Jump to content

Бобоҷон Икромов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобоҷон Икромов
Бобоҷон Икромов
Акс:ИКРОМОВ Бобочон.JPG
Таърихи таваллуд: 1957(1957)
Зодгоҳ: Чоркӯҳи ноҳияи Исфара
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда,рӯзноманигор
Забони осор: тоҷикӣ

Бобоҷон Икромов (тав.1957, деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара), рӯзноманигор,нависанда. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978), Мактаби олии ҳизбии шаҳри Минск (1990). Муҳаррир, сармуҳаррир, директори барномаҳои телевизион, муовини раис, раиси Кумитаи радио ва телевизиони XТ (1978-1995)/. Муддате мушовири раиси ширкати телевизионии байнидавлатии «Мир» буд. Таъсисдиҳанда ва сармуҳаррири ҳафтавори «Вароруд» аст.

Бобоҷон Икромов муаллифи қиссаҳои «Армони модар», «Дидор», «Ашки сӯзон», маҷмуаҳои ҳикояҳои «Одам будан мушкил», «Шаҳри ханда» ва ғайра мебошад.