Jump to content

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

(ДМТ)
Номи байналмилалӣ Tajik National University
Соли таъсисёбӣ 21 март 1947
Навъ давлатӣ
Ректор Эмомалӣ Насриддинзода
Донишҷӯён 22 661 (2023)
Омӯзгорон 1 299
Мавқеъ  Тоҷикистон: Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ва Шаҳраки Донишҷӯён
Кампус Шаҳраки Донишҷӯён (Ҷазира)
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 17
Сайт tnu.tj
 Парвандаҳо дар Викианбор

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (кутоҳ ДМТ) — нахустин ва яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки дар соли 1947 таъсис шудааст. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Душанбе воқеъ аст.

Донишгоҳ 21 марти соли 1947 бо қарори Совети Вазирони ИҶШС № 643 ҳамчун Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таъсис ёфтааст. Аз 1 сентябри соли 1948 фаъолият дорад. Соли 1997 — Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) номгузорӣ шудааст.

Аз 1997 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.1997, таҳти № 669 мақоми худмухторӣ дода шудааст.

Соли нахустини таълим дар Университет дар бинои таълимии Институти омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) оғоз гашт. Баъд аз як сол — 1949 бинои собиқ Кумитаи ҳизбии вилояти Сталинобод воқеъ дар хиёбони марказии шаҳр ба ихтиёри Донишгоҳ дода шуд, ки он ҳоло чун бинои асосӣ маъруф аст.

Аз 1 августи соли 1948 дар Донишгоҳ 13 кафедра : кафедраи марксизм-ленинизм, кафедраи таърих, кафедраи забон ва адабиёти рус, кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, кафедраи геологияи умумӣ, кафедраи математикаи умумӣ, кафедраи химияи умумӣ, кафедраи зоологияи умумӣ, кафедраи ботаникаи умумӣ, кафедраи физикаи умумӣ, кафедраи забонҳои хориҷӣ, кафедраи тайёрии ҳарбӣ ва инчунин кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба фаъолият сар карданд.

Соли 1948 дар ҳайати университет се факултет: геологӣ-хокшиносӣ (декан профессор А. С. Раевский), биология (декан профессор В. А. Ратсиборский) ва таъриху филология (декан- Т. П. Маниулова) ташкил ёфтанд. Дар байни 200 нафар шогирдони ба курси авввал дохилшуда, 110 нафарро ҷавонони тоҷик ташкил медоданд. Дар курси дуюми шуъбаи биология 50 нафар таълим мегирифтанд. Теъдоди устодон бошад, аз 17 кормандони доимӣ ва 19-нафар соатбаъйҳо иборат буд. Таърихи Донишгоҳи давлатии Тољикистонро бе номи ректорони он, аз ҷумла аввалин ректори он Зариф Шарифович Раҷабов (1906—1991) наметавон тасаввур кард. Зариф Раҷабов дар вазифаи ректор (аз 27 феврали соли 1948 то 20 январи соли 1954) корҳои зиёд ба анҷом расонида, тащкурсии боэътьимоди Донишгоҳро барои солҳои минбаъда гузошт.

Нахустин хатмкунандагони аълохони шуъбаи таърих — Рауф Дадабоев, Ҳомидҷон Аҳмадов, Элмурод Саидов, аз шуъбаи филологияи тоҷик — Кимиё Шукурова, Хуршеда Отахонова, Муҳаммадвафо Бақоев, Исмоил Саидов; аз шуъбаи геология — Наримон Мадалиев, Эркин Тоҳиров ва бисёр дигарон барои кор дар Донишгоҳ пазируфта шуданд, Гурӯҳи дигари хатмкунандагони аълохон барои кор ба дигар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.

Талаботи рӯзафзуни хоҷагии халқи мамлакатро ба назар гирифта, соли 1956 дар заминаи факултети табиатшиносӣ факултетҳои геология, биология, соли 1959 химия, соли 1965 факултети физика, механикаву математика ташкил шуданд.

Мувофиқи талаботи замон соли 1963 факултети забон ва адабиёти рус, соли 1966 дар заминаи факултети таъриху филология факултети таърих (декан М. Б. Бобохонов), филогогияи тоҷик (декан М. Н.Қосимова) ва соли 1970 факултети филологияи Шарқ (декан ҳ.К.Каримов) факултети иrтисодӣ (1976, декан Т. Н. Назаров), факултети баплангирии иrтисодӣ (1980, декан Г. Б. Бобосодиқова) ва факултети базисобгирии молиявӣ (1980, декан Қ.Қурбонов) таъсис ёфтанд.

