Jump to content

Заҳири Форёбӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Заҳируддин Абулфазл Тоҳир ибни Муҳаммади Форёбӣ
Таърихи таваллуд: 1156
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1201
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ

Заҳируддин Абулфазл Тоҳир ибни Муҳаммади Форёбӣ (форсӣ: ظهیرالدّین ابوالفضل طاهر بن محمد فاریابی‎; 1156, Форёб[d]1201) — шоири форс-тоҷик, намояндаи барҷастаи адаби форсӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Заҳируддин Абулфазл Тоҳир ибни Муҳаммади Форёбӣ охирин намояндаи барҷастаи адабиёти форсӣ-тоҷикии асрҳои XI—XII тақрибан соли 1160 дар қаряи Форёби Балх чашм ба дунёи равшан боз кардааст. Дар Форёб ва Нишопур ба касби илму дониш машғул гардид. Ҳангоми зиндагонӣ дар Нишопур қасидаҳое дар мадҳи ҳокими Салҷуқии он Туғоншоҳ ибни Муайяд назм кард. Аммо Заҳири Форёбӣ мавриди инояти Туғоншоҳ қарор нагирифт. Аз он ба баъд ихтиёри сафари Исфаҳон кард, зеро Исфаҳон маркази илму адаби Ироқи Аҷам буд ва донишмандону суханварони бисёр бо он ҷо иртибот доштанд ва ба ин васила касби маош мекарданд. Дар Исфаҳон ба хидмати Садруддини Хуҷандӣ, ки аз акобир ва фузалои ин шаҳр буд, рӯй овард. Тақрибан ду соли умри ӯ дар Исфаҳон сипарӣ гардид. Баъд аз он озими Мозандарон ва Озарбойҷон шуд. Дар Мозандарон муддати кӯтоҳе ба сар бурда, ҳокими он Ардашер ибни Ҳасанро сутудааст. Шуҳрати бештар касб кардани ҳавзаи адабии Озарбойҷон ва овозаи шоирнавозии Салҷуқиёни Озарбойҷон боис гардид, ки Заҳири Форёбӣ ба ин сарзамин ояд. Заҳир дар ситоиши Туғрал ибни Арслони Салҷуқӣ, Қизил Арслон ибни Элдигиз, Абӯбакр ибни Муҳаммад ибни Элдигиз ва умарои дигари Салҷуқӣ қасидаҳои мадҳӣ гуфтааст. Бештари қасоиди ӯ дар мадҳи Абӯбакр Муҳаммад ибни Элдигиз назм шудаанд, ки теъдоди онҳо аз 35 қасида зиёдтар аст. Ҳамчунин қасидаҳои Заҳир дар мадҳи Қизил Арслон шуҳрат доранд. Саъдии Шерозӣ дар муқаддимаи «Бӯстон» бо назардошти мадеҳаҳои Заҳири Форёбӣ чунин гуфтааст:

Ба роҳи такаллуф марав, Саъдиё,
Агар сидқ дорӣ, биёру биё.
Ту манзилшиносию шаҳ роҳрав
Ту ҳақгӯю хусрав ҳақоиқшунав.
Чӣ ҳоҷат, ки нуҳ курсии осмон
Ниҳӣ зери пои Қизил Арслон?!
Магӯ пои иззат бар афлок неҳ,
Бигӯ рӯи ихлос бар хок неҳ.

Манзури Саъдӣ байти зерини Заҳири Форёбист, ки гуфта-аст:

Нуҳ курсии фалак ниҳад андеша зери пой,
То бӯса бар рикоби Қизил Арслон диҳад.

