Зуҳур Ҳабибуллоев
Таърихи таваллуд | 4 январ 1932 |
---|---|
Зодгоҳ: | Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 8.04.2013 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Рассоми халқии ҶШС Тоҷикистон (1987) |
Зуҳур Ҳабибуллоев (Ҳабибуллоев Зуҳур Нурҷонович; 4 январи 1932, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон — 8 апрели 2013, Душанбе, Тоҷикистон) — рассоми тоҷик, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон (1967), Рассоми мардумии Тоҷикистон (1987). Яке аз падидоварандагони Парчами Тоҷикистон[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ соли 1932 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст[2]. Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (1953) ва Омӯзишгоҳи олии рассомию саноатии шаҳри Ленинградро (1958) ба поин оварда, ба корҳои эҷодӣ шуғл варзидааст[3].
Дар шуъбаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон сабақ додааст. Бештар аз ҳаёти рӯзмарра асарҳо эҷод карда, хусусиятҳои рӯҳии нақши тасвиршавандаро табиӣ ва возеҳ инъикос менамуд. «Сохтмони ГЭС-и Норак», «Меҳмонхона дар Норак», «Стансияи бензингирӣ», «Сари боло», «Чӯпонони Қубониён», «Пашитарошӣ дар Қубониён» дар мавзӯъи рӯзанд, табиати Тоҷикистонро дар «Баҳор», «Най», «Ташнагӣ», «Рамаронӣ дар баҳорон», «Субҳидам» барин расмҳо тасвир сохтааст, натюрмортҳояш — «Палав», «Тайёрӣ ба ид», «Натюрморти помирӣ» баёнгари истеъдоди волои рассоманд. Дар ороиши бисёр биноҳои маъмурию фарҳангии пойтахт фаъолона иштирок кардааст. Иштирокдори чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад[3].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст[3].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Зуҳур Ