Авесто

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Авесто

Авесто - Авасто, Абасто, қадимтарин асари адабиёти форс-тоҷик, китоби муқаддаси зардуштия - оини халқҳои эронинажоди кадим.

Авесто - яке аз қадимтарин ёдгориҳои адабиёти бостонии халки точик китоби мукаддаси Авесто мебошад. Аввал он ба тарзи шифохи аз чониби мубадони зардушти аз дахон ба дахон мегузашт. Забони авестои аз қадимтарин ва мухимтарин забонхои кадими эрони ба шумор меравад. Аз сабаби ба ин забон эчод гардидани Авесто онро забони авестои меноманд. Нахустин бор Авесто дар замони Дорои I (522-486 пеш аз милод ) тахрир гардида, ба кайди китобат дароварда шуда буд. Аммо аз он тахрир то замони мо осоре намондааст. Бинобар маълумоти китоби пахлавии Шахристонхои Эрон бо фармони шох Виштос Зардушт Авесторо дар 12000 пусти гов бо хати тилло навишта, онро дар хазинаи оташкадаи шоханшохи чой дода буд. Онвакт Авесто ба 1200 фрагард, яъне 1200 боб чудо мешуд. Искандари Макдуни соли 331-и кабл аз мелод хангоми истилои Форс он нусхаро сузонда, хокистарашро ба об партофт нусхаи дигари Авесто дар тахтачахои тилло навишта шуда буд. Онро Искандар ба ватани худ бурда,. матнашро ба юнони тарчума кунонд.

Нихоят, дар охирхои аҳди Хусрави Парвиз (590-628) тахрири тозаи Авесто ба майдон омад, ки он Занд, яъне шарху тафсир номида шуд. Пеш аз ин дар асри IV барои сабти Авесто дар асоси хати ороми хати махсус ихтироъ гардида буд, ки хати авестои номида мешуд. Он 44 харф ва 3 шакли ду харфи чуфтовоз ва монанди хати араби аз рост ба чап навишта мешуд. Ба хамин тарик, Авесто дар тули кариб як хазору дусад сол чандин бор тахрир хурда, суфта гардида, тагйирпазируфта, шакли мавҷудаи ҳозираро гирифтааст.

Тарзи навишту талаффузи Авесто дар асли пахлавии он Апастак буда, маънояш асос ва матн мебошад. Ин китоби мукаддас мачмуаи асотир, матнхои дини мазхаби ва масъалахои илму ахлок ва фалсафа буда, ба арзиши бузурги дини, адаби ва фалсафи молик аст. Авесто бар замми усули дин ва ахкоми ойини зардушти, русуму вочиботи он дуову ниёишхо руйдодхои таърихиро низ фаро мегирад. Аз ин чихат он ба курби бехамтои таърихи низ сохиб аст. Тамоми Авесто бо шеъри хичои эҷод гардида, хар мисраъ аз панҷ то понздах ҳиҷо буда, ағлаби фикрахо аз бандхои 3-5 сатри таркиб ёфтаанд, ки аксари ин сатрхо аз 10-11 ҳиҷо иборатанд. Унсурҳои қофия низ дар он шеърхо ба назар мерасанд. Аммо санъатҳои шоирони бадеӣ , хусусан, тазод он ҷо зиёд аст.[1] [2]

Қисматҳои Авесто[вироиш]

Фарваҳар

Таҳрири якум дар замони Сосониён муназзам гардида, ба 348-боб таксим шуда, дар 21-китоб гирд оварда шуда будааст. Ин 21 китобро наск мегуфтанд, ки аз 350 000 калима иборат будаанд. Ин тахрир то ба замони мо омада нарасидааст. Нусхаи кадимтарини тахрири дуввуми Авесто, ки соли 1278 рунавис шуда, то замони мо боки мондааст, чоряки тахрири сосонии онро фаро гирифта, тамоми илми авестошиноси ва дониши инсоният дар хусуси ин ойин дар пояи хамин тахрири Авесто карор гирифтааст. Ин тахрир ба панч бахши мустакил чудо шуда, такрибан ховии 83 хазор калима аст. Ин бахшхо чунин ном доранд:

  1. Ясно
  1. Яштҳо
  1. Вандидод
  1. Виспарад
  1. Хурдак-Авесто.