Аммо нуҳ курсии фалак зери по ниҳодан ва мамдӯҳони худро аз саро ба Сурайё бурдани Заҳири Форёбӣ, ба нисори онҳо овардани табъи олии шоирӣ умри кӯтоҳе дошт. Заҳири Форёбӣ дар фароварди кор аз мадҳу ситоиши подшоҳон ва аҳли дарбор дилмонда шуд, дарёфт, ки умри гаронмояро ба беҳудагӣ сарф кардааст. Пушаймониву надомат ва рӯй овар-дан ба кунҷи қаноат мазмуни аслии ашъори солҳои охири умри шоирро ташкил додаанд. Сарнавишти фоҷиабори Заҳири Форёбӣ дарси ибратпазирест барои аҳли тамаллуқу хушомад ва мадеҳасароёни ҳамаи давру замонҳо. Заҳири Форёбӣ соли 1202 дар Табрез вафот кардааст, қабраш дар ҷавори мақбараи Хоқонист. Боиси дареғ аст, ки шоире соҳибтабъ ҳамчун Заҳири Форёбӣ бар асари шиканҷаи рӯзгор тавфиқи онро наёфт, ки тафаккури зоянда ва қареҳаи олии шоирии худро дар ҷои му-носиб ба кор бибарад.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Меросии адабии Заҳири Форёбӣ дар девони ашъори ӯ, ки дорои муқаддимае мансур аст, фароҳам омадаанд[1]). Дар бораи нусхаҳои хаттии девони шоир Аҳмади Мунзавӣ иттилооти судманд ҷамъ карда, дар бораи 79 нусхаи он, ки дар китобхонаҳои Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Миср, Фаронса, Англия ва кишварҳои дигар нигаҳдорӣ мешаванд, хабар додааст. Ашъори Заҳири Форёбӣ бо осори Заҳири Исфаҳонӣ (асри ХVII) ва Шамси Табасӣ (асри XII ва аввали асри XIII) омезиш ёфтааст. Ин омезиш бо ҷурми ноширони девони Заҳир рух додааст, ки дар асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба ин кор иқдом кардаанд. Аз ҷумла дар «Куллиёти Заҳири Форёбӣ», ки соли 1889 дар Лакҳнави Ҳиндустон мунташир гаштааст, ғазалиёти Заҳири Исфаҳонӣ ҳамчун ашъори шоири Форёбӣ ба табъ ра-сидаанд. Нашри илмии девони Заҳири Форёбӣ бо саъю эҳтимоми донишманди эронӣ Тақии Биниш сурат гирифт ва соли 1950 дар Машҳад ба табъ расид. Ин девон қасоид, ғазалиёт, таркиббандҳо, қитъаҳо, рубоиёт ва як маснавии шоирро, ки дорои 17 байт мебошад, дарбар гирифтааст. Дар ин нашри девони Заҳири Форёбӣ 4848 байт ашъори шоир дарҷ шудааст. Дар асоси тасҳеҳи Тақии Биниш анҷом додани нақду таҳлили ашъори Заҳири Форёбӣ матлуб аст. Аз баррасии девон латофату равонии суханони шоир, пухтагии маъно ва ҷазолату тозагии он падидор аст. Махсусан, дар он бахши ашъор, ки шоири Форёбӣ дар баёни ишқу отифоти инсонӣ, тасвири манзараҳои табиат ва талқини нуктаҳои ахлоқӣ ҳиммат баргумоштааст, салиқаи шеърии ӯ хубтар намоён аст.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]
Дишаб хирадам насиҳате пинҳон гуфт,
Дар гӯши дилам гуфту дилам бо ҷон гуфт:
«Бо кас ғами дил магӯй, зеро ки намонд
Як дӯст, ки бо ӯ ғами дил битвон гуфт».
То хоси Худой аз дилу ҷон нашавӣ,
Бар маркаби фақр марди майдон нашавӣ.
Шерони ҷаҳон пеши ту рӯбаҳ гарданд,
Гар ту саги нафсро ба фармон нашавӣ
Бо гул гуфтам, чу сӯи гулзор оям,
Аз аҳди бади ту суст гардад роям.
Гул сӯи ту бингарид дуздидаву гуфт:
«Бадаҳдтар аз худат касе бинмоям?!»
Чун бар талиаи шаб гашт ошкор,
Офоқ сохт кисвати аббосиён шиор.
Пайдо шуд аз канораи майдони осмон
Гӯйӣ ҳилол чун сари чавгони шаҳриёр.
Дидам зи зари пухта бар ин чархи лоҷвард
Нуне, ки гӯиё қалам кардаӣ нигор.
Рӯи фалак чу луҷҷаи дарёву моҳи нав
Монанди киштие, ки зи дарё кунад гузор.
Ё ҳамчу Юнус омада берун зи батни ҳут
В-афтода бар канораи дарё ниҳефу зор.
Ё бар мисоли моҳии Юнус миёни об
Оҳанг дар кашидани ӯ карда аз канор…

Аз Қасоид

Маро зи дасти ҳунарҳои хештан фарьёд,
Ки хар яке ба дигар гуна дорадам ношод.
Бузургтар зи ҳунар дар Ирок айбе нест,
Маро мапурс, ки ин ном бар ту чун афтод.
Хунар нухуфта чу анко бимонд аз он-ки намонд
Касе ки бозшиносад хумойро аз худ.
Танам гудохт чу мум аз ано дар ин фикрат,
Ки оташ аз чи ниходанд дар дили фулод?
Чаман чи гуна биёрост комати ар-ар?
Сабо чи гуна биперост турраи шамшод?
Дилам чи хуни чигар хурд то бидонистам,
Ки одами зи чи пайдо шуду пари зи чи зод?
Валек хечам аз ин дар Ирок собит нест.
Ту хох дар Хамадон гиру хох дар Багдод.
Маро худ аз ҳунари хеш нест чандон бахт,
Хушо фасонаи Ширину киссаи Фарход.
Таматтуъе, ки ман аз фазл дар ҷаҳон дидам
Хамон чафои падар буду силии устод.
Камина, пояи ман шоирист, худ бингар,
Ки то чи поя кашидам зи дасти ӯ бедод.
Ба пеши хар ки аз ин ёд мекунам тарфе,
Намекунад пас аз он то тавонад аз ман ёд.
Зи шеър чинси ғазал бехтар асту он хам нест
Бизоате, ки тавон сохтан бар он бунёд.
Бинои умр хароби гирифт чанд кунам
Зи рангу буйи касон хонаи хавас обод?
Маро аз ин чи ки ширинлабест дар Кашмир?
Маро аз ин чи ки симинбарест дар Нушод?
Дар ин басанда кун аз холи мадху хеч мапурс,
Ки шархи дарди дили он наметавонам дод
Бехин гуле, ки аз ӯ бишкуфад маро он аст.
Ки банда хонам худрову сарвро озод.
Гахе лакаб нихам ошуфта зангиеро хур,
Гахе хитоб кунам зиштсифлаеро род,
ҳазор домани гавхар нисорашон кардам,
Ки хеч кас шабахе дар канори ман нанход.
ҳазор байт бигуфтам, ки об аз ӯ бичакид,
Ки чуз зи дида дигар обам аз касе нақшод.
Дар ин замона чу фарёдрас намебинам,
Маро расад, ки расонам бар осмон фарьёд…


