Гулшаҳд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулшаҳд, гулшира, шаҳд — моеъи ширине, ки дар шаҳддони гули рустаниҳо ҳосил мешавад.

Юнониҳо дар қадим гулшаҳдро «оби ҳаёт» ва воситаи неруафзою дарозумрӣ мешумурданд. Дар таркиби гулшаҳд об (60-90 %), қанд (2,5-74,5 %), глюкоза, фруктоза, дектрин, ферменту сафедаҳо, спирт, намакҳои минералӣ, моддаҳои бӯё ва ғ. мавҷуданд. Миқдори ин моддаҳо дар таркиби гулшаҳд доимӣ нест. Мас., себ 46-53 %, олуболу 46-49 %, тамашк 35-64 %, бектошӣ 35-42 %, қоти сурх 32-40 % ва қоти сиёҳ 22-37 % қанд дорад; шаҳди қурси қамар фақат аз сахароза ва шаҳди маъсар аз глюкозаву фруктоза иборат аст. Бахусус гули себ, нок, олу, олуболу, гелос, тамашк ва қот сершаҳд мебошанд. Оби гулшаҳд дар ҳавои гарму хушк бухор гашта, қанди таркиби он шӯша мебандад. Гулҳо бештар шабона (соати 24) ва пагоҳирӯзӣ (аз соатҳои 8-11) шаҳд ҷудо мекунанд. Як бех дарахти себ 10-12 рӯз гул карда, як гули он дар як шаборӯз 0,04-0,30 мг, гули зардолу, шафтолу, нок ва олу 0,05-0,14 мг, гули тамашк 14 мг, говришқа 0,16 мг, зайзафун 0,15-11,54 мг ва гулшабпалак 30 г гулшаҳд ҳосил менамояд. Гулшаҳд ғизои занбӯр, говзанбӯр, ору, шапалак ва дигар ҳашарот аст. Як занбӯри асал дар як парвоз 50-60 мг ва дар давоми умри худ 6-8 г шаҳд меорад, ки аз он 3-4 г асал ҳосил мешавад. Ҳангоми фаровонии гул як оилаи занбӯри асал рӯзе то 8 кг гулшаҳд ҷамъ меорад. Занбӯрҳо ҳамзамон рустаниҳоро гардолуд низ мекунанд. Колибра ва баъзе кӯршабпаракҳо гулҳоро гардолуд карда, бо ин роҳ барои ҳосил шудани гулшаҳд низ мусоидат менамоянд. Баъди гардолуд шудани гул гулшаҳд барои ғизои ғӯрак сарф мегардад. Барои муътадил ҷудо шудани шаҳд узвҳои рустанӣ бояд солим ва сероб бошанд. Дар сурати норасоии об ҳаракати моддаҳои ғизоӣ ба гул хеле душвор гардида, гулшаҳд кам ҳосил мешавад. Дар ҳавои гарму намнок фаъолияти шаҳддон меафзояд. Гулшаҳд, маъмулан, ба шакли қабати тунук ва зарра ҳосил мешавад. гулшаҳди баъзе рустаниҳо (бӯшаҳрӣ, маҳингул, черемитса ва ғ.) заҳрнок аст. Бо вуҷуди ин, рустаниҳои заҳрноке низ вуҷуд доранд, ки гулшаҳди онҳо безарар мебошад (базрулбанҷ, чатргул, бедгул, панҷаи Алӣ, мушкбӯя, бобопирак, савринҷон, тутакалӣ ва ғ.).

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]