Ясно[вироиш]

Ясно

Ясно, ки маънояш гироми доштан, ситоиш ва парастиш буда, вожаи ҷашни имрузаи точики низ аз он реша ба вуҷуд омадааст. Қисми муҳими Ясно аз Готҳо, яъне сурудҳо ва гимнҳое иборат аст, ки дар Авестои мавҷуда қисмати аз ҳама қадимтарин мебошад. Зардушт эҷодгари Готҳо дониста мешавад. Готро аввал госа мегуфтанд. Госа маънои сурудро дорад. Гот-гос-гох-суруду оҳанг буда, он дар таркибҳои Дугох, Сегох ва ғайра имруз ҳам зинда аст. Дар готҳото доир ба пайдоиши неки ва бади, ҳамчунин муборизаи доимии онҳо бо якдигар, дарбоисти асосии дини зардушти дар бораи "пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек", Равони Гов ва Офаридагони Гов. зиндаги он Дунё, офариниши инсони нахустин, ситоиши об, кӯхҳо, дархости маглубияти девҳо ва дигар масъалаҳои оёину ахлоқ Сухан меравад.

Готҳо баробари дуоҳо вазъи иҷтимоии чомеаи онрузаро низ хабар медихад. Таркиби иҷтимоии зардуштионро ба се гурӯҳи зайл ҷудо мекунад; 1) Рӯҳониён ба сардори пешвоиёнашон мубадон. 2) Авлод, ки дар чомеа ва дар нохияе қабиларо ташкил мекунад. 3) Иттиходи қабилаҳо, ки чун қавм бо сардори пешвоёнашон ва сипахсолонро дар сарзамини ё кишваре сукунат доранд. Беҳтарин тартиботе, ки ба васлия Ясно тагиб мегардад, арта вахишта ном дошта барои нерумант гардидани чомеаи базгарону чорводорони мукими, ободии кишвар, ривоҷи кишт, тарикки, додани чорводори бар гардонанд. ҳуҷумҳои бодия нишони роҳзан ва зидди дурӯғ нигаронда шудааст. Шоҳи одил аз ибтидои ҷамъияти синфи орзуи халқ буд. Ҳамаи нерӯҳои ки барои он офарида шудаанд, ки бо ҳидояти мубадони покниҳод ва сипахсолорони кавмҳо ба парастиши Ахурамаздо, мадад чустан аз фариштагони некукор ва манфиати барзгарону чорводорон машғул бошанд, бо Ахриман, Ажи Дахок (Заххок), мубадони дурӯғгу,ки карападхо ном доштанд, ба муқобили зулм мубориза баранд, барои инсони пок роҳи расидан бо орзуро наздик намоянд.

Яштҳо[вироиш]

Яштҳо аз ҷиҳати мазмун ва сабк ба Ясно рақобат доранд. Аммо Фарқи асоси он аст, ки ҳар як яшт ба як йазат (Яздон, Эзит) мансуб буда, ба Аҳура Маздо, Ардвисура Анахито, Мехр (Хуршед), Бахром ва амсоли инҳо хос аст. Яшт калимаи хоси авестои буда, маънои ситоиш ва ниёишро дошта, ҳамагӣ 21 яшт то ба замони мо омада расидаанд. Дар ин қисми Авесто низ аз осотиру ривоятҳои кавмҳои эрони зиёд карда мешавад. Дар он зикр мегардад; « Худои бузург Урмузд (яъне Хурмуз.-А.А.) ин ҷаҳонро офаридааст.».[3] [4]

Вандидод[вироиш]

Вандидод аз калимаи форси миёнаи видевдат, ки аслан шакли вайроншудаи «ви даево датем» мебошад, ба вуҷуд омада, маънои қонуни зидди девонро дорад. Он аз 22 боб ибарат буда, ин бобҳо фаргард номида шуда , ба тариқи муколама иншо гардидаанд. Ин қисмати Авесто пурсишҳои Зардушт ва посухҳои Ахура Маздоро фаро мегирад. Дар вандидод роҷеъ ба Ахриман,бод,борон, сармо,гармо,кишварҳои офаридаи Ахура Маздо, асотир дар бораи Ҷамшед, Каюмарс ва ғайрахо нақл карда мешавад.

Ба фармудаи Ахура Маздо «Кассе ,ки гандум мекорад, тухми неки мекорад, вақте ки гандумро барои кӯфтан омода месозад, девонро арак пахш мекунад,вақте ки онро ба осиёб мебарад, девон безобита мешавад, вақте ки хамирро барои пухтан тайёр мекунад, девон аз тарс ба доду фигон меояд».

