Аспгирак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСПГИРÁК — бозии қадимии тоҷикӣ, ки байни бачагон маъмул аст. Асосан дар мавсими баҳору тирамоҳ баргузор мешавад. Миқдори бозигарон набояд аз ҳад зиёд бошад. Аспгирак дар майдонҳои кушод ва бе истифодаи асбобе сурат мегирад. Роҳбари бозӣ бозигаронро дар як ҷой ҷамъ карда, аз байнашон як баранда таъйин менамояд, ки дар айни ҳол шахси мукофотдиҳанда низ ба шумор меравад. Дар як тарафи майдон бачагон саф кашида, дар тарафи дигар дар масофаи 60–70 метр ҷойи мукофотдиҳанда таъйин мегардад. Барои назорат роҳбари дигаре низ интихоб мешавад. Аз пеши бозигарон як хатти дароз мекашанд, ки гузаштан аз он мумкин нест. Бо фармони якуми роҳбар ҳамаи бозигарон омода ва ба фармони дигар якбора ба марраҷо (яъне ба тарафи мукофотдиҳанда) медаванд. Ба бозигаре, ки аввалин шуда ба марра мерасад, роҳбари бозӣ мукофот месупорад. Баъд бозигарон ба ҷойи аввалӣ бармегарданд ва дар ҳолати пешина меистанд. Ҳамин тавр бозӣ давом меёбад. Аспгиракро бо гурӯҳҳо ҳам бозидан мумкин аст. Дар бозӣ қоидаҳои муайян вуҷуд доранд, теладиҳӣ ва қасдан доштани бозигари дигар ва ғайра мамнӯъ аст. Ин бозӣ дар иштирокдорон малакаи давидан, тез ҳаракат карданро ҳосил намуда, онҳоро ба интизом ва боиродагӣ даъват мекунад.

Бозии халқии бачагонаи тоҷик, ки дар байни бачаҳои хурдсол ва миёнсол гузаронида мешавад. Барои бозӣ чӯбҳои дарозиашон 1-1,2 метраро ҳамчун «асп» интихоб мекунанд ва ба қисмати болоии он ресмонеро ба мисли лаҷоми асп мебанданд. Иштирокчиёни бозӣ дар майдони кушод ё роҳи холӣ, дар хатти ибтидо паҳлӯи ҳам меистанд. Бо фармони довар бачаҳо ба асп савор шуда, ба сӯйи марра метозанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Турсунов Н. Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ. Д., 1961. 2.Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Душанбе, 1983. 3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 172