Бемористони Ибни Сино
Таърихи таъсис | 2009 |
---|---|
Бунёнгузор | Абдухалил Холиқзода |
Кишвар | |
Вебгоҳи расмӣ | ibnisino.tj |
Бемористони Ибни Сино (форсӣ: بیمارستان ابن سینا) — яке аз бузургтарин бемористонҳо дар шаҳри Душанбе
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Бемористони Ибни Сино моҳи сентябри соли 2009 бо ҷалби пизишкони ботаҷриба аз кишварҳои Эрон, Олмон, Русия ва Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар расми ифтитоҳи Бемористон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Алиасғари Шеърдӯст ширкат ва суханронӣ намуданд.
Пойгоҳи фаннӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин бемористон дар маркази шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон бино шудааст ва шомили бахшҳои ҷарроҳии дил, ангиографӣ, ҷарроҳии гурда ва роҳҳои пешоб, ёрии таъҷилӣ, амрози занон, ҷарроҳии умумӣ, ортопедӣ, ҷарроҳии тармимӣ ва пластикӣ, дандонпизишкӣ, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, рентген ва дорухона мебошад. Бемористони Ибни Сино бо стандарти тибби аврупоӣ таъсис шуда, бо таҷҳизоти навтарини сохти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз аст ва пизишкони эронӣ ва тоҷик аз усулҳои дақиқи ташхиси дастгоҳию озмоишгоҳӣ ва усулҳои навтарини дармону ҷарроҳӣ истифода мекунанд.
Бахшҳои бемористон
[вироиш | вироиши манбаъ]Бемористон дорои чунин бахшҳо мебошад: ангиография ва ангиопластика, ёрии таъҷилӣ,ҷарроҳии пластикӣ, ташхиси ултрасадо, эндогинекология, ташхиси рентгенӣ, дандонпизишкӣ, ултрасадои дил, эндоурология, амрози занон, ҷарроҳии дил, кардиология, эндоҷарроҳӣ, осебшиносӣ, ортопедия, дорухона ва ташхис. Пизишкон ва мутахассисони бахшҳо ба таври шабонарӯз ва рӯзҳои истироҳат омодаи хидматрасонӣ ба беморон ҳастанд. Дар ҳамаи бахшҳои бемористон бо истифода аз навтарин дастгоҳҳои замонавии муосир хидматрасонӣ дар сатҳи аврупоӣ ба роҳ монда мешавад[1].
Кӯмаки беғарази Эрон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Абдулхалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони бемористони Ибни Синои Тоҷикистон дар ёддоште аз кишвари дӯст ва ҳамзабон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пизишкони эронӣ барои кумак ва мусоидат дар мубориза бо вируси корона ба ин бемористон ташаккур кард.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Бемористони Ибни Сино. www.ibnisino.tj. 7 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 май 2021.
- ↑ Қадрдонии раиси ҳайати мудирони бемористони Ибни Синои Тоҷикистон аз Эрон(тоҷ.). parstoday.ir/tg/news/ (2020). 4 сентябри 2023 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)