Гургсор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гургсор

Гургсор (форсӣ: گرگسار‎) — яке аз шахсиятҳо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, паҳлавоне аз сипоҳи Арҷосп, ки ҳаммонанди номаш ба гург шабоҳат дошт.

Пас аз шикасти лашкараш Арҷосп Гургсорро ба набарди Исфандиёр равона мекунад. Гургсор ба сӯи Исфандиёр тире меандозад, ки он дар зиреҳи Исфандиёр дармемонад. Исфандиёр вонамуд мекунад, ки гӯё аз ин тир захмӣ шудааст. Гургсор ба ӯ наздик шуда, мехоҳад сарашро ба шамшер бибурад, вале Исфандиёр ба зин рост шуда, бо каманд Гургсорро ба асирӣ мегирад. Мехоҳад ӯро бикушад, вале Гургсор мегӯяд:

Яке банда бошам ба пешат ба пой,
Ҳамеша ба некӣ туро раҳнамой.
Ба ҳар бад, ки ояд, забунӣ кунам,
Ба Рӯиндижат раҳнамунӣ кунам.

Исфандиёр бо фармони падараш Гуштосп барои озод кардани хоҳаронаш аз банди Арҷосп ба Рӯиндиж равона мешавад. Гургсор ба ӯ се роҳро — яке роҳи осонгузари семоҳа, дуввум — роҳи андаке мушкили думоҳа ва роҳи бисёр мушкили ҳафтрӯзаро нишон медиҳад. Исфандиёр роҳи ҳафтрӯзаро пеш мегирад.

Исфандиёр роҳи мушкил тай карда, ба Рӯиндиж расид (Мушкилоти аз сар гузаронидаи ӯ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Ҳафтхон» ном гирифтааст). Гургсор зоҳиран ба Исфандиёр худро бовафо вонамуд мекард. Дар ҳар як мушкили ба Исфандиёр пешомада ӯ ботинан хурсанд буд, мағлубӣ ва ҳалок шудани ӯро мехост. Дурӯягии Гургсорро Исфандиёр пас аз Хони ҳафтум, аз бадгӯиҳо ва нафрини Гургсор пайхас кард ва ӯро ба қатл расонд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]