Бахтиёр Аминӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бахтиёр Аминӣ
Пеша шоир

Бахтиёр Аминӣшоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахтиёр Аминӣ 31 марти соли 1975 дар деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дохил шуда, соли 1997 хатм кардааст. Аз даврони донишҷӯӣ машқи тарҷумонӣ карда, солҳои 1996-1997 тарҷумони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх будааст. Солҳои 2000-2009 директори генералии ҶММ «Алфа» (Маскав), солҳои 2009-2012 директори генералии ҶДММ «Солор» (Душанбе) будааст. Алҳол директори ҶММ «Матбуот-пресс» аст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Никоҳи нигоҳ» (1994) ном дорад. Маҷмӯаҳои дигари ашъораш «Ба дунболи чашмҳо» (2014) ва «Твоя модная улыбка» (Одесса, 2014) мебошанд. Намунаҳое аз шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Озодагон», «Дайри муғон», «Помир» ва ғ. ба табъ расидаанд. Чанде аз шеърҳояш ба забонҳои инглисӣ, булғорӣ, итолиёвӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 38-39 ISBN 978-99947-2-379-9