Истаравшан
| Истаравшан | |
| [[Акс:{{{Харита}}}|center|200px]] | |
| Нишон {{{Нишон}}} |
|
| Вилоят: | Суғд |
|---|---|
| Замони таъсис: | {{{Замони таъсис}}} |
| Шаҳр аз: | Истаравшан |
| Координатаҳо: | ?? с.ш.; ?? в.д. |
| Иқлим: | |
| Масоҳат (га): | 1,830.09 км мук. |
| Паҳноӣ(км): | {{{Паҳноӣ}}} |
| Дарозӣ (км): | {{{Дарозӣ}}} |
| Аҳолӣ, ҳазор нафар: | 199,000 |
| Коди телефонӣ: | +992 {{{Коди телефонӣ}}} |
| Нишонаи почта: | 735610 |
| Вақт: | UTC +5 |
Истаравшан - маркази ноҳияи Истаравшан ва яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Курушкада, Киропол, Уструшана, Суйдуйшана, Уротеппа баъзе аз номҳои пештараи ин шаҳр буданд.
Ҳар шаҳр мисли ҳар як инсон тақдиру сарнавиштҳои қазову қадар, симову чеҳраи махсуси худро дорост. Таърих гувоҳ аст, ки Истаравшани бостони яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Маркази буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги хоси хешро дошта, дар ҳаёти сиёсию иктисоди ва ичтимоию фарҳангии ин қаламрав нақшу мавқеъи муҳимро бозидааст ва Худо хоҳад мебозад. Аз ин ру, беҳуда нест, ки онро ҳамсамту ҳамрадифи шаҳрҳои машхури Бухорою Самарқанд мешуморанд. Ҳар пора хишту похсадевори осори кухани Истаравшани бостони аз афтидану хестанҳо, сухтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва борхо завол ёфтану бозгашта эҳё шуданҳо, яъне аз тамаддуни дерина, давлатдории куҳанбунёд ва заҳматписандию ободгарии миллати ҷафокашидаю сарбаланди тоҷик қисса мекунад.
[вироиш] Ҷуғрофия
Дар қисмати шимолии Точикистон дар вилояти Суғд дар доманаи силсилакуҳҳои Туркистон дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр шаҳре воқеъ аст, бо номи Истаравшан. Он 90,4 км мураббаъ масоҳат ва зиёда аз 190 ҳазор нафар аҳоли дорад. Обанбори КАТАСОЙ дар кисми болоии шахр чойгир шудааст. Ба тамомизаминхои кишти ин диёр аз ин обанбор дар фасли тобистон об мебаранд.
[вироиш] Таърих
Дар таърихи тамаддуни башари шояд кам шаҳре вохурад, ки дар дарозаи наздик ба 3000 сола се маротиба, балки 4 маротиба номи худро иваз карда бошад. Киропол (Кирэсхата, Курушкада) Истаравшан, Уротеппа ва боз ҳам Истаравшан. Ин шаҳри қадима аз макони афсонаҳои зинда тули 600-700 соли охир Уротеппа ном дошт. Таърих мисолеро ёд надорад, ки ин ё он шаҳре мисли Истаравшан аз рӯзи пайдошави дар саҳфаи таърихи тамаддуни инсоният шаҳр ё кишвари қалъа андар қалъа ёд шавад. Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъаи Меҳнат, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва ғайра, ки имруз номи бархе аз мавзеъ ва деҳоти Истаравшанро ба худ гирифтаанд, дар рӯзгори мози дижу истеҳкоми Курушкада (Кирополь) Истаравшан – Уротеппаро дарбар мегирифтаанд. Ин шаҳри бостони, ки дар гузашта дар таърихи башари хамчун давлати мустакил ва вилояти комилхукук солиёни зиёд мавкеи мухимро ишғол мекардааст, ба қавли Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи Илмҳои СССР Бобоҷон Ғафуров аз замони Аирийани Вачах «Фарохнои Ориёно», ки дар китоби бузурги мардумони ориённажод «Авасто» 3000 сол қабл аз ин зикр шудааст, чун яке аз силотиҳои сукунати тоифаҳои Эрони- дар таърих ва тамаддуни тоҷикон ва дигар халкҳои Осиёи Маркази осори амиқ гузоштааст.
