Гардезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гардезӣ
Таърихи таваллуд асри XI
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1061[1]
Кишвар
Фазои илмӣ таърих, гоҳнигорӣ[d], таборшиносӣ[d] ва ҷуғрофиё
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абусаъид Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардезии Ғазнавӣ (форсӣ: ابوسعید عبدالحی بن ضحاک گردیزی‎), маъруф ба Гардезӣ (форсӣ: گردیزی‎) — муаррихи маъруфи садаи XI, муаллифи «Зайну-л-ахбор» (тақр. соли 1050 навишта шудааст).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Доир ба ҳаёти Гардезӣ маълумоти дақиқ мавҷуд нест, ба ғайр аз ин, ки ӯ ҳамзамони Абулфазли Байҳақӣ ва Абурайҳони Берунӣ будааст. Асари Гардезӣ «Зайну-л-ахбор» дар аҳди султони Ғазнин Зайнулмилла Абдуррашид ибни Маҳмуди Ғазнавӣ (1049–1053) навишта шуда, дар эҷоди он Гардезӣ аз осори муаррихони қаблӣ (Ибни Хурдодбеҳ, Ҷайҳонӣ ва дигарон) истифода кардааст. Асар ба шакли таърихи умумиҷаҳонӣ ва фарҳангномаи мардумшиносӣ иншо гардида, дар бораи шоҳони қадими эронӣ, пайғамбарони ислом, хулафои рошиддин, таърихи муфассали Хуросон то соли 1041, ҷадвалҳои солшуморӣ, идҳои мусулмонон, зардуштиён, масеҳиён ва яҳудиён, инчунин роҷеъ ба туркҳову ҳиндуҳо маълумоти пурарзиш дорад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • زین الاخبار. تهیه عبد الحی حبیبی. تهران ۱۳۶۳ ش.ر

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Амиршоҳӣ Н. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX–XIV. Д., 1999;
  • Бартольд В. В.Гардизи // Сочинения. Т. VIII: Работы по источниковедению. М., 1973.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]