Дар ин муддат теъдоди муаллимони унвондор афзуд. Аз соли 1951 то соли 1997 дар нуҳ шӯроҳои дифои рисолаҳои диссертатсионии Донишгоҳ 1019 нафар рисолаҳои илмии худро барои дарёфти унвонҳои номзадиву докторӣ ҳимоя намуданд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ибтидои фаъолияташ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳми хешро гузоштааст. Ба донишҷӯёни донишгоҳ олимони намоёни ҷумҳурӣ таълиму тарбия медиҳанд. Биноҳои таълимии донишгоҳ, аввал дар маркази Душанбе, дар якчанд биноҳои алоҳида ҷойгир буданд. Дар нимаи дуюми солҳои 80-ум шаҳраки донишгоҳ дар мавзеи Бунни Ҳисорак қомат рост кард. Ҳоло аксарияти факултаҳо ва лабораторияҳои донишгоҳ дар ин мавзеъ фаъолият мебаранд.

Бинои аввалини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳои 1937–1939 аз рӯи лоиҳаи меъмор А. Ё. Светков ва муҳандис Скородумова дар асоси анъанаҳои меъмории Осиёи Миёна ва иншооти аврупоии садсолаҳои пешин сохта шудааст. Бо афзоиши эҳтиёҷот ба мутахассисон соли 1975 аз рӯи лоиҳаи меъморон В. Веселовский ва Э. Орловский («Тоҷикгип­строй») сохтмони маҷмааи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои 8 ҳазор донишҷӯ дар андароби д-ҳои Лучоб ва Варзоб, ки 82 га масоҳат дорад, оғоз ёфта буд. Ҳоло он ба шаҳраки донишҷӯён табдил ёфтааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 86 донишгоҳи ватанӣ ва муассисаҳои таълимии ҷаҳон, аз ҷумла бо донишгоҳҳои Аризона, Кобул, Балх, Клагенфурт, Теҳрон, Машҳад, Силез, Колорадо, Афина, Голвей, Маскав, Санкт-Петербург, Воронеж, Қа­зон, Тула, Тошканд, Бишкек, Боку ҳамкорӣ дошта, узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳои Аврупо мебошад[1].

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 17 факултет, 97 кафедраи махсус ва 7 кафедраи умумидонишго­ҳӣ дорад. Дар сохтори донишгоҳ Институти такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, Институти илмӣ-таҳқи­қо­тӣ, литсей, китобхонаи илмӣ (бо 945 ҳазор нусха китоби илмӣ, дарсӣ, бадеӣ, матбуоти даврӣ), китобхонаи элект­ронӣ, 112 оз­моишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ, Маркази биотехнология, парки технологӣ, Маркази омӯзиши забонҳо, Маркази фар­ҳангӣ-таълимии «Конфутсий», Маркази тес­тӣ ва мониторинги сифати таълим, Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, Маркази «Русский мир», марказ­ҳои фарҳангии Эрон ва Покистон, нашриёти «Сино», ансамбли «На­в­рӯз», студияҳои телевизион ва радио, корхо­наҳои дуред­гарӣ, оҳангарӣ, 4 толори варзиш, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, 7 хобгоҳи донишҷӯёну аспирантон, осоиш­гоҳ, бунгоҳи тиб­бӣ, вивариум (гулхона) ва 5 га замини кишоварзӣ мав­ҷуд аст.

  1. Факултети механикаю математика
  2. Факултети физика
  3. Факултети химия
  4. Факултети биология
  5. Факултети геология
  6. Факултети ҳуқуқшиносӣ
  7. Факултети таърих
  8. Факултети филология
  9. Факултети журналистика
  10. Факултети забонҳои Осиё ва Аврупо
  11. Факултети иқтисод ва идора
  12. Факултети молиявию иқтисодӣ
  13. Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ
  14. Факултети филологияи рус
  15. Факултаи фалсафа
  16. Факултети муносибатҳои байналхалқӣ
  17. Факултети фарматсевтӣ
  18. Факултети тиббӣ
  19. Факултети муштараки ДМТ бо МТОК ҶБ

Ректори аввалини донишгоҳ академики АИ Тоҷикистон Зариф Раҷабов (1948–1954) буд, ки дар рушди он саҳми арзишманд гузоштааст[1]. Баъдан, роҳбарии донишгоҳро дар солҳои гуногун Ибодулло Нарзиқулов (1954–1956), Солеҳ Раҷабов (1956–1971), Пӯлод Бобоҷонов (1971–1982), Талбак Назаров (1982–1988), Исмоил Давлатов (1988–1990), Фозил Тоҳиров (1990–1995), Ҳ. М. Сафаров (1995–2001), Ҳайдар Сафиев (2001–2005), Саидмуҳаммад Одинаев (2005–2008), Нуриддин Саидов (2008–2012), Ҳаёт Одинаев (2012), Муҳаммадюсуф Имомзода (2012–2020), Қобилҷон Хушвахтзода (2020–2024)[2] ба зимма доштанд. Аз соли 2024 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода мебошад.

Маҷаллаҳои илмии «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»[3], «Минбари ҳуқуқшинос» ва ҳафтаномаи «Ба қуллаҳои дониш» нашрияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд[1].

  1. 1.0 1.1 1.2 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.
  2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин намудани Хушвахтзода Қ.Х.. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 28 Январ 2020 санҷида шуд.
  3. Издательский центр(пайванди дастнорас — таърих). Таджикский национальный университет. 29 феврали 2020 санҷида шуд.