Дунаср

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дунаср – такрор, бозгашт, падид омадани шохаи авҷӣ, руҷӯъи яке аз шоха, пардаҳои ирти фоъӣ, авҷии мақомҳоро Дунаср номанд. Дунаср дар санъати мақомҳо ба маънии октава низ истифода мешавад. Дар санъати мақомхонӣ устодон дар ҷараёни иҷрои шохаҳои авҷии ин ё он шохаи овозӣ (насрӣ) вобаста ба имконоти овозиашон аз Дунаср мавриди истифода менамуданд. Махсусан Домулло Ҳалим (1878-1940) дар таҷрибаи иҷроияш аз Дунаср моҳирона истифода намудаст.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 69 ISBN 978-99947-49-13-3