Далер Комилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Далер Комилов
Комилов Далер Рустамович
Таърихи таваллуд 28 декабр 1986(1986-12-28) (37 сол)
Зодгоҳ шаҳри Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишкадаи забонҳо
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Далер Комилов (Комилов Далер Рустамович; 28.12.1986, ш. Ваҳдат) – файласуф ва шарқшиноси тоҷик. Номзади илмҳои фалсафа.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Комилов Далер Рустамович 28 декабри соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2009 факултети шарқшиносӣ шуъбаи арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Соли 2011 курси кутоҳ муддатро дар Маркази васатияти давлати Кувайт хатм намудааст. Соли 2012 курси кутоҳмуддатро дар Сафорати Амрико хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар давоми ҳамон сол дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ муаллими забони форсӣ ва забони тоҷикӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2010  мутахассиси Раёсати илмҳои тадқиқотии Донишгоҳи миллӣ кор кардааст. Дар давоми соли 2011 мутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динӣ баътар мутахассиси шуъбаи таҳсилот ва назорати таблиғоти динӣ ва соли 2012 мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (куратор)сарпарасти вазоратҳо ва кумитаҳо дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2013 мутахассиси пешбари шӯъбаи маъхазҳои исломӣ дар Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2014 то 2016 корманди Раёсати иттиҳодияҳои динӣ ва муҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» дар Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2017-2018 Мушовири директор дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат фаъолият намудааст. Соли 2018-2019 Сармутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ дар Коллеҷи омӯзгорӣ ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Соли 2019 дар мавзуи "Синошиносӣ дар Тоҷикистон дар нимаи аввали асри 19 ва ибтидои асри 20" рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст[1]. Соли 2019 дар  вазифаи дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи  Донишгоҳи байнламилалӣ сайёҳи соҳибкорӣ  ва хизмат, соли 2020 мудири кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2021 сардори шубаи банақшагирии илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, 2022 то ҳол сармутахассиси Раёсати таълим, номазди илмҳои фалсафа, дотсенти  Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кору фаъолият дорад. Соҳаи асосии таҳқиқоти Комилов Далерро синошиносӣ ташкил медиҳад[2].

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба қалами ӯ, 15 китоб, зиёда аз 180 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад.

Китобҳо (монографияҳо)[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ахлоқу одоб, — Д.: Адиб, — 2010.
  • Дуоҳои иҷобатшаванда бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, англисӣ, туркӣ ва русӣ. — Д.: Адиб, — 2010.
  • Луғатномаи ҷайбии тоҷикӣ, арабӣ, англисӣ, туркӣ  ва русӣ. — Д.: Адиб, — 2012.
  • Дар талаби ҳикмат (ба шарофати 50-умин солгарди доктори илмҳои фалсафа профессор Рустам Комилов). — Д.: — 2015.
  • Таърихномаи мухтасар дар бораи Эшони Шоҳӣ. — Д.: — 2016.
  • Эмомалӣ Раҳмон ормони бегазанди таърихи навини миллати тоҷик. — Д.: Адиб, — 2019.
  • Авиценноведения в Таджикистане в ХХ и начале ХХI. — Д.: — 2019.
  • Шинохти ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ. — Д.: — 2020.
  • Нақши Пешвои миллати дар тарбияи ҷавонон. — Д.: Адиб, — 2020.
  • Таърихи идоракунии давлатӣ (монография). — Д.: — 2021.
  • Ҳикмати Пешво (монография) — Д.: — 2023.

Китобҳои дарсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тасаввуф (дастури таълимӣ). — Д.: — 2015.ъ
  • Диншиносӣ. — Д.: — 2020.
  • Таърихи фалсафаи тоҷик. — Д.: — 2024.
  • Ҳикмати ватандорӣ (дастури таълимӣ). — Д.: — 2024.

Мукофотҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2017 бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва бахши ҷавонони шаҳри Ваҳдат, соли 2018 Ифтихорномаи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020, Аълочи телевезион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. КОМИЛОВ ДАЛЕР РУСТАМОВИЧ – tnu (ru-RU) (26 Январ 2024). 29 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. ИСТОРИКО-ПОЛИТИКО - ПРАВОВЫЕ ВЗГЛЯДЫ ИБН СИНО. cyberleninka.ru. 29 Январ 2024 санҷида шуд.