Jump to content

Гулрухсор Сафиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулрухсор Сафиева
Тахаллусҳо: Гулрухсор
Таърихи таваллуд: 17 декабр 1947(1947-12-17) (76 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  ИҶШС Тоҷикистон Русия
Навъи фаъолият:
Солҳои эҷод: 1968 — то ҳол
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Шоираи халқии Тоҷикистон (1999), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2003), Ҷоизаи Америкоии ба номи Х. Хамет (1994)

Гулрухсор (тахаллус; насаб ва номи аслиаш Гулрухсор Сафиева; 17 декабри 1947, деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод, ҶШС Тоҷикистон) — шоир, нависанда, рӯзноманигор, дромнавис, тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикистон (1999). Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2003). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1971).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулрухсор Сафиева дар деҳаи Яхчи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро ба ҳайси мудири шуъбаи адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз намуда, баъдан мудири бахши матбуоти КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1968-69), муҳаррири маҷаллаи «Машъал» (1970-72), муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1972-81), солҳои 1981 −86 котиби Садорати ИН Тоҷикистон ва солҳои 1987-92 раиси Хазинаи маданияти Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи «Фарҳанг» буд.

Аз соли 1992 ба кори эҷодӣ машғул аст ва раисии созмони ҷамъиятии Фарҳангистони шеъри ҷаҳонро ба уҳда дорад. Аввалин шеърҳояш дар рӯзномаи «Қаротегини советӣ» нашр шудаанд (1962). Маҷмӯаҳои ашъораш «Бунафша» (1970), «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984, бо хатти форсӣ), «Оинаи рӯз» (1984), «Зодрӯзи дард» (1985), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Девон» (2004), «Биҳишти хобҳо» (2004), «Сад барги ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009), «Сад оҳи як нафас» (2011), «Дигар ишқ» (2014) ба табъ расидаанд.

Гулрухсор шоири лирик аст. Дар шеърҳои ӯ тавсифи Ватан, изҳори меҳр ба Тоҷикистон ва кӯҳистон (табиату манзараҳои зебои он), ба халқи меҳнатдӯсти тоҷик бо самимият ифода гардидааст. Мазмуну муҳтавои шеърҳои ватандӯстонаи Гулрухсор дар шеъри «Тоҷикистон» (1978) чунин ифода ёфтааст:

Обрӯям, эътиборам,
Зиндагиям, рӯзгорам,
Ҳар чӣ ҳастам, бо ту ҳастам,
Ҳар чӣ дорам, бо ту дорам,
Тоҷикистон!...
Аз замин то осмонро дӯст дорам,
Бас туро ман дӯст дорам, Тоҷикистон!

Ба лирикаи иҷтимоии замони шӯравии Гулрухсор, ки тасвири меҳнати бунёдкоронаи мардум, манзараҳои дилрабои кӯҳистон, ёди модар ва айёми кӯдакӣ, саҳифаҳои таърихи халқу кишвар дар он мақоми хосса дорад, омезиши таркибии ҷанбаҳои объективӣ ва субъективӣ, таъсири ҳиссиётписанд ва таъсирбахш хос аст. Пайванди ногусастаниву таркибии ҷанбаҳои объектививу субъективӣ дар ашъори ватанпарастонаи Гулрухсор падидор мешаванд, ҳиссиёти шахси шоир бо мафҳуми мавзӯи шеър ба ҳадди имконпазир меомезад, ҳастии ӯ бо ин мафҳум тавъам ба зуҳур меояд:

Дар замоне, ки замин бе такя аст,
Такядорӣ навбати ман омада.
Доварӣ дар бозии тифлони пир,
Ҳақгузорӣ навбати ман омада:
Такядору ҳақгусори ман, Ватан!

Дар лирикаи иҷтимоии Гулрухсор дар даврони истиқлол, хусусан дар солҳои 1992-97, оҳанги ватандӯстӣ дучанд қувват гирифт. Шоир моҳияти ҷанги таҳмилӣ-шаҳрвандии тоҷиконро омӯхта, аз таҳмилгарони он хостааст, ки Тоҷикистонро ором гузоранд, то мардуми ҷафодидаи ин кишвар соҳиби тақдири худ бошанд:

Ҳон, дуздони ҳақири хоки тоҷик, ҳон...
Сангҳои Тоҷикистонро барои ман гузоред,
зар намехоҳам!
Ай, ки дар марги ғурури як Ватан мастона мерақсед,
Дардҳои Тоҷикистонро барои ман гузоред.
Дар сари гӯри ҳақирам модари дигар намехоҳам!

