Ардашери II

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ардашери II

Таваллуд 436 то м.
Даргузашт 358 то м.
Мадфан
Дудмон Ҳахоманишиён
Падар Дориюши II[1][2]
Модар Parysatis[d][1][2]
Ҳамсар Stateira[d]
Фарзандон Ардашери III[1], Rhodogune[d], Atossa[d], Arsamès[d], Опомо ва Amestris[d]
Эътиқод маздаясно
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ардашери II (порсии бостон: 𐎠𐎼𐎫𐎧𐏁𐏂; 436 то м.358 то м., Тахти Ҷамшед, устони Форс) — даҳумин шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ (404—359 пеш аз мелод), писари бузурги Дориюши II.

Ҳукмронӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ардашери II солҳои 404—360 то мелод ҳукмронӣ кардааст. Баъд аз марги падараш Дориюши II бар тахт нишаст. Дар ибтидои ҳукмрониаш бародараш Куруш ба ӯ сӯиқасд кард, аммо вай бо дахолати модараш Курушро танбеҳ надод ва ӯро ҳокими Осиёи Хурд таъйин намуд. Дар соли 401 то мелод Куруш қиём кард ва бо якчанд ҳазор мардони ҷангии юнонӣ бар зидди Ардашери II лашкар кашид. Дар ҷанги байни ин ду бародар Куруш кушта шуд ва беш аз даҳ ҳазор муздурони юнонӣ ба ватанашон баргаштанд. Соли 378 то мелод байни давлатҳои юнонии Афина ва Спарта ҷанги пуршиддате рух дод. Бо дахолати Ардашери II байни давлатҳои номбурда ҷанг хотима ёфт ва байни онҳо аҳднома баста шуд, ки тибқи он давлатҳои юнонӣ мебоист ҳар кадом дар умури дохилии худ мустақил бошанд ва бар зидди якдигар иқдом накунанд. Давлати Спарта ба дарбори Ардашери II сафир фиристод ва қарор шуд, ки Қибрис (Кипр) дар ихтиёри Ҳахоманишиён боқӣ монад. Ардашери II нахустин подшоҳи Ҳахоманишиён аст, ки дар катибаҳояш бо номҳои Митро ва Аноҳита зикр шудааст. Зоҳиран ӯ дӯстдори ин ду олиҳа, бахусус Аноҳита буда, дар ноҳияҳои гуногуни Эронзамин барои ӯ маъбадҳо бунёд кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]