Помир
Аз Википедиа
Помир (форсӣ: پامیر) — кӯҳистонест дар ҷануби Осиёи Миёна ва дар сарзамини Тоҷикистон (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҷой дорад.
Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ ба баландии 7495 м мебошад. Ин қулларо аз соли 1932 то соли 1962 қуллаи Сталин ва аз соли 1962 то соли 1998 қуллаи Коммунизм меномиданд. Аз дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлолият (7165 м то июли 2006 - қуллаи Ленин), қуллаи Абуалӣ ибни Сино(6940 м, то июли соли 2006 – қуллаи Революция) ном доранд.