Бег Сабур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бег Сабур
Зуҳуров Бег Сабурович
парчам
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали 2011
парчам
Муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2006 — 2011
парчам
Муовини Вазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2005 — 2006

Таваллуд 1 октябр 1962(1962-10-01) (61 сол)
Фарзандон Рамз, Сиёвуш
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои педагогика

Бег Сабур (пештар Зуҳуров Бег Сабурович[1]; тав. 1 октябри 1962, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2011). Номзади илмҳои педагогика (2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бег Сабур 1 октябри соли 1962 дар ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1983 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори фанни физика ва астрономия хатм кардааст.

Соли 1988 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Маскавро ба итмом мерасонад.

Соли 2002 ба Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия дохил шуда, соли 2004 факултаи давлатӣ ва мунисипиалӣ-идоракуниро бо ихтисоси мененҷери идоракунии давлатӣ хатм кардааст.

Оила[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Фаъолияти меҳнатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро соли 1988 аз Омӯзгори Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, минбаъд омузгор, аспиранти Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Маскав, ҳамчунин Раиси ҷамъияти тоҷикони «Осмон» дар шаҳри Москва ва баъдтар ба ҳайси Раиси тоҷикони Федератсияи Россия интихоб гардид.

Солҳои 2000—2005 дар мансаби Директори генералии Ширкати саҳҳомии «Восеъ», ҳамзамон Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ташкили иттиҳодияи тоҷикони Русияи шаҳри Маскав кор кардааст.

Аз солҳои 2005—2006 Муовини Вазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини аввали онро ба уҳда дошт.

Солҳои 2006—2011 Муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2011 то ҳол дар мансаби Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида фаъолият менамояд.

Президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон (2015-2022).

Мукофоту медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои фаъолияти кориаш бо медали ҷашни «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]