Барқиёруқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барқиёруқ
тур. Berkyaruk
Султони хонадони Салҷуқӣ
1094 — 1105
Пешгузашта Маҳмуд
Ҷонишин Маликшоҳи II

Таваллуд 1080
Даргузашт 2 декабр 1104[1]
Дудмон Салҷуқиён
Падар Malik-Shah I[d]
Модар Zübeyde Hatun[d]
Фарзандон Malik-Shah II[d]
Эътиқод суннӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абулмузаффар Рукнуддин Барқиёр ибни Маликшоҳ (тур. Berkyaruk - "Барқи устувор", ар. أبو المظفر بركياروق بن ملكشاه‎) — яке аз салотини хонадони Салҷуқӣ, писари султони маъруфи Салҷуқиён — Ҷалолуддин Абулфатҳ Маликшоҳ ибни Муҳаммад (1055—1092).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Барқиёруқ ҳангоми ваф. Маликшоҳ 13-сола буд ва дар Исфаҳон иқомат дошт. Турконхотун — ҳамсари Маликшоҳ, ки моиндари Барқиёруқ буд ва нуфузи зиёде дар дарбори Салҷуқиён дошт, писари хурдсоли худ Маҳмуд ибни Маликшоҳро (тав. 1088) мехост ба тахти салтанат нишонад. Аз ин рӯ дастур дод, ки Барқиёруқ-ро ба зиндон афкананд. Аммо хидматгорони хосси Низомулмулки Тусӣ, ки дар Исфаҳон нуфуз доштанд, алорағми Тоҷулмулки Шерозӣ, ки рақиби Низомулмулк ва ҳамдаст бо Турконхотун буд, шӯриданд ва Барқиёруқ-ро аз Исфаҳон берун бурда, дар Рай ба тахт шинонданд. Дар ҷанге, ки миёни Турконхотун ва Барқиёруқ дар наздикии Буруҷерд соли 1092 рух дод, Барқиёруқ пирӯз шуд ва пас аз муддате пойтахти давлат — Исфаҳонро ба муҳосира гирифта, дар ҳамон сол ба тахт нишаст. Барқиёруқ дар қиёс бо падар ҳокими заиф ва беирода буд. Замони ҳукумати Барқиёруқ мусодиф ба айёми нооромиҳо дар кишвар аст. Ин замон буд, ки Муҳаммад ибни Сулаймон (набераи Чағрибеги Салҷуқӣ) алайҳи Барқиёруқ дар с-ҳои 1096-97 исён бардошт. Дар ин исён Муҳаммад ибни Сулаймонро Иброҳими Ғазнавӣ бо филони ҷангӣ ва сарбоз таъмин менамуд, ба шарте ки дар сарзаминҳои ишғолкардааш хутба ба номи Иброҳим хонда шавад. Барқиёруқ ин исёнро фурӯ нишонд. Бо вуҷуди ин ки дар с-ҳои 1098-99, дар ох. ҳукумати Иброҳими Ғазнавӣ ҳайате аз сафирон бо сарварии донишманди маъруф Абулҳасани Табарӣ мулаққаб ба Алқиё барои музокира ва барқарор кардани муносиботи дӯстона ба дарбори Барқиёруқ фиристода шуд ва Барқиёруқ ин ҳайатро хуш пазироӣ намуд, мудохилаи Ғазнавиҳо ба умурии идории Салҷуқиҳо, ки ҳар замон барои тоҷу тахт даргири ҳамдигар мешуданд, идома дошт. Барқиёруқ салтанати худро дар ҳимоят ва тадбири андешидаи писарони Низомулмулк медонист. Аммо Барқиёруқ бо онҳо созгорӣ карда натавонист ва боиси ранҷишаш гардид. Яке аз писарони Низомулмулк бо номи Муъидулмулк, ки сахт аз Барқиёруқ ранҷида буд, ба Ганҷа назди Муҳаммад — писари дигари Маликшоҳ рафт ва ӯро ба мухолифати вай барангехт. Байни ду бародар тайи се сол панҷ набард рух дод ва оқибат кор ба сулҳ анҷомид. Дар ин муоҳидаи сулҳ, ки с-ҳои 1102-03 байни онҳо баста шуд, муқаррар гардид, ки Озарбойҷон, Аррон ва Арманистон аз они Муҳаммад бошад ва Ироқу Исфаҳону Ҷибол таҳти фармони Барқиёруқ қарор гирад. Бад-ин гуна қаламрави ҳукумати Салҷуқиён таҷзия шуд. Дар нотавон гардидани ҳукумати Барқиёруқ инчунин мавҷи қудратхоҳии амлокдорон, мухолифати шадиди ҳашшошиён ва кашмакашиҳои дарбориён таъсиргузор буд. Барқиёруқ дар 27-солагӣ дар роҳи Бағдод ба шиддати бемории сил, ки аз хурдсолӣ мубталои он буд, соли 1104 вафот кард. Писари чаҳорсолаашро, ки Маликшоҳ ибни Барқиёруқ ном дошт ва баъд аз ӯ ба салтанат нишаст, бародари Барқиёруқ Муҳаммад ибни Маликшоҳ барканор кард ва қудрати идории ҳукумати Салҷуқиёнро ба даст гирифт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Босворт К. Э. Мусульманские династии. Справочник по хронологии и генеалогии // Перев. с. англ. и примеч. П. А. Грязневича. М., 1971;
  • دهخدا. ج. ۱۰. تهران، ۱۳۴۳ هـ. ش؛
  • عبدالحسین زرینکوب. تاریخ ایران ار آغاز
  • تا سقوت سلطنت پهلوی. چاپ پنجم. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش؛
  • بندارئ اصفهانی. تاریخ سلسلۀ سلجوقی. تهران،۱۵۳۶ شاهنشاهی؛
  • زهیرالدین نیشاپوری. سلجوقنامه. تهران، ۱۹۵۴.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]