Қисме аз ашъори дар солҳои бенизомӣ эҷоднамудаи Гулрухсорро оҳанги яъсу таассуф аз вазъи Ватан, ҳолати ошуфтагӣ аз ноилоҷӣ ва лаҳни дарун ба даруну ниёиш ба хотири оромии кишвар ва осудагии мардуми он фаро гирифтааст. Муроҷиати шоир ба Ватан бо шеваи дарду умедворист: «Тоҷикистон, ….. кай ба асли рӯят гулшани дидор оростӣ?!… То ба кай дар оташи дардодаи фарзандҳои носазоворат яккаву танҳо бисӯзӣ?!» («Лангари андуҳ», 1996). Дар ҳамон замон Гулрухсор барои худу дигарон нидо карда буд, ки «Ватан ишқ асту армон аст, Ватан дард асту дармон аст…» («Таманно», 1996). Гулрухсор солҳои 1992-97 дар муҳоҷират берун аз Тоҷикистон зиндагӣ кардааст. Шеърҳои дар он солҳо эҷодкардаи ӯ шеъри ҳолат аст, ки вазъи гуногуни рӯҳониву равонии гӯяндаро намудор мекунад. Ин навъ шеърҳои сурудаи шоира аз баёни ҳолати мушаххаси шахси шоир фаротар рафта, ба мафҳумҳои фард ва ҷомеа, ҳастиву адам, нуру зулмат мерасад. Дар натиҷа мавзӯи шеър аз доираи ҳастии ҳол гузашта, то дарку арзёбии вазъи ҷомеа вусъат меёбад. Чунин ҳолат дар шеъри «Бехобӣ» (1996) ба назар мерасад:

Дар гулӯям панҷаи ларзони бехобӣ,
Чанги танҳоӣ ба домонам,
Аз барои дидани гулзори дидоре
То дари ҳамсоя хоҳам раҳ кушодан, лек натвонам.
Ман ба рӯйи мардуми садрӯй,
Аз мазоқи ханда дигар ошиқу сармаст гулам.
Санъати хушбахт будан рафтааст аз ёди ёдам,
Ман зи беёдии худ шодам...

Мавзӯи ишқ дар лирикаи Гулрухсор мақоми махсус дорад. Лаззати лаҳзаҳои васлу дидор, ғаму андуҳи ҳаҷру фироқ муҳаррики асосии эҳсосоти қаҳрамони лирикии ашъори ошиқонаи ӯ мебошад. Сифати шеърҳои ошиқонаи Гулрухсор самимияти ибрози эҳсосот аст. Чунин навъи шеърҳо монологи пурэҳтирос ва ё гуфтугӯи шахсии шоира бо дилаш буда, ин гуфтугӯ гоҳ пурдарду ҳазин ва гоҳ мамнуну масрур, гоҳ пуризтиробу пурилтиҷо ва гоҳ бурдбору комгор, гоҳ катъиву раднопазир ва гоҳ хаста садо медиҳад. Ҳамаи ин тазодҳо аз чашмаи замири дил об мехӯранд, мураккабии ҷаҳони ботинии шахсиро таҷассум мекунанд, тағйирпазирии рӯҳияи инсон, табдили доимии вазъи рӯҳии ӯро ифода менамоянд, драматизми шеърро шиддат ва заминаи воқеии онро қувват мебахшанд:

Дар дил ғубори ҳасрату дар сар хумори ту,
Сад чашм дар назорату хоҳам канори ту.
Бар донаи навозишат ман мурғи гушнаам,
К-уммеди лона доштам дар шохсори ту.
Дар зери тири чашмҳо сӯйи ту меравам,
Аммо фиғони кӯдакам ово кунад маро...
Не, ман намеравам...