Истаравшан аз замонхои кадим то ба ин руз чун маъвои рушду тараккии санъат ва илму адабиёт боки мондааст. Дар ин чо рисолахои таърихи, асархои бадеи, адабиёти оммавию сиёси таваллуд мешуданд. Чуноне, ки кофтуковхои хафриёти собит сохтаанд, дар Истаравшани имруза нишонахои рузгори давраи палсолит, ки ба миёнахои хазорсолаи якум то милод тааллук дорад, боки мондаанд. Дар ин чо аз чониби одамони чамъияти ибтидои манзилгоххо, сарпаноххову нишеманхо сохта мешуданд. Нахустин сарчашмахои хатти оид ба Истаравшан хамчун яке аз марказхои Сугди бузург ба асри У1 то милод, яъне ба он даврахо тааллук дорад, ки Истаравшан яке аз вилоятхои империяи Хахоманишин махсуб мешуд. Умуман, Истаравшан имруз шахрест, ки ба осорхонаи зиндаи таърихи башари шабохат дорад. Дар шахру нохия зиёда аз 150 адад ёдгорихои таърихию фарханги ва меъмори махфуз ёфтаанд, ки хар яке аз 300 то 1500 сола таърих доранд. 6 адад дарахтони азими сарв, ки имруз дар Савристон ном мавзеъи дехаи Ругунд сар ба фалак кашидаанду гафсии танаашон баробари 10-12 кулочи одамист, умри беш аз 1400 сола доранд. Макбарахои бобои Абубакри Шибли (асриУ111), Хоча Абдурахмони Авф (асри У111), ансамбли меъмории Хазрати Шох (асрхои ХУ11-Х1Х), Сари Мазор (асри ХУ1) ва гайра номгуи хурди офаридахои бузургу нотакрори хунармандон, наччорон, наккошон, кандаккорон ва соири дигари Махдуми ин кухандиёранд, ки хар яки он боиси ифтихори миллии мардуми точиканд. Обхои чонбахши чашмахои мусаффо, мевачоти лазизу гуворо, гиёххои шифобахши куххои Истаравшан аз азал табобатгохи табии мардумони Осиёи Маркази будааст. Макбараи Бобои Абубакри Шибли, ки дар гузари Дарвозаи Боло вокеъ гардидааст, низ аз кадимтарин ёдгорихои таърихи мебошад. Ва бино бо акидаи Ахрор Мухторов соли вафоти ин шахсияти бузург 773-и милодист ва азбаски дар Истаравшан дини ислом соли 822 чори гардидааст, бобои Шибли бояд пайрави мазхаби зардусти бошад. Яъне ин макбараи таърихи беш аз 1230 сола дорад.
[вироиш] Русия ва давраи Шӯравӣ
Баъди забти Осиёи Миёна аз чониби Русия анъанахои шахрсози дар Истаравшан боз такмил ёфт. Дар кисмати шимолию шаркии он бахши русии шахр бо номи «Гузари Урус» ба вучуд омад. Маъмурияти давлатии подшохи рус ва табакахои он ба эъмори калисо, иморатхои чамъиятию истикомати гарнизони харбию почта, мактаби русию тахчои даст задаанд, ки он соли 1888 кушода шудааст. Дар огози асри ХХ тахаввулотхои инкилоби ба Истаравшан низ бетаъсир намондаанд. Соли 1924 Точикистон Чумхурии Мухтор ва соли 1929 Чумхурии Шуравии сусиёлисти дар хайати Иттиходи Шурави гардид.
Сарфи назар аз он, ки ин кишвари дар гузашта мустакил вилояти маъмул ва шахри азим дар дарозии даврони таърихи борхо хароб гардидаю аз нав эхё гардидааст, тавассути захмати дастони тиллоии хунармандони мунтозаш ва мардуми бонангу ору номуси Истаравшан, суннатхои фархангию хунари хифзшуда ганитар мегардан. Гулдузону дарзиёни мохири Истаравшан, сузани, зардевори, камарбанд, чойнамоз, туппиҳои (тоққи) мардонаю занона ва бачагона ва соири дигари хунархои мардумиро машхур гардониданд. Чуноне, ки академик Ахрор Мухторов дар китоби « Хокимони Истаравшан ба рузномаи «Туркестанские ведомости» истинно карда навиштааст, дар соли 1882 дар Истаравшан 578 гузари хунархои мухталифдор ва 642 дукони хунармандони мардуми фаъолият мекард. Шахр зиёда аз 120 масчид дошт. Гузархои заргари, мисгари, охангари, кордгари, дегрезон, шонатарошон, косабофон, читгарон, кулолгарон, осиёдурусткунон, чармгароне ва гайра холо хам хастанд ва хунархои дурудгариву хиштпази, танурсозиву кафшдузи, собунпазиву аллофи, ресандагию колинбофи, кошуктарошию наългари ва гайра аз чумлаи хунархои мардуми захматкаши Истаравшан мебошад.
Истаравшан дар дарозии таърихи пурмочаро, пуршебу фароз, вайронихою ободихои хеш шахсиятхои зиёдеро дар худ дорад, ки бо ин он амали худ аз ёди одамон зудуда намешаванд. Мардумон имруз хам номхои сарлашкори Чингизу Темури Ланг, Искандари Макдуни ва дигаронро, ки барои амали сохтани максадхои сиёхи хеш харобкорихои зиёд кардаанд, фаромуш карда наметавонад. Дар баробари ин тули асрхову солиёни зиёд мардумони бостоншахр номхои шахсонеро ки барои ободии диёру осудагии мардуми он шучоату корнамоихо нишон додаанд, хамвора вирди забон мекунанд. Ноибу Рухшона, Абдулатиф Султону Рустамбек, Хоча Фахриддину Эшони Хочачон, Мулло Сирочу Бобо Мусо, Бобо Содику Олим Почоев, Рахмон Рахимову, Наби Акрамов, Роза Хакимоваю Сабохат Чамолова ва даххо дигарон аз хамин радиф родмардону бонувони шучоъу ободкору осоишгоххои Истаравшан будаанд.
Соли 2002 мардуми Истаравшан 2500 солагии шаҳри қадимаро ҷашн гирифт.