Виспарад[вироиш]

Виспарад аз калимаи авестои висператаво гирифта шудааст, ки маънояшро бо тоҷики имруза « ҳамаи доварон» гуфтан мумкин аст. Аз ҷиҳати мазмун ин қисман ба Ясно каробат дорад. Он дуоҳоеро фаро мегард, ки дар ситоиши Яздон ва ниёиш ба даргоҳи он хос буда, ҳангоми тоату ибодати зардуштиён тиловат мегардид. Виспарад аз 24 боб таркиб ёфта, он бобҳо карда номида мешавад. Ин қисмати Авесто нисбат ба Ясно ва Яштҳо хеле баътар танзим гардидааст. Дар виспарад Готҳо чун сурудҳои муқаддас ситоиш ёфта , хар чо-хар чо мисраъхо ва бандҳои алоҳидаи Готҳо иқтибос оварда мешавад.

Хурдак - Авесто[вироиш]

Хурдак – Авесто аз Ду калимаи Авестои хвартак ( хурдак ) ва апастак (Авесто) таркиб ёфта, баргузидаи тамоми авесто мебошад. Онро дар замони Шопури II Сосони (309-379) мубади мубадон Озарбади Махраспандонт дар 21 наск тартиб дода буд. Он ба ҳашт баҳш ҷудо мешавад. Хурдак –Авесто дуоҳоеро фаро мегирад, ки ҳар як пайрави дини зардушти онҳоро бояд бидонад ва ҳангоми ибодат ба забон ронад. Хамчунин, доир ба таквим, ҷашнҳо, одоби пушидани сару либос хабар медихад. Хурдак_ Авесто фушурдаи донишҳои ачдоди Моро аз таърих, ҷугрофия, ҳуқуқ, тиб ва монанди инҳо фаро мегирад. Метавон Хурдак-Авесторо қонуни ойини зардушти номид.


Авасто боқимондаи сурудҳо, достонҳо, ривоятҳо ва гуфтаҳои бузургони гузаштаи мо мебошад, ки таърихи бисёрхазорсолаи ориёиҳоро таҷассум менамояд. Авасто маҷмуаи маълумотҳои дини, фолклори, ҷугрофи, астраноми, биологи, ботаники, табиатшиноси, тибби, фалсафи, адаби, шеъри ва таърихист. Маънои калимаи Авасто чандон равшан нест. Дар адабиёти таърихи номи китоб Авасто, Асто, Усто, Апастак, Вистак ва ғайра навишта шуда ва авастошиносон онро китоб, илм, дониш маъни карданд. Авасто барои мо, тоҷикону эрониён, мукаддас аст, на барои он ки китоби динист, балки барои он ки осори қадимтарини хаттии гузаштагони мо ба ҳисоб меравад.Агар муаллифи наски (китоби) аввали он Зардушт бошад, пас муаллифони китобҳои боқимонда дигар бузургони мо буданд.

Ҳеч миллате дар ҷаҳон чунин асри гаронбаҳои таърихи надорад. Мо аз ин мефахрем, меболем ва бояд пайваста аз панду андарзхои он бахравар бошем, зеро маънавиёти миллати мо аз он сарчашма гирифтааст. Матни пурраи Авасторо дар замони забткорихо Искандари Макдуни сухтанд. Мувофики ахбори таърихи Авасто дар ду нусха дар 12 хазор пусти гов бо оби тилло навишта шуда буд ва яке дар хазинаи шохи дар Персеполис ва дигаре дар маъбад нигох дошта мешуд. Макдунихо касри шохро горат карда,баъд оташ заданд ва Авасто хамрохи дигар китобхои хазина сухт. Нусхаи дуюмро ба Юнон бурданд ва ончо нобуд гашт. Мувофики гуфтаи муаррихи юнони Плини, Авастои Зардушт китоби бузургтарин дар чахон ва аз 2 миллион байт иборат буд. Тахмин меравад, ки Плини ин маълумотро аз хамон нусхаи ба Юнон бурда гирифта аст. Баъди юнонихоро аз Ориёшахр рондан Портхо ба гирд овардани Авасто пардохтанд ва ин кор ба анчом расида буд ё не, мо намедонем.Ба хар холл Авасто дар замони Сосониён аз нав мураттаб мешавад. Аммо ба Сосониён аз 1200 боб 347 бобро баркарор кардан муяссар гардид. Азбаски Авасто бо лахчаи мардуми Бохтар навишта шуда буд, барои фахмидани вай лугати тафсирие тартиб дода шуд, ки он «Занд» ном дошт.Дар замони Сосониён мубадон Авасторо мувофики шархи Занд мефахмиданд. Тафсири пахлавии Занд аз 2094200 вожа иборат буд.

