, лашкар, албастӣ ва неруҳои дигари фавқуттабӣ таъсир карда бошанд ва гӯё пас аз азоимхонӣ бемор сиҳат мешавад. Нисбати азоимхонӣ истилоҳҳои «ҷоду», «афсун», «азоим», «азоимхонӣ», гоҳе «дуо» ва дар бораи иҷрогаронаш «ҷодугар», «афсунгар», «дуохон», «афсункун», «сеҳргар» ва монанди инро ба кор мебаранд. Маъмулан азоимхон бо содои пасту баланд, ҳаракати дастон, қиёфабозиҳо матнҳои махсусро дар бораи неруҳои ба чашм ноаёни ба инсон таъсиркунанда амалан иҷро намуда, ба онҳо таъсир мерасонад. Нишонаҳои матнҳои ба афсуну азоим монандро дар осори қадимӣ ба монанди «Ведо», Авесто, «Бундиҳиш» ва дигар асарҳои динӣ, ки дар онҳо эътиқоди мардум бар ҳодисаҳои фаротабиӣ оварда шудааст, метавон дид. Ба тавассути афсунгарӣ, азоимхонӣ, дуохонӣ табобат кардани мардумро дар миёни мардумони гуногуни олам, аз ҷумла ҳинду, тибет, муғул, ҳабашҳо ва ғайра то ба имрӯз мушоҳида кардан мумкин аст. Шаманизм як навъи он аст. Мардумшиносон, инсоншиносон, фолклоршиносони кишварҳои гуногуни олам роҷеъ ба азоимхонӣ мавод гирдоварӣ намуда, онро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Дар миёни русҳо азоимхонӣ бо номи «заговоры и заклинания» хеле машҳур аст. Дар бораи азоимхонӣ дар осори М. С. Андреев, О. Сухарева, Н. А. Кисляков, О. Муродов, И. В. Рак ва дигар иттилоъ ба назар мерасад. Азоимхонӣ бо боварҳо ва асотири қадим пайванди ногусастанӣ дорад. Дар замони мо низ шахсоне ҳастанд, ки ба азоимхонӣ ва афсунгарӣ бовар доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муродов О., Дар пардаи сеҳру ҷоду, Д., 1990;
  • Рак И. В., Мифы древнего и раннесредневекового Ирана, С.-Пб. – М., 1998;
  • Русские заговоры и заклинания, М., 1998.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]