Евросиё

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
Евросиё

Евросиё, материки калонтарини курраи Замин. Масоҳаташ қариб 54 млн. км. кв. (зиёда аз сеяки тамоми хушкӣ). Дар мамлакатҳои Евросиё қариб аз се як ҳиссаи тамоми аҳолии дунё зиндагӣ мекунад. Евросиё аз ду қитъаи олам - Аврупо ва Осиё иборат аст. Пайдарҳамии массивҳои хушкӣ, ягонагии бисёр протсесҳои иқлимӣ, умумияти инкишофи олами органикӣ ва ғайра зарурияти бо як ном ифода кардани материкро ба миён овард. Мавҳуми "Евросиё", км гелоги Австриягӣ Э. Зюсс соли 1883 ба геология ва география дохил кард,аз ҳар ҷиҳат мувофиқ буд. Ба Евросиё ҷазираҳои сершумор дохил мешаванд, ки масоҳати умумиашон ба 2,75 млн.км.кв. мерасад. Табиати Евросиё, аз сабаби дар байни арзҳои экваторию арктикӣ ҷойгир шуданаш, хеле гуногун аст. Дар Евросиё қуллаи баландтарини ҷаҳон - қуллаи Ҷомолунгма (8848 метр баландӣ дорад), ҷойи аз ҳама пастии хушкӣ - Майит (-395 метр), кӯли калонтарин - Каспий (371 ҳазор км.кв), кӯли аз ҳама чуқур - Байкал (1620 метр), ҷойи аз ҳама сернами Замин - Черапунҷӣ дар Ҳиндустон (боришоти солонааш қариб 12 ҳазор мм) ва биёбонҳои беоби нимҷазираи Араб воқеъанд.

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

м