Авасторо дубора арабхо сузониданд.Дар асрхои VII-IX арабхо точиконро ба бефарханги таъна мезаданд ва ба иззати нафси онхо мерасиданд. Дар мукобил гурруи миллии онхо бедор шуд ва номи миллати худро точик-точдор аз нажоди пок муаррифи сохтанд ва ба тарчимаи осори хатти худ ба араби шуруъ намуданд.Дар замони халифа Маъмун, ки модараш аз точикони балх буд мубохисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд,ки дар он мубади зардуштибо Номи Озарфаранбаг ширкат дошт.Дар ин мубохиса Озарфаранбаг нисбат ба хамаи намояндагони динхои дигар дастболо шуд ва халифа ба у ичозат дод, ки дар бораи Авасто ва ойини Зардушт китобе мураттаб кунад. Озарфаранбаг ба навиштани китобе ба номи «Динкард» Сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро уро динжорони исломи куштанд. Навиштани «Динкард»-ро мубад Озарбод давом дода, ба охир мерасонад «Динкард» мухтасаран дарбораи бахшхои Авасто, аз чумлаи 21китоби замони Сосониён маълумот медихад.[5]

Дар хамин давра якчанд китобхои дигар монанди «Ардовирафнома», «Минуи хирад», «Бундахишн» ва дигар адабиёти зардушти навишта шуданд, ки мо аз онхо дар бораи ойини Маздаясно маълумот мегирем.

«Авесто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ[вироиш]

Алифбои авестои зоҳиран дар асри VI – аниқтараш дар замони Хусрави I (531-579) ба вуҷуд оварда шудааст. Матнҳои бозмондаи “Авесто”, ки қадимтарини онҳо ба асрҳои III ва IV таалуқ доранд, ба ҳамин китобати давраи охири сосонӣ мансуб мебошанд.

Китобати “Авесто” ба алифбои то замони мо расидааш аслан дар асоси нақш лафзи он сурат ёфтааст. Худи номи “Авесто” аз калимаи форсии миёнаи – apastak-, баъдан – abastav- ба маънии “асос” (ва ё мувофиқи тафсироти дигар “гузариш”, “дастур”, “қиёси”) ва ғайра аст, ки бевосита ба матни маҳфуз мондаи “Авесто” дар зарфи мавҷудияти чандин асраи худ борҳо кодификатсия шудааст.

Дар асри ХIХ ба сабаби инкишофи забоншиносии муқоисавии наздики забони “Авесто” бо забони қадими хуб омeхта шуда ва аз рӯи бисёр ёдгориҳои маълуми ҳиндӣ – ведоӣ (бо ин забон) “Ригведа” ва санскрит исбот гардид. Ҳамчунин пайдо шудани мифтоҷи дуввумии забони машҳури эронии қадим, форси қадим, мутоила ва барасии минбаъдаи адабиёти зардуштии пас аз авестоӣ ва истифодаи васеъи маълумотҳои забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоиро қайд кардан зарур аст.

Омeзиши забонҳои Эронии миёна, аз он ҷумла забонҳои мурда (хоразмӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ) ва забонҳои зиндаи Эронии Шарқӣ низ аҳамияти бисёр калон дошт. Ҳамаи ин кори тарҷумаи илмии “Авесто”-ро ҳанӯз мушкилоти зиёде дорад ва мeътабартарин мутахасисон ҳам баъзе ҷойҳои муҳими “Авесто”-ро ба таври мухталиф тарҷума мекунанд.

“Авесто”, ки аз маxмeи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат аст, муҳимтарин маъхази оид ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. Ҳоло ғайр аз теъдоди андаке дар Эрон, зиёда аз 100 ҳазор Зардуштиён зиндагӣ менамоянд, ки ононро одатан порсиён меноманд. Порсиён на танҳо дини қадима, балки матнҳои қадимии диниро маҳфуз медоранд.

Дар миёнаҳои асри ХVIII – Анкетил Дюреррони Франсавӣ, ки нисбат ба омeзиши дину мазҳабҳои қадим шавқу рағбати махсусе дошт, ба ҳиндустон сафар намуд. E назди мубадони порсӣ маросими дини ва хондани матнҳои қадмиро (ба дараҷаи мубадони баланд буданд) омeхт ва якчанд дастхатро харида гирифт. Ба ватан баргашта, баъдан у тарҷумаи Франсавии “Авесто”-ро бо мулҳақоти чанде аз матнҳои марбут ба он интишор дод. Ба воситаи ин корнамоии илмии ӯ маълумот дар бораи “Авесто” дастраси аҳли илми Европа гардид.

