Вола, Абдулҳақ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вола, Абдулҳақ
Навъи фаъолият: шоир

Абдулҳақ Вола (форсӣ: عبدالحق واله‎; 1926, Кобул — 1978 ҳамон ҷо) — шоир, муҳаққиқ ва ходими ҷамъиятии Афғонистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Донишгоҳи Кобул дар матбуот ва радиои Кобул ба кор даромад ва чун намояндаи ВАО-и Афғонистон дар Лондон ва Вашингтон кор кардааст. Вола ба забони дарӣ эҷод мекард. Мавзӯи ашъори ӯ аз ситоиши муборизаи мардуми Афғонистон бар зидди ишғолгарони англис, истиқлоли ватан, тараннуми табақаи заҳматкаши ҷомеа, баробарҳуқуқиву озодии занон, ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва ғ. иборат аст. Вола ҳамчун муҳаққиқи таъриху адабиёти Афғонистон ва публитсист машҳур аст. Силсиламақолаҳои илмиву публитсистии ӯ дар саҳифаҳои нашрияҳои «Ислоҳ», «Анис», «Ориёно», «Жвандун» («Зиндагӣ») ва «Паштун жағ» («Садои паштун») мундариҷанд. Осори манзуми Вола дар маҷмӯаҳои «Чанд ғазал», «Роҳу расми зиндагӣ» ва «Ранги насим» нашр шудаанд. Вола чанд бор ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ дар Симпозиуми шеъри форсӣ (Душанбе, 1967) иштирок ва суханронӣ намуд. Намунаҳои ашъори Вола дар саҳифаҳои маҷаллаи «Садои Шарқ» ва маҷмӯаҳои «Занҷири гусаста» (1968), «Мушоира» (1967) ва «Баҳори Кобул» (1977) ба табъ расидаанд.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунае аз ашъори Вола:

Бо соғаре, ки аз кафи ӯ нӯш мекунам,
Ғамҳои чандсола фаромӯш мекунам.
Азбаски рафтаам ба ҳавои висоли ӯ,
Хамёзаро хаёли бару дӯш мекунам.
Бо ӯ шабе нишастани ҳушёр мушкил аст,
Аз ҳуш меравам, чу даме ҳуш мекунам.
Ҳар бодро, ки бигзарад аз кӯи ӯ саҳар,
Бо орзуи васл дар оғӯш мекунам.
Ин доғи ишқи лоларухон, Вола, дар дилат
Мондаст рӯзгор, ки гулпӯш мекунам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Баҳори Кобул. Д., 1977; Баёзи меҳр (Намунаҳои шеъри тоҷикии-форсӣ-дарии садаи ХХ). Д., 2005.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]