Аз Ғазалиёт

Хирочи Чин сари зулфат зи мушки ноб гирифт,
Рухи ту оина аз дасти офтоб гирифт.
Гар офтоб най, аз чи, эй камонабру
Ту чун савор шуди, моҳи нав рикоб гирифт?
Ту то ба ноз фиганди ба чехра зулфи сиёҳ,
Фигон зи халқ баромад, ки офтоб гирифт.
Бигу ба хоб, ки дар чашми ман маё имшаб,
Чазирае, ки макони ту буд, об гирифт.
Миёни хоб ба ман гиря даст дод Захир,
Фигон, ки душмани хуни маро ба хоб гирифт.


Дилам чун дар сари зулфи ту ҷон баст,
Бар ӯ ишқат дари хар ду ҷаҳон баст.
Сари зулфат чу з-ин холат хабар ёфт,
Ба касди ҷони ман ҷон бар миён баст.
Туро чун нест руи ошнои,
Чи тарф аз васли руят бартавон баст.
Латофат дар ҷаҳон руи ту овард.
Сабо чизе аз он бар гулситон баст.
Шакар дар най чу хаттат сабзу тар дид,
Аз он худро бар он шириндахон баст.
Лабатро лаъл хонам, не, на к-он чун
Зи савдои лабат дар ирк кон баст.
Надонам то чи мехохи ту, з-он лаб-
Маро боре дар он маъни забон баст.
Даре гар фитна аз чашми ту бикшуд,
Ба дасти маъдалат сохибкирон баст.
Боз бар ҷонам фирокат подшоҳи мекунад,
В-он чи дар олам нагунчад аз табохи мекунад.
Шахри сабрам то сипохи хачри ту горат заданд,
Бар ман он карди, ки бо русто сипохи мекунад.
Бегунохам кушт ишқат, вой агар буди гунох,
Хол чун буди, чу ин дар бегунохи мекунад?
Чашми ту даъвои хуби карду абру шуд гувоҳ,
Каж чаро шуд гар на майле дар гувоҳи мекунад.
Дар ғамам гуфти сабури кун, бале, шояд кунам,
Хеч чое сабр агар беоб моҳи мекунад?

Аз Рубоиёт

Бо он ки хуш омад аз ту, эй ёр, чафо,
Лекин набувад чафот харгиз чу вафо.
Бо ин ҳама розиям ба дашном аз ту
Аз дӯст чи дашном, чи нафрин, чи дуо?
Розе, ки ба гул насими сунбул гуфтаст,
Пайдост надонам, кӣ ба булбул гуфтаст?
Аз гунчаи лаббаста наёяд ин кор,
Гул буд дахандарида, хам гул гуфтаст.
Асбоби тараб аз ҳама бобе дорам,
Аз дидаву дил маю кабобе дорам.
Хар гуша, ки менишинам аз давлати ашк
Дар мадди назар чадвали обе дорам.
Вогардад агар панд пазирад гурба.
Ё дар тала чун муш бимирад гурба.
Гуянд ҷаҳонгир шавад гурба, валек
Гар муш шавад, ҷаҳон нагирад гурба.

Аз Муқаттаот

То ту боши, хар кучо боши, забон хомуш дор,
В-аз сухан, к-ат суд кучо боши забон хомуш дор,
Хар чи гуи, куш то девори хона нашнавад.
З-он ки бас деворхоро гуш бошад, хуш дор.
Муаллак аст дилам дар кашокаши ғами вом,
Чунон-к гуи бийнассамои вал арз аст.
Ба холате бирасидам, ки то ба оби сабуй
Хар он чи вазъи маоши ман аст аз карз аст.
Шунида банда, ки фармондехи ҷаҳон мегуфт,
Ки ғам махур ту, ки тимори кори ту бибарам.
Зи хурданихо ман худ ҳамин ғаме дорам,
Чу з-ин баромадам, охир, аз ин сипас чи хурам?
  1. Абдуллоев А. Заҳири Форёбӣ, с.67
  • Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор. Ҷ.1. — Хуҷанд, 2013. — С.403-408