Jump to content

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи кадемик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

(ДПДТТХ)
Номи аслӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи кадемик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд
Номи байналмилалӣ Khujand Polytechnic Institute
Соли таъсисёбӣ 2010
Навъ Муассисаи давлатии таълимӣ
Директор Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло
Донишҷӯён 3100
Омӯзгорон 160
Нишонии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон,
735700 ш. Хуҷанд,
хиёбони И.Сомонӣ, 226
Тел.: +992 (3422) 6-04-54
Сайт polytech.tj

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДП ДТТХ) яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳисоб ёфта, муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии пешбари соҳаи техникаву технология дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд" бо қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010, таҳти №58 дар асоси ҳамҷояшавии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил ёфтааст.

Мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои асосии донишкада – баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқиву ватандӯстӣ, азхудкунонии технологияҳои муосири иттилоотиву муҳандисӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав мебошад.

Ташкилшавии донишкада ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ рост омад ва раёсати донишкада кори худро аз таҳия ва амалигардонии нақшаву стандартҳои касбии ихтисосҳо бо ворид гардонидани принсипи салоҳиятнокии касбӣ ва иҷрои ҳаматарафаи талаботи низоми кредитии таҳсилот оғоз кард.

Имрӯзҳо Донишкада аз рӯи ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ:

Map

– 29 ихтисоси зинаи бакалавриат бо шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ,

– 19 ихтисоси зинаи магистратура бо шакли таҳсили рӯзона,

– 9 ихтисоси зинаи докторантура PhD бо шакли таҳсили рӯзона

фаъолият дошта, ҳамасола ҳудуди 800 – 900 нафар муҳандисон, иқтисодчиён ва технологҳои дорои салоҳияти баланди касбӣ омода менамояд.

Дар Донишкада беш аз 160 нафар ҳайати профессорию омузгорӣ фаъолият бурда, ба 3100 нафар донишҷӯён таълим медиҳанд. Ҳиссаи ҳайати профессорию омузгории дорои дараҷа ва унвони илмӣ 47% -ро ташкил медиҳад.

Дар донишкада 4 факултет фаъолият дорад:

  • Муҳандисӣ-иқтисодӣ (ФМИ)
  • Информатика ва энергетика (ФИЭ)
  • Муҳандисӣ-технологӣ (ФМТ)
  • Сохтмон ва нақлиёт (ФСН)

Директорони донишкада

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Сомонаи расмӣ
  1. Роҳбарият. Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло. polytech.tj. 5 Декабри 2024 санҷида шуд.