Гули ғоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гули ғоз
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Gagea Salisb., 1806
Номенклатурный тип
non designatus[1]
Гули ғоз, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод

Гули ғоз, гулғоз, ғозипиёз (лот. Gagea) — як ҷинси рустаниҳои худрӯи пиёзбех. Аввали баҳор мерӯянд.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

То 15 см қад мекашанд. Дар баландкӯҳҳо моҳҳои июн — июл мешукуфанд. Барги борики нӯгтез, гули зард, баъзан сафед ё сурх, гултӯдаи хӯша ё чатршакл, ғӯза, тухми гирд доранд. Беш аз 100 навъи гули ғоз маълум аст. Дар Тоҷикистон 32 навъи он месабзад. Одатан, дар нишебиҳои санглохи кӯҳ, марғзор, шибарзамин ва ғ. (дар баландии аз 900 то 3600 м аз с. б.) дучор меоянд. Баъзе навъҳои гули ғоз (G. chomutovae, G. gageoides, G. stipitata) чун рустании ороишӣ ва хӯроки чорво аҳаммият доранд. G. stipitata гиёҳи шифобахш буда, таркибаш аз равғани эфир, витаминҳои В, С, каротин, клетчатка (моддаи пардаи ҳуҷайраи рустаниҳо), кислотаҳои органикӣ, қанд, калсий, сулфур, сапонин ва ғ. иборат аст.

Корбурди пизишкӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Табибони мардумӣ бо ҷӯшоби бехи гули ғоз бемории узвҳои ҳозима, устухондард, фаромӯшхотирӣ, зиқи нафас, бемориҳои пӯст ва ғ.-ро муолиҷа мекунанд. Гули ғоз хосияти зиддимикробӣ дорад, мубодилаи моддаҳоро беҳтар ва қанди хунро кам мекунад, холестерину токсинҳоро аз организм хориҷ месозад. Баҳорон аз баргу бехи гули ғоз хӯриш таҳия мекунанд. Аз гули ғоз ниқоб тайёр карда барои табобати наррак ва доғи кунҷидак истифода мебаранд; он хусусан ба пӯст тароват мебахшад, сабзиши мӯйро метезонад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Флора Таджикской ССР. Т. 2. М., 1963;
  • Травянистые растения СССР. Т. 1. М., 1971;
  • Мордан Е. В. Жизнь растений. Т. 6. М., 1982;
  • Буданцев А. Л., Яковлев Г. П. Иллюстрированный определитель растений Ленинградской области. М., 2006. М. Ҳоҷиматов.