Беҳзод Нормуродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Беҳзод Нормуродов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар  Тоҷикистон
Тахассус таэквон-до
Таърихи даргузашт 1987(1987)

Беҳзод Нормуродов (зод. 1987) — варзишгари тоҷик. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба таэквон-до ва кикбоксинг (2010).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон (2014). Дар Чемпионати ҷаҳон (Тошканд, 2006) ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Чемпионати ҷаҳон (Санкт-Петербург, 2009) ҷойи дуюм ва медали нуқра, Чемпионати Осиё (Алмаато, 2010) ҷойи якум ва медали тило, Чемпионати ҷаҳон байни калонсолон (Кореяи Шимолӣ, 2011) ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Чемпионати Осиё (шаҳри Душанбе) ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Чемпионати ҷаҳон оид ба кинбоксинг (Ялтаи Украина, 2012) ҷойи дуюм ва медали нуқра, Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг (Австрия, 2013) ду медали тило ва як биринҷӣ, Чемпионати ҷаҳон (Софияи Булғория, 2013) ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, Чемпионати Осиё оид ба таэквон-до (Катмандуи Непал, 2014) ҷойи якум ва медали тилоро соҳиб шудааст. Айни замон (2014) ҳамчун мураббӣ дар Федератсияи таэкван-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шогирдон машғул аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]