Муддатҳои зиёде “Авесто” мисли дигар ёдгориҳои динӣ ва ҳамосии ҳиндӣ ва эронӣ, ба таври шифоҳӣ, ки ягона нақш дақиқан маҳфуз мондан буд, нақл карда мешуд.

То ба вуҷуд овардани алифбои авестои ҳозиразамон матнҳои авестоие вуҷуд доштанд, ки бо алифбои дар асрҳои VI – V пеш аз милод дар Эрону Осиёи Миёна мустаъмоли ороми таълиф ёфта буданд.

Олимони имрӯза чунин маълумотро, яъне Аслан вуҷуд доштани “Авесто”-и замони хахоманишиёнро беасос мешуморанд ва баъзеҳо, ҳатто ба мавҷудияти матни ашконии “Авесто” ҳам шубҳа доранд. Вале, зоҳиран “Авесто”-и хаттӣ дар нимаи дуввуми давраи Гюрт (Парфия) ва яқинан оғози давраи сосонӣ вуҷуд дошт.

Баъдтар “Авесто” бо алифбо, ки махсус барои навишти он ихтироъ шуда буд, китобат гардид. Ин алифбо дар заминаи хаттӣ-паҳлавӣ (яъне, ҳуруфи китобҳои зардушти форси миёна), ки инкишофи яке аз намудҳои хатти ороишасос ба ҳисоб меравад, ба вуҷуд омадааст. Вале алифбои авестоӣ хеле зиёдтар (бештар аз ду баробар) ҳуруф, аз ҷумла 14 ҳарфи садонок дорад. Ин алифбо бо тамоми ҷузъиёташ коркардашуда имкон медод, ки матнҳои “Авесто” ба нигоҳ доштани тарзи талаффузи анъанавии ҷӯяндагони он аз давраи пайдоиши ин ёдгори хеле дақиқ ва саҳеҳ сабт гардад.

“Авесто”-и имрӯза аз китобҳои “Ясно” – “Назр” – “Ниёз”, маxмeи матнҳои маросимӣ; “Яштҳо” (“Яшт” – “Ниёиш” – “Ситоиш”), сурудҳо дар васфи худоёни дини Зардуштӣ; “Видевдат” – “Қонун” ба муқобили “Девон” (шакли баъдинаи нодуруст ҳоли “Вандидод”). Ғайр аз ин ба “Авесто” як чанд қисматҳои ҳаxман хурд ва камаҳамият дохил мешаванд. Ҳамин тавр “Авесто” на танҳо доир ба дини зардуштӣ, балки доир ба баъзе оину мазҳабҳои эронии қадим ва русумоти қабилавие, ки ба замони умумияти ҳинду- аврупоӣ дахл доранд, маълумот медиҳад.

Ба хамаи ин маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, “Авесто” муҳимтарин ва ягона маъхазест барои равшан намудани таърихи қадимтарини эрониёни шарқӣ, яъне мардуми Осиёи Миёна, Афғонистон ва он қисмати Эрон, ки дар шафати Осиёи Миёна воқеъ гардида аст.

Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти "Авесто"[вироиш]

Мачмуи нисбатан комилтари маълумоти «Авесто» дар масъалаи тавсифи чамъият асари В. Гейгер «Маданияти Эрони Шарқи дар аҳди бостон» мебошад 25. дар муддати пас аз соли 1882 и асар аз бисёр ҷиҳат кӯҳна шудааст, вале, мутаасифона, асаре хаммонанди он аз ҷиҳати дарбаргирии материал холо ба миён наомадааст. Ба ғайр аз диди нави филологи – лингвисти дар чунин асар маълумоти «Авесто»-ро мумкин аст аз назари комёбиҳои нави археологи тадқиқ кард. Умед аст, ки эроншиносон ва бостоншиносони мо дар солҳои наздик чунин асари заруриро ба вуҷуд меоранд.

Мухаккикон хусусияти чамъияти авестоиро тадқиқ намуда, чахорзина будани онро кайд намудаанд. Дар «Яшт»-и X, 115 оварда шудааст: «Сарвари динии хонадон «нманйа»: сарвари динии авлод – «висйа»; сарвари динии қабила – «зантума»; сарвари динии мамлакат – «дахйума»: сарвари олии дии – «заратуштротэма» номида мешавад26.

