Демӣ Мур

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
Demi Moore
Демӣ Мур
Demi moore profile cropped greyed.jpg
Зодрӯз 11 ноябр, 1962

Демӣ Ҷин Гайнес (англисӣ: Demi Gene Guynes) 11 ноябри соли 1962 дар шаҳри Росвелл, иёлати Ню-Мексикои ИМА ба дунё омадааст. Оилаи онҳо хеле камбизоат буда, ба замми он дар он низоъу хархаша бисёр мешуд. Ҳаёт барои ӯ фоҷиае буд…: то синни 18-солагӣ Демӣ аллакай камбағалӣ, талоқ, алкоголизм ва кӯшиши худкуширо аз сар гузаронид. Падараш модарашро то ба дунё омадани Демӣ тарк кард ва модараш маҷбур шуд, ки ба рӯзномафурӯше ба шавҳар барояд. Маоши нокифояи падархонд оиларо маҷбур мекард, ки доимо аз як ҷой ба ҷои дигаре кӯчида истад.

Демӣ дар синни 18-солагӣ ба мусиқанавози рок Фреддӣ Мур, ки аз ӯ 12 сол калон буд, ба шавҳар баромад. Ҳаёти оилавии онҳо дер давом накард. Аз он ба ҳунарпеша танҳо насаби зебо – Мур монду халос. Инчунин, Демӣ ва Фреддӣ дар ҳамсоягӣ бо Настася Кинскӣ зиндагӣ мекарданд, ки маҳз ӯ Демиро ба ҳунарпеша шудан илҳом бахшид.

Оғози карйераи ҳунарпешагии Дэмӣ аз филми General Hospital (ин филм ба Ванесса Марсил – ҳунарпешаи филми Беверли Хиллз90210 низ шӯҳрат овард) буд. Баъд аз чанд нокомиҳо дар филмҳи телевизионӣ, ӯ ин ҷоро соли 1984 тарк кард ва дар филми бадеии "Во всем виноват Рио" /Blame It on Rio/ иштирок варзид.

Дар худи ҳамон сол Демӣ дар кинофилми "Огни Св. Эльма" низ нақш офарид. Дар филм ва дар ҳаёти муқаррарӣ ӯ духтари истеъмолкунандаи кокаин буд. Вале ӯ аз тарси аз кор ронда шудан, ин корро тарк кард. Охири солҳои 80-ум дар ҳаёти Демӣ Мур чандин ҳодисаҳо рӯй доданд. Ӯ аввал бо Эмилио Эстевес ва баъд бо Брюс Уиллис хонадор шуд. Дар синамо бошад, ба ҷуз аз филми "Привидения" /Ghost/ дигар нақши хуберо бозида ҳам натавонист..

Вале дар ибтидои солҳои 90-ум Демӣ ногаҳон ситораи ҳақиқӣ гардид. Ӯ дар дили тамошобинон ва мунаққидони Ҳолливуд ҷой гирифт.

Дар ин замон ӯ дар филми "Несколько хороших парней" /A Few Good Men/ иштирок варзид, ки бо ҳамроҳии ӯ чунин ситорагон, аз қабили Ҷек Николсон ва Том Круз нақш офариданд. Баъд аз ин нақш тамошобинон дигар "шоҳкориҳо"-и ӯ - "Смертельные мысли" (Mortal Thoughts) ва "Жена мясника" (The Butcher's Wife)-ро фаромӯш карданд.

Соли 1994 Демӣ бо Вудӣ Ҳаррелсон ва Роберт Рэдфорд дар "Непристойное предложение" (Indecent Proposal) нақш офарид ва соҳиби ҷоизаи MTV Movie Awards барои бӯсаи беҳтарин дар экран гардид. Соли 1994 бошад Дэмӣ аллакай бо Майкл Дуглас дар филми "Разоблачение" /Disclosure/ бозӣ кард.

Мутаассифона, филмҳои "Алая буква" /The Scarlet Letter/, "Тогда и теперь" /Now and Then/ ва "Присяжная" /The Juror/ он қадар муваффақ нагардиданд. Ягона филме, ки тамошобинон зиёдеро ҷамъ карда буд, филми "Стриптиз" /Striptease/ буд, ки он ҳам барои он ки Демӣ Мур дар он бисёр бараҳна баромад мекард.

Баъд аз он Демӣ чанде дигар дар саҳна баромад намекард. Баъд аз иштирок дар филми "Солдат Джейн" ӯ дар бораи ҷудо шудан аз Брюс Уиллис эълон мекунад. Онҳо то ин дам, аллакай 11 сол хонадор ва соҳиби се духтар буданд.

Аҷоибаш он аст, ки васоити ахбори умумро бештар аз ҳаёти эҷодии ҳунарпеша дида, ба ҳаёти шахсии ӯ бештар мароқ зоҳир мекарданд. Мумкин аз ин сабаб аст, ки Демӣ акнун камтар нақшофаринӣ мекунад.

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]