Дараи Панҷшер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дараи Панҷшер
Нигора
Mountain range Hindu Kush[d]
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Вилояти Кописо
Ҷойгир аст дар назди обанбори Panjshir River[d]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 1 964 м

Дараи Панҷшер (дарӣ: دره پنجشير) — яке аз манотиқи Афғонистон воқеъ дар вилояти Панҷшер аст. Ин дара аз манотиқи муҳимми вилояти Панҷшер ба ҳисоб меояд ва номи ин вилоят баргирифта аз номи ҳамин минтақа аст.

Дараи Панҷшер дар 120 килуметрии шимоли шарқии Кобул воқеъ шуда ва ҳудуди як миллиюн нафар ҷамъият дорад, ки аксаршон тоҷик ва форсизабонанд. Иртифоъи дара аз сатҳи дарё 2217 метр аст, ки дар нуқоти муртафеътар то 6 ҳазор метр мерасад[1].

Оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи ҷангҳои чирикӣ алайҳи русҳо, дар дараи Панҷшер қарор дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. دره پنجشیر، تجلی گاه زیبایی و عظمت(форсӣ). سیستم جامع معلومات گردشگری افغانستان (7 Январ 2019). 26 августи 2021 санҷида шуд.