Ба хамин тарик, оила «нмана» ном дошт. Сарвари чунин оилаи патриархали кадхудо – «нманопати», яъне «худованди хона» буд, заи калони дар оила «нманопати» – «кадбону» омида мешавад. Мавкеи зиёдро ишгол кардани зани калони дар оилаи точикон, махсусан сокинони махалхои назди Помир, бо хукмронии хазорсолаи ислом нигох акарда то замони мо боки мондааст. Материалхои этнографие, ки дар мавзеъхои гуногуни Помир чамъовари шудаанд ба ин шаходат медихад.

Як далели дигар, вале гайримустакиме оид ба роли баланди занон дар Осиёи Миёнаи кадим мавчуд аст чунон ки маълумот аст, дар замонхои кадим хукмронии нохияхои Осиёи Миёна – Уструшон ва Сугд лакаби «афшин» доштаанд27. Таҷзия ва тахлили таърихию этимологии ин истилоҳро В. И. Абаев анҷом додаст. У тафсирхои кӯҳна ва дар ҳақиқат беасосро рад намуда, ин истилоҳро бо калимаи дар забони осетини бокимондаи afsin – «кадбону» макоиса намуд28.Ба акидаи В. И. Абаев занон – сарварони қабилаҳои сакои – массагети бояд хамин унвонро медоштанд. Аз онҳо ин истилоҳ баъдтар ба нохияҳои ҳамсояи Осиёи Миёна гузашта, нисбат ба мардони сарвар истифода шудааст29. Ба хамин тариқ, истилоҳе, ки дар байни осетинҳо маънии кадбонуро дошт, дар Осиёи Миёнаи қадим тадриҷа нисбат ба мардони ҳукмрон истифода гардид.

Дар матнҳои авестои калимаи «майа» аъзои оиларо ифода менамояд, дар баробари ин чунон ки И. Гершевия исбот кардааст, истилохи мазкур эзиди нигахбони хонадорониз ифода мекунад, ки мувофики тасаввуроти кадимии мардуми рус оми «парии хонаги»- ро гирифтааст. Хамчунин эзидони кабилави мавчуд буданд, ки онхоро «висйа» меномиданд30. амали ин эзидо кисман бо амалиёти фравашихо – фариштахои нигахбон вар ухи тамоми мавчудот мутобик мебошад31.

Ба хайати оила узвхои окисулхукук – вира, вайса ва парийатар низ дохил мешуданд. Вира маънии «мард», «сарбоз» - ро дорад, вале маънии «гулом» - ро из метавонад ифода кунад. Масалан, дар «Яшт» - и X, 28 оид ба Митра Сухан меравад, ки вай ба он хонадоне, ки хайрхох аст «галаву рама ва вирахои зиёд» яъе гуломонро такдим медорад. Умуман, хангоме, ки дар «Авесто» номбурда ва мукобилгузории чорпоён ва вира оварда мешавад, вира одатан гуломро ифода мекунад. Вайса ва парийатар тибки баъзе матнро ба хайати оила хамчун узвхои хурд дохил мешудаанд32. Иттиходияхои нисбат ба оила калонтар аз риштаи падари «нафа» ном доштанд. Онхо сохиби замини кишт, чарогох ва дигар дороии дигари умуми буда, моликияти аъзои иттиходияро риштахои хамраъи ва кафолат ба хам мепайваст. И гуруххо хеле бузург буданд ва наздики 100 марди комилхукук ба он дохил мешуд. Оид ба мавкеи чунин гуруххо, аз чумла, гилаи Зардушт шаходат медихад: «Бизоатмандон ва муттафикон аз ман ру тофтанд, чамоа нисбат ба ман номехрубон аст, хамчунон ки шахриёрони дуругпарасти кишвархо номехрубонанд» («Ясно»-и 46,1)33.

Кабила («вис») аз якчанд гуруххои бизоатманд иборат буд, сардори кабила «виспати» ном дошт. «Вис» на танхо кабила, балки маскани ахли кабила – дехро низ ифода мекард дар аввал, зохиран, ин макони зист аз якчанд хонадон иборат буд. Баъдтар вай батадрич хусусиятхои чамоаи кашоварзиро сохиб шудааст34.

Чавонон хангоми ба камол расида (овони 15 – солаги) маросими иртикаро ба дин ва чамоа мегушатанд. Дар мачлиси гурухи бизоатмандон ба онхо камарбанд ва пирохани мукаддас бахшида мешуд. Ба ин амал хамчун таваллуди дувуми» инсон назар мекарданд. Танхо пас аз ин чаввон узви комилхукуки чамоа мегардид, дар маросимхои дии иштирок менамуд, ухдадориро гирифта ва акди никох баста метавонист.

