Варикоселе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Варикоселе
ИхтисосМезроҳпизишкӣ Edit this on Wikidata
Варикоселе
МКБ-10 I86.186.1
МКБ-9 456.4456.4
DiseasesDB 13731
MedlinePlus 001284
eMedicine radio/739 
MeSH D014646

Варикосе́ле (varicocele; лот. varix, varicis —дамиши вена, юн.-қад. kēlē — омос) — васеъ шудани танобакҳои манидон.

Сабабҳои беморӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Варикоселе бинобар баланд гаштани фишори венаи гурдаҳо (масалан, ҳангоми танг шудани онҳо) ба вуҷуд меояд. В. дар 95 фоизи ҳолатҳо дар ҷониби чап мушоҳида мешавад, зеро шароити ҳаракати хун дар ин қисми хоя нисбатан бад аст. Варикоселе бештар дар синни балоғати ҷинсӣ, ки хун ба аъзои таносул нисбатан бештар ҳаракат мекунад, ба назар мерасад. Ба пайдоиши беморӣ ҳаяҷони ҷинсии бардавом, бардоштани бори вазнин ва диг. омилҳо мусоидат менамоянд.

Нишонаҳои беморӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҳсоси вазнинӣ ва дарди кунди хоя, ки ҳангоми кори ҷисмонӣ ё ангезиши шаҳвонӣ ба вуҷуд меояд, аломати болинии варикоселе мебошад. Тезу тунд гаштани ҷараёни беморӣ боиси атрофияи хоя ва бенаслӣ хоҳад шуд. Варикоселеро дар мавриди рост истодани бемор ташхис мекунанд.

Табобат[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми варикоселе аз иҷрои кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кардан лозим аст. Алоқаи ҷинсӣ низ бояд ба тартиб дароварда шавад. Истифодаи байзабанд нафъ дорад. Варикоселеро духтури уролог ё андролог муолиҷа мекунад. Масъалаи зарурат доштан ё надоштани ҷарроҳиро мутахассис ҳал менамояд. Дар мавриди саривақт ҷарроҳӣ кардан, фаъолияти хоя барқарор мешавад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энсиклопедияи мухтасари тиб (Иборат аз 5 ҷилд) . — Душанбе, 2011. — Ҷ.1. — 504 с.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]