Шеърҳои ошиқонаи Гулрухсор саршор аз ҳиссиётанд. Гулрухсор на танҳо эҳсосоти ошиқонаи шахси худ, балки ҳолату рӯҳияи ошиқонаи ҳамнаслону ҳамзамононашро сурудааст:

Чӣ оташест дар нигоҳи фирории ту,
Ки боғи фароғи маро ҳамекашад ба гулхану дуд?
Ман он хонабадӯшам, ки дӯш забони баёни ҳама
Пур аз нишони ман буд.
Ман он шоири ишқам, ки номаи ошиқонаи як насл
Шеъри ошиқонаи ман буд...

Дар ашъори Гулрухсор мавзӯи хориҷа низ мавқеи муҳим дорад. Дар раҳоварде, ки баъди сафарҳои Алҷазоир, Олмон ва дигар кишварҳои Шарқу Ғарб эҷод шудаанд, ғояҳои ватандӯстӣ ва гуманизму башардӯстӣ, тараннуми сулҳ ва маҳкум намудани ҷанг мавқеи асосӣ доранд. Дар шеъри «Қасидаи кӯҳистон» (1977) гуфтааст:

Ман ҷаҳонгарди ҷаҳоннодидаам,
Марги ман дар чашми ҳар таппонча пояд роҳи ман.
Дар ҷаҳони ҷангсозон як ҷаҳони дигаре бо номи Яхч
Дар дили танги ту ҳамчун нанг бигрифта Ватан.

Гулрухсор манзума ва достонҳо низ офаридааст. Достони «Комсомол» (1974) ба таърихи ташаккул ва муборизаҳои каҳрамононаи иттиҳоди ҷавонони ленинии замони шӯравӣ бахшида шудааст. Манзумаи «Шабдарав» (1975) саҳифаеро аз ҳаёти халқи тоҷик дар ақибгоҳ-дар як қитъаи хурди кишвари паҳновари шӯравӣ, меҳнати фидокоронаи занону мӯйсафедонро дар ҷабҳаи ақибгоҳ тасвир менамояд. Достони «Мотами сафед» (1983) аз қисмҳои ҷудогонае, ки бо хатти ягонаи сужет ба ҳам пайвастаанд, иборат аст. Дар симои қаҳрамонҳои ин достон хислату табиат, сиришту бунёди маънавии бисёр занони кӯҳистони тоҷик таҷассум ёфтааст. Тарғиби хислатҳои неку писандидаи инсонӣ, нафрату адоват нисбат ба риёву фитнагарӣ, тараннуми адолат, покиву содиқии инсон дар кору зиндагӣ ғояи асосии достонро ташкил менамояд. Дар достонҳову рубоиҳо ва ашъори Гулрухсор услуби лиризми эҳсосписанд мавқеи асосӣ дошта, ашъораш аз чашмаи сарватҳои эҷодиёти даҳонии халқ об мехӯранд. Дар натиҷаи омӯзиши эҷодиёти шифоҳии халқ Гулрухсор китоби «Фолклори Қаротегин»-ро (1984) ба табъ расонд. Ӯ барои бачаҳо, кӯдакон низ шеъру достонҳо эҷод намудааст.

Гулрухсор инчунин дар наср, романи «Занони Сабзбаҳор»-ро (1988) ба табъ расонд. Дар ин асар лаҳзаҳои мудҳиши замони ҶБВ (1941‒45) ва бори сангине, ки бар дӯши занону духтарон дар ақибгоҳ афтода буд, тасвир шудааст. Дар ин роман хислатҳои далерӣ, сабурӣ, садоқат, дурандешӣ ва порсоии зани тоҷик тасвир шудааст. Бузургтарин асари мансури Гулрухсор романи «Сакарот» аст, ки дар тӯли тақр. 20 сол навишта шуда, соли 2009 аз чоп баромад. Дар роман услубҳои тасвирии фоҷиаву мазҳака ба ҳам даромехта, драматизми ҷараёни сужетро таъмин намудааст. Дигар асари мансури Гулрухсор «Зан ва ҷанг» аст, ки борҳо бо теъдоди зиёд (2001, 2003, 2014) ба табъ расида, бо ҳуруфи ниёгон ва забонҳои дигар низ нашр шудааст.

Ашъори русӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шеърҳои Гулрухсор ба забони русӣ дар матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои ҷудогона нашр шудаанд: «Фиалка» 1971; «Песня родника», 1973; «Радужный цветок», 1978; «Зеленная колыбель», 1981; «Навруз», 1982; «Откровение в полдень», 1983; «Куропатка в гостях», 1983; «За солнцем вслед», 1984; «Зеркало дня», 1984; «Ради тебя», 1984. Китоби шеърҳои ба забони русӣ эҷодкардааш «Солнце без Монэ» ба табъ расидааст.