Аксари масъалахои хонаводаро шурои кабила, ки сарварони гуруххои бизоатманд ба он дохил мешуданд, хал мекард. Шуро масъалахои хаёти дохили, истехсоли ва чамъиятии марбут ва анчоми вазоифи дини ва хукуки, гайр аз ин масъалахои муносибат бо кабилахои дигарро хал менамуд.

Мувофики матнхои “Авесто” дар чамъияти онзамона тафрикаи ичтимоию молумулки хеле васеъ инкишоф ёфта буд.Дар боло мо ба ғуломон ишорат кардем. Дар қисматҳои муҳталифи “ Авесто” ба катхдоёон ва шахсоне ишора мешавад,ки галаву рамаи фаровониро сохибанд.Чорво боигарии асоси ба хисоб мерафт, вале маълум аст, ки боигарии дороён натанхо чорво, балки замину сарватхои дигар низ буд.

Дар “Авесто” гуруххои “ ичтимои-касби “ ба монанди рухони ,сарбозу дучархасавор, ва (як бор) хунарманд номбар мешаванд. Баъзе олимон акида доранд, Ки таксимоти ичтимои ба давраи умумияти хиндуэрони дахл дорад ва аз ин сабаб кобили таваччух нест ; дигарон бошанд ,ба даври асоснок муътакиданд ,Ки он инъикоскунандаи хакакати (дар замони пайдоиши «Авесто» ва баъдтар ) вучуддоштаи таърихи мебошад,аз ин ру ,хангоми тачдиди чамъияти «Авесто» бояд ба мадди назар дошта шавад.

Дар баробари мардуми одди чамъият дорои «родмардон» ва «ашрофон»буд.Яке аз истилохот ба маънии «родмард», «ашрофон» - «азата» («асилзода») аст.Аксари вай сарвари виса (кабила ) ва оилаи худ мебошад. Тахлили тачзияи комили этимология ва эволюцияи калимаи «азата»-ро Г.Бейли анчом додаст.Дар забони форси миёна –пахлави он маънои «озодаи хонадони шох» , «родмард» , «озодасл»-ро дошт.

Аз хамин чо калимахои точикии «озод» ва «озода» сар задааст ,Ки яке аз маънихои он «род» , «начиб» аст. Истилохи дигари «Авесто» барои ифодаи «ашроф» «асна» мебошад.

Кабила – занту ,зохиран,мавкеи нисбатан хурдтарро ишгол менамуд .Дар баробари ин баъзе порчахоро аз шурои «бехтарин мардумон» иттилоъ медиханд .Истилохи ифодакунандаи ин гунна шурохо «ханчамана» буд ,Ки дар забони точики ба шакли «анчуман» боки мондааст.

«Вилоят» ва «мамлакат» , ки аз якчанд нохия иборат буд ,дар «Авесто» «дахйу» ном дорад. И.М.Дяконов дуруст кайд мекнад, ки «равшан кардани маънии ин истилох мушкил аст» . Аксаран дар кисматхои кадимтарини «Авесто» «дахйу» ба маънии хамон гуна «давлатчахое» буд ,ки тибки манбаъхои ошури , дар мидия вучуд доштанд ,яъне иттиходияхои минтакавие буданд, ки на хамчун давлат ,балки хамчун ташкилотхои бузурги кабилави амал мекарданд В. А. Лившиц хаккони хотиррасон мекунад , ки дахйу «пеш аз хама ,мафхуми худуди ва географист,Ки дар он умумияти этники хеле зиёд аст, вале он холо дар таркиби давлати ташакулёфта вохиди маъмури нест» .

Дар сари «дахйу» «дахйупати» меистод. Аз шахсони дигаре, ки хокимият дар дасташон буд, «састар»(«хукумрон», «хоким»)-ро ном бурдан мумкин аст, Ки хукмаш ба ин ё он махал равон буд.

Дар «Авесто» барои ифодаи маънии иттиходияи нохияхо истилохи «дахайусасти»- «хокимият бар нохияхо» мавчуд аст.

Сардори чунин иттиходия «дахйупатии тамоми дахйухо» -« Хокими тамоми нохияхо» буд ; вай хукуки яккахокимияти надошт , чунки ба гайр аз у «дахйунам фратэмадато» - «шурои бузургон»-и иттиходияи нохияхо низ фаъолият мекард. Зохиран , хокимияти «дахйупати» -хо ва ,хатто «хокими тамоми нохияхо» махдуд буд ва шуро бар хокимияти онхо назорат мекард.

