Аҳлии Туршезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳлии Туршезӣ
форсӣ: اهلی ترشیزی
Номи пурра Юсуф ибни Муҳаммад ибни Шаҳоб
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1527[1]
Маҳалли даргузашт: Табрез
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Аҳлии Туршезӣ (форсӣ: اهلی ترشیزی‎; Юсуф ибни Муҳаммад ибни Шаҳоб; ?, Туршез — 1527, Табрез) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз аҳли Туршези Хуросон буд, аз ин ҷост, ки баъзан бо номи Аҳлии Хуросонӣ низ ёд мешавад. Шеърҳояш дар Ҳиндустон интишор ва мавриди мутолиа қарор доштанд. Дар дарбори Ҳусайни Бойқаро ва Алишери Навоӣ хидмат мекард. Дар охирҳои ҳукмронии онон ба Табрез рафт ва дар камонкашӣ машҳур гашт. Ба ҷавонони Табрез камонкаширо таълим медод. Дар поёни умр гӯшанишин шудааст. Дар баъзе манбаъҳои адабӣ Аҳлии Туршезиро бо Аҳлии Шерозӣ (ҳар ду ҳамзамон буданд) як шахс пиндоштаанд.

Аҳлии Туршези шоири соҳибдевон буда, дар байни аҳли адаб «Соқинома»-и ӯ машҳур аст. Соли 1506 асари Абулҳасани Байҳақӣ «ал-Мавоҳиб-уш-шарифа фӣ маноқиби Абуҳанифа»-ро аз арабӣ бо номи «Тӯҳфат-ус-салотин» тарҷума ва ба форсӣ назм карда буд. Дар ғазал ба Абдурраҳмони Ҷомӣ пайравӣ мекард.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунае аз эҷодиёти Аҳлии Туршези
Маро гар ҷон равад, аз меҳри он маҳ барнадорам дил,
Ки ҷон додан бувад осону дил бардоштан мушкил.
Чу оям ҷониби кӯи ту, сад манзил яке созам,
Агар берун равам, дар ҳар қадам сад ҷо кунам манзил.
Пас аз умре чӣ бошад, гар кунӣ ёди гирифторе,
Ки дар умри худ аз ёди ту як соат нашуд ғофил.
Маро гӯянд: «Мушкилҳои ишқ аз сабр бикшояд»,
Агар будӣ маро сабре, набудӣ кори ман мушкил.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Record #20965542 // VIAF(бис.)[Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]