Ба қалами ӯ пйесаҳои «Ғори аҷинаҳо», «Зилзила», «Ба мо бовар кунед!», «Озода» ва ғ. тааллуқ доранд. Таронаҳои Гулрухсор дар «Рӯзномаи берӯз» (2000) гирд омадаанд.

Гулрухсор осори адибони ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва хориҷаи дурро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст: «Ишқи зиндагӣ»-и О. Берголтс (1977), пйесаҳои Гулрухсор Лорка, М. Байҷиев, ашъори Лермонтов, Леся Украинка, Римма Казакова, Файз Аҳмади Файз, Й. Милев, С. Капутикян ва ғ.

Гулрухсор ба фаъолияти таҳқиқотӣ низ шуғл варзида, оид ба рубоиёти Умари Хайём андешаҳои хосси худро дар рисолаи «Шинохти рубоиёти ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ» ҷой додааст. Фаъолияти Гулрухсор ҳамчунин дар таҳия ва муаррифии ашъори ҳамзабонони хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Бо пешгуфтор ва кӯшиши ӯ маҷмӯъаҳои шоирони номии Эрон Қайсари Аминпур «Як дарича осмон», Фотимаи Рокеӣ «Шикори лаҳзаҳо» ва шоираи афғон Холидаи Фурӯғ «Кӯчаҳои холии дунё» ба табъ расидаанд.

Гулрухсор аз соли 1990 то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС буд.

Дорандаи Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ (1978), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2003), Ҷоизаи адабии ба номи Ҳелмут Ҳаммети Амрико (1994). Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» қадр шудааст.

  • Бунафша. — Душанбе: Ирфон, 1970. — 46 с.
  • Хонаи падар: Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Ирфон, 1973. — 80 с.
  • Шабдарав: Шеърҳо. — Душ чеманбе: Ирфон, 1975. — 64 с.
  • Афсонаи кӯҳӣ. — Душанбе: Маориф, 1975. — 32 с.
  • Дунёи дил: Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Ирфон, 1977. — 191 с.
  • Ихлос: Шеърҳо. — Душанбе: Маориф, 1981. — 128 с.
  • Оташи Суғд : Китоби шеърҳои нав. — Душанбе: Ирфон, 1981. — 160 с.
  • Оинаи рӯз. — Душанбе: Ирфон, 1984. — 176 с.
  • Гаҳвораи сабз. — Душанбе,1984 (бо ҳуруфи форсӣ),
  • Сипар. — Душанбе,1984 (бо ҳуруфи форсӣ),
  • Шабнам: Шеърҳо. — Душанбе: Ирфон, 1986. — 63 с.
  • Рӯҳи Бохтар: Шеърҳо ва достонҳо. — Душанбе: Адиб, 1987. — 400 с.
  • Қасидаи кӯҳистон: Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Адиб,1988. — 240 с.
  • Занони Сабзбаҳор: Роман. — Душанбе: Адиб, 1990. — 320 с.
  • Тахти сангин. — Душанбе: Адиб, 1992. — 160 с.
  • Зодрӯзи дард: Маҷмӯаи шеърҳои нав. — Москва: Манзума, 1994. — 128 с.
  • Зан ва ҷанг: Маҷмӯа. — Душанбе: Матбуот, 2001. — 200 с.
  • Девон: Девони ишқу ханда. — Душанбе: Пайванд, 2004. — 958 с.
  • Сад барги ғазал. — Душанбе,2007,
  • Ҷовидона. — Душанбе,2009)
  • Шӯъла дар санг, Гулрухсор — Душанбе: Адиб, 2011. — 384 с.
  • 22. Таронаи Ватан: Шеърҳо. — Душанбе: ТҶБ Истиқбол, 2012. — 90 с[1].
  • Дигар ишқ. Д., 2014.
  1. Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. — Душанбе, 2013, — с. 34
  • Абдуманнонов А. Нуқтаи назар. Д., 1990;
  • Мирзоюнус М. Ҳамзоди тӯфон. Д., 2007.