Аз дидгоҳи бархеи Википедианивисон Сиёсатҳо ва раҳнамудҳо расмииВикипедиа бар панҷ асли бунёдӣ устуворанд. Панҷ асли бунёдӣ, ки вижагиҳои Википедиаро таъриф мекунанд:
Википедиа як донишнома аст ки вижагиҳои донишномаҳои умумӣ ва тахассусӣ ва солномаҳову маълумотномаҳои ҷуғрофиро дар худ таҷассум (таркиб) кардааст. Википедиа на ҷойи навиштану гузориши як фарҳанги вожаҳост, на суханронӣ, на рӯзноманависӣ, на як фазои веблогнависӣ, на ироъакунандаи фазои хеш барои ақоиде ройгон, на маҳали ёдгоринависӣ, на тамрини беҳокимиятӣ ва демокросӣ ва на як линкдонӣ аст. Таҷрибаҳо ва дидгоҳҳои шахсӣ низ дар Википедиа ҷоӣ надоранд. Сиёсати манъи таҳқиқи даставвал бояд мавриди назари ҳама виройишгарон бошад. Мақолаҳо набояд шомили ҳар гуна назарияҳо, дидгоҳҳо, ибораҳо, мавҳумҳо, таҳқиқотҳо ё ақойид бошанд, ки то ба ҳол дар ҳеҷ ҷойе мунташир нашудаанд. Тамоми таваҷҷуҳи виросторон бояд бар дақиқ, солим ва дурустии мақолот муттамарказ бошад.
Википедиа дидгоҳи бетарафӣ , яъне мо дар Википедиа кӯшиш бар он дорем то мақолоти танҳо як дидгоҳи хосро таблиғ накунанд, балки бо тамоми дидгоҳҳо дар ҳар мавзӯе бинависанд. Яъне баён кардани чандин дидгоҳи мухталиф ва густариши ҳар як ба ҳади кофи аст, то корбаре бидонад ҳар дидгоҳ аз кадом манбае ки ояд ва ҳеч дидгоҳе набояд ба унвони «ҳақиқати маҳз» ё ин ки «беҳтарин дидгоҳ» муаррифӣ шавад. Барои расидан ба чунини ҳадаф, овардани манобеи боэътибор ва қобили истинод дар ҳар ҷое мумкин ва ба хусус дар мавзӯъҳоии мавриди ихтилоф, зарур аст. Вақте дар мавриди он ки кадоме аз нусха бетарафтар аст, ихтилофи назариявӣ пеш ояд, як давраи даст кашидан аз виройишҳои ихтилоф барангез эълом мешавад, мақолаи барчасби