Гаҳворабахш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гаҳворабахш, говарабахш — одати аз тарафи волидон ба ҳам номзад кардани писару духтари навзод, ки баъди ба балоғат расидан бояд ба издивоҷи ҳамдигар дароянд.

Ин расми анъанавӣ дар байни тоҷикон ва дигар халқҳои Шарқ аз замонҳои қадим маъмул аст. Агар дар ду хонаводаи ба ҳам наздик дар яке писар ва дар дигаре духтар таваллуд шавад, бо нияти мустаҳкам шудани риштаи хешутаборӣ онҳоро ба ҳам гавҳорабахшё худ номзад эълон мекарданд. То ба балоғат расидани кӯдакон оилаҳои писар ба духтар ҳадяҳо ва туҳфаҳои идона мефиристоданд. Баъди ба балоғат расидани онҳо ва фароҳам омадани шароити тӯй гавҳорабахшҳоро ба ҳам оиладор мекарданд. Барои ифода кардани мақсади гавҳорабахшҳар ду ҷониб амалу одатҳои гуногунро риоя мекарданд: тарафи писар бо тоқӣ, бари ҷома ва ё нӯги остин таги дари хонаи духтардорро мерӯфт. Баъзеҳо писару духтари гавҳорабахшро бо навбат дар як гаҳвора мебастанд; ба ҳавлии духтардор кунда оварда мепартофтанд; баробари таваллуди духтар писардор гӯши ӯро сӯрох карда, гӯшвор тақдим мекард ва ғ. Ба муносибати гавҳорабахшва номзадкунӣ занон дар хонаи духтардор маросим ороста, доиразанию сурудхонӣ мекарданд. Пас аз ин байни ин ду оила ақди қудоӣ баста шуда, рафту омад ва доду гирифт то ба балоғат расидани номзадҳо давом меёфт. Гоҳе аҳду паймони қудоҳо бо баъзе сабабҳо вайрон мешуд ва ҷавонон ба якдигар намерасиданд. Тибқи боварҳои мардумӣ, гӯё, ҳар нафаре, ки расми гавҳорабахшро вайрон кардааст, гирифтори бадбахтӣ мешудааст. Гавҳорабахшро дар байни тоҷикон инчунин бо номҳои «доманчок» (Ҳисор), «домандаронӣ» (Мастчоҳ, Яғноб, Варзоб), «риштабандӣ» (деҳаи Фориш), «кундапартоӣ» (Варзоб) ва ғ. ном мебаранд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯйи тоҷикон. Д., 1978;
  • Неменова Р. Л., Таджики Варзоба. Д., 1998;
  • Таджики Каратегина и Дарваза, № 3. Д., 1976.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]