Булбулон (бозӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чистон - Булбулон, Мурӣ, мурии кӣ?

Яке аз бозиҳои шифоҳии бачагону наврасон. Иштирокчиён ба ду даста ҷудо шуда, бозигарони дастаҳо ба якдигар машварат мекунанд, аъзои хонаводаи яке аз ҳамсояҳо ё деҳаро дар назар гирифта, суоле матраҳ менамоянд. Сипас аз дастаи ҳариф мепурсанд: «Чистон, булбулон, хонаи кист?». Ҳарифон мепурсанд: «Чанд марду чанд зан?». Дастаи якум миқдори марду занҳои ҳамон оилаи матлубро мегўянд, масалан, «Се марду чор зан». Дастаи ҳариф хонаи мувофиқи шумораҳоро меҷўяд. Агар ёфта тавонанд, як хол гирифта, навбати бозӣ ба онҳо мегузарад. Вале агар наёбанд, таслим шуда мегўянд: «Шаҳрамонро додем» ё «Деҳаамонро додем». Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

1.Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976;2. Сўфиев А. Чистонҳои халқии тоҷикӣ. Д., 1972; 3. Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Д., 1973.


Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 203