Бадрӣ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадрӣ (шоир)
Навъи фаъолият: шоир

Амир Пӯлодхоҷа ибни Девонахоҷаи Бадрӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷики садаи 16.

Дар шаҳри Самарқанд илмҳои мутадовили замонро аз худ кардааст. Ӯ мувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ соли 1605 ҳокими яке аз вилоятҳои тобеи Насаф будааст. Аз осораш ғазалҳо, рубоиҳо ва абёти пароканда боқист. Рубоии зерин аз ӯст:

Он лоларухи суманбари мушкинхол
Чидаст зи ман ба ноз домони висол.
Маҳрум зи васли ӯ чунонам, ки дигарон,
Бовар накунам умеди васлаш ба хаёл.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Каримов У. Адабиёти тоҷик дар асри XVI. Д., 1985.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]