Бедоди Истаравшанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бедоди Истаравшанӣ
Маҳалли даргузашт: номаълум
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Бедоди Истаравшанӣ (форсӣ: بیداد استروشنی ‎, с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри XIX).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш Истаравшан ба таҳсили ибтидоӣ шурӯъ кард ва хатту савод баровард. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Дар назди шоирон ва донишмандони маъруф Саййидолимхоҷаи Ҳотифӣ, Лисонии Хуҷандӣ ва диг. илм омӯхтааст. Аз Комилхоҷаи Накҳат доир ба шеъру шоирӣ ва улуми адабӣ сабақ мегирифт. Тазкиранигор Ҳашмат дар «Тазкират-уш-шуаро» (тазкираи дуюмаш) аз Бедоди Истаравшанӣ чун шоири баркамол ва беҳтарини замон ёд мекунад. Тибқи иттилои ин манбаъ вай дафтари ашъор доштааст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]