Вялушкин, Борис Яковлевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вялушкин, Борис Яковлевич

Вялушкин Борис Яковлевич (2.3.1937, деҳаи Малая Карай, вилояти Саратов, Русия – 2.6.1998, Душанбе) — духтури кӯдакон, доктори илмҳои тиб (1980), профессор (1983).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти 2-юми тиббии Маскав ба номи Н. И. Пирогов (1960). Ординатори клиникӣ, аспирант, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ ИҶШС (1960–82), ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Вазорати тандурустии Тоҷикистон (1982–83), мудири кафедраи таълими бемориҳои кӯдакони ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1983–98). Зиёда аз 100 таълифоти илмӣ дорад. Бо медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз гаштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]