Тахлили «Готхо» аз ҷихати ичтимои –сиёси ( дар ин бобат корхои В.И. Абаев ва И.М. Дяконов мухиманд ) нишон медихад,ки онхо инъикоскунандаи холату авзои ҷамъияте мебошанд, ки дар остона ва ё дар огози офариниши давлат аст.

Чамоаи дар «Готхо» тасвир шуда аз торочгари , тохтутози вахшиёнаи хамсоягон, горат шудани чорпоён ба дод омадааст. «Готхо» ба зиндагии орому осоишта ва мавчудияти маконхои гул –гулшукуфон бо сарварии шохони «хуб» , даъват мекунанд .Хамаи ин тагироти бузурги ичтимоиро талаб мекард ,ки чараёни онхо дар он замон хеле тезутунд буд .Ин холатро низ ба назар гирифтан зарур аст.ки «дар давраи авали чамъияти синфи мавкеи халкунандаро дар байни синфи хукумрон хамеша аъёну ашрофи кабила – пешвоён ва рухониёне ,ки дар заминаи сохти чамоати ибтидои ба миён омада будаанд, ишгол мекард. Аммо давлати муттахида танхо анъанахои кабилави ва хукумронии олигархиро ,ки бо решахои махлли ва чамоавии худ пуркувват буда ва аз ин вачхо доимо чудоиталаб аст ; аз миён бардошта , ба вучуд омада метавонад».

Ба хамин тарик , муносибатхои ичтимои – сиёсии давраи мазкурро дар Осиёи Миёна хамчун муносибатхои гузариш аз сохти ибтидоии чамоати ба сохти чамъиятии синфи маънидод кардан мумкин аст. Чамъоати кабилави аз байн рафта , чамъоати дехот ба миён меомад . «Оилаи чудогона вохиди хочагии чамъият шуда мемонад»- гуфтааст Ф.Энгелс. Асоси чамъоати дехотро бар хилофи чамоати кабилави ,на муносибатхои кабилави ,балки алокахои хочаги ва территорияви иашкил мекарданд .Дар таърихи мардуми Осиёи Миёна чамъоати дехот роли калоне бозида ,асархои аср пояндаву баркарор будааст. « Истибдоди шарк ива хукумронии истилогарони бодиянишине ,ки чои якдигарро мегирифтанд,дар давоми хазорхо сол бо ин чамоахои кадими ягон коре карда натавонистаанд» ,- кайд мекунад Энгелс «Анти –Дюринг» .

Дар дохили обшина тадричан нобаробарии молумулки меафзуд .Гуломдории патриархали инкишоф меёфт . Дороён ва камбагалон пайдо мешуданд. Мавкеи сипахсолорон хамчун шахсони доиманд сохибмансаб баланд мегардид. Вале хокимияти онхоро шурои кухансолон ва мачлиси кабилави махдуд мекард. Зарурати иттиходияи кабилахо ба миён меомад .

Чунон ки Ф.Энгелс кайд мекунад ,лашкаркашихои горатгарона мавкеи сипахсолорон ва пешвоенро боз хам баланд менамуд. Чанг бо максади горатгари касбу кори доими мегардад. Сипахсолори Оли ва дастёрони вай аъёну ашрофи мероси шуда мемонанд, «демократияи табиии сохти ибтидои ба аристократияи нафратовар» мубаддал мегардид.

Мутобики шароити мухталифи истехсолот дар минтакахои сахрои ва водихо дар огози хазораи I пеш аз милод ду намуди хочаги –кучманчиги, чорводори дар сахро ва мукимнишинии, заминдори дар вохаву водихои сероб ташкил гардиданд. Ба хамин тарик,аз даврахои кадимтарин дар Осиёи Миёна холате баркарор гардида буд ,ки дар бораи он К .Маркс навиштааст: «Дархамаи кабилахои Шарк аз сарогози таърих дар байни мукими будани як кисми онхо (кабилахо .-Б.Г.) ва кучманчигии давом кардаистодаи кисми дигар таносуби умумиеро дидан мумкин аст).[6] [7]

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998.

Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,201

Эзоҳ[вироиш]

  1. Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998.
  2. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
  3. Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998.
  4. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
  5. Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998.Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
  6. Бобоҷон Ғафуров.Тоҷикон.Китоби I-II. - Душанбе, Ирфон, 1998.
  7. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.