Аличури Ҷанубӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаторкӯҳи Аличури Ҷанубӣ
Мушаххасот
Дарозӣ150 км
Паҳно30 км
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ5 706 м
Макон
Системаи кӯҳӣПомир 

Аличури Ҷанубӣ — қаторкӯҳ дар Помири Шарқӣ. Аз ғарб ба шарқ қариб 140 км тӯл кашида, водии дарёҳои Аличур ва Помирро аз ҳам Ҷудо мекунад. Баландиаш ба ҳисоби миёна 4500 – 5000 м, нуқтаи баландтаринаш 5706 м (қулла Қизилдунгӣ). Аз граниту гнейсҳо ва варақасангҳои кристаллӣ таркиб ёфтааст. Масоҳати пиряхҳояш тақрибан 30 км2. Дар нишебиҳои қаторкӯҳ осори пиряхҳои қадимӣ боқӣ мондаанд; рустаниҳои баландкӯҳи биёбонӣ ва хорбуттаҳо мерӯянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]