Зинҳор Насрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зинҳор Насрӣ
Таърихи таваллуд 16 май 1999(1999-05-16) (24 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша корофарин, барномасоз, блогнавис, викинигор
Вебгоҳ zinhor.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зинҳор Насрӣ (Зинҳор Насриддинзода; 16 май 1999, деҳаи Искодар, ноҳияи Айнӣ) — барномасоз, соҳибкор[1], блогер[2], фаъоли иҷтимоӣ ва викинависи тоҷик[3]. Ҳаммуассис[4] ва мудири ширкати фанноварии «Navju Tech».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зинҳор Насрӣ 16 майи соли 1999 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ дар хонадоне илмдӯст шашумин фарзанд, ва аз ҳама хурдӣ ба дунё омадааст[5]. Давраи наврасиаш дар шаҳри Душанбе сипарӣ шуда, мактаби № 50-и шаҳри Душанберо хатм кардааст. Вай айни хатми мактаб мехост, ки тарҷумон ё сафир шавад, аз ин рӯ, ихтисоси тарҷумони забони олмониро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯхт.

Зинҳор соли 2017 ҳамроҳи дӯсташ Зубайдулло лоиҳаи «Донишхона»-ро тарҳрезӣ намудаву муаррифӣ кард ва чун мутахассиси соҳаи IT шиноха шуд[5].

Соли 2022 Зинҳор Насрӣ роҳбари Ассотсиатсияи стартапҳои Тоҷикистон интихоб шуд[5].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Блогери сол (Душанбе, 2023)[6]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]