Афсантин

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Artemisia absinthium P1210748.jpg

Афсантин ва ё Тахач (лотинӣ: Artemisia absinthium), тихач, дарманаи румӣ, афсантин, гиёҳест бисёрсола. Аз 50 то 125 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги сегӯша, гули заъфарон дорад. Моҳҳои июн – сент. гул карда, авг. – сент. тухм мебандад.

Тахач дар назди истиқоматгоҳҳо, заминҳои партов, киштзор, боғу полиз, саҳро, қад - қади ҷӯйбор, канори роҳ мерӯяд. Дар мавзеъҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 800 – 3300 м аз с.б.) вомехӯрад.

Тахач растании доруист. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино афсантин давои хуби иштиҳоовар мебошад. Агар ҷӯшоб ё шираи онро муддати 10 рӯз рӯзе 3 уқиягӣ нӯшанд, барои заъфарма, обхӯра ва вараҷаи кӯҳна муфид аст. Абӯалии Сино бо афсантин бемориҳои ҷигар, бавосир, гулӯдард, варами чашм, гӯш, омосҳо ва ғайраро табобат мекард. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби сабадаки Т. барои табобати захми меъдаву рӯда, ҷигару заҳрадон, бавосиру табларза ва чун давои киҷҷарон, арақовар, хобовар, табшикан истифода мешавад. Нақеъи омехтаи гули Т. ва зарпечакро ҳангоми камхунӣ ва саръ менӯшанд.

Ба дарун истеъмол кардани Т. гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, иштиҳо меоварад, хилти сафро, зардоб ва дигар моддаҳои талхро, ки дар меъда шах шуда бошанд, бо воситаи пешоб хориҷ мекунад; рагҳои узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои ғайрӣ пок мекунад. Агар инро бардавом бо зарпечак якҷо бихӯранд, хилти савдоро ҳам ронда, баданро аз он пок менамояд ва барои дарди сар, каҷ шудани рӯй, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), карахтии узвҳо, ларзак, саръ, сакта, дар хоб сиёҳӣ зер кардан, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, молихулиё, лисарғус (летаргия), бемориҳои чашм, гӯш, даҳан, ҳалқ, меъда, ҷигар, талхадон, сипурз, бачадон, бавосир, дарди асабҳо, мондагӣ, гирдак-гирдак рехтани мӯи сар ва риш, дафъ кардани таъсири заҳри хӯрдашуда ва газидани ҷонварони заҳрнок даво мешавад, меъдаро қувват медиҳад, ба таом иштиҳо меоварад; пешоб, ҳайз ва ширро равон мекунад; ҳамаи навъҳои кирми шикамро, аз ҷумла кирми кадудонаро низ мекушад.

Агар Т.-ро дар об ҷӯш дода, бо он об ғарғара кунанд, каҷ шудани рӯйро сиҳат мебахшад. Оберо, ки дар он Т. ҷӯшонида шуда бошад, бо асал даромехта биёшоманд, каҷ шудани рӯй, фолиҷ, сусту нотавон гаштани узвҳо, ларзак, саръ, сакта, дар хоб сиёҳӣ пахш кардан – барои ҳамааш дору мебошад. Чун ба каси фолиҷзада, ки дар меъдааш ахлоти гарми аз чизҳои хӯрдашуда ҷамъ гашта бошад, Т.-ро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшонанд, он ахлоти зарарнокро дарҳол хориҷ мегардонад. Т.-ро дар об ҷӯшонида, он обро соф намуда, бо сабир (алоэ) бихӯранд, чарх задани сар ва сиёҳ задани чашмро, ки аз бисёрии балғам ва сафро ба зуҳур омада бошанд, ислоҳ мекунад. Агар инро дар об як шабонарӯз тар карда, баъд он обро соф намуда бинӯшонанд, лисарғусро ҳушёр мекунад. Чун гиёҳи хушки онро кӯфта, дар латтаи зағирпоя баста, баъд онро дар оби гарм тар карда, ба чашме, ки дар он нуқтаҳои сурх муддати дароз боқӣ монда бошад, гармбандӣ кунанд, онро дафъ месозад. Т.-ро гард барин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, дарди чашм ва пардаи бегонаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад. Т.-ро дар об ҷӯшонида, он обро соф намуда, бар болояш равғани бодоми талх рехта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд ба ҳадде, ки об батамом бухор шуда раваду равған бимонад. Ин равғанро бо камтар заҳраи буз даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, боди даруни гӯшро, ки дар даруни гӯш ҷарангҳои гуногунро ба амал меоварад, таҳлил медиҳад ва агар дарунаш ҷароҳат дошта бошад, ҳамон дам пок мегардонад, инчунин кариро, ки ҳарчанд кӯҳна шуда бошад, дафъ мекунад ва бо ин ҳама омадани зардобро аз даруни он шифо мебахшад. Т.-ро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, дарди меъдаро шифо мебахшад. Агар дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, меъдаро қувват медиҳад; иштиҳои таом батамом барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад; барои дардҳои ҷанин, тиҳигоҳ, варамидани рӯ ва дасту поҳо, истисқо, дардҳои гуногуни буғумҳо, бемориҳои мақъад, ки ҳама аз сардӣ бошанд, давои хуб мегардад; мизоҷи вайронгаштаро ислоҳ мекунад, ҷигари сустро ба ҳолати эътидол меоварад. Агар Т.-ро дар об ҷӯшонида, ҳар рӯз то даҳ рӯз 100 г аз он об бинӯшанд, зардпарвинро шифо мебахшад ва агар аз бисёр шудани рутубат иштиҳо гум шуда бошад, барқарор менамояд. Т.-ро бо юнуқчаи зардак (говришқа) якҷо дар равғани зайтун пухта, аз рӯ гузошта банданд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад. Агар ин гиёҳро дар об ҷӯш дода, бо сирко сиришта, ба буғумҳое, ки аз гармӣ дард мекарда бошанд, бимоланд, ба ибро меоварад. Инро кӯфта, бо муми занбӯри асал ва равғани гулисурх сиришта, аз рӯ бимоланд, дарди тиҳигоҳ, дарди кӯҳнаи меъда ва дарди ҷигарро дафъ мекунад; бавосирро нафъ дорад, мақъади кафидаро сиҳат мекунад ва дарди онро низ таскин медиҳад. Т.-ро дар об ҷӯшонида, он обро бо биринҷи пухтагӣ ё бо наски пухтагӣ бихӯранд, ҳамаи кирмҳои шикамро кушта, берун меоварад, дарунро меронад; агар он обро бо сирко бинӯшанд, барои бавосир ва кафидани мақъад дору мешавад, инчунин моддаҳои гарммизоҷро, ки дар натиҷаи нӯшидани давоҳои гарммизоҷ дар меъда ҷамъ шуда бошанд, дафъ мегардонад. Дар тибби муосир нақеъи Т.-ро ҳангоми ихтилоли кори узвҳои ҳозима, зиёдшавии шираи меъда, халаю газаки меъда, бемориҳои ҷигару заҳрадон, камхунӣ, бехобӣ ва бӯйи бади даҳон истифода мебаранд. Бо равғани эфири Т. захмҳои гуногун ва сӯхтаро муолиҷа мекунанд.

Адабиёт[вироиш]

  • Ковалёва Н.Г., Лечение растениями, М., 1972;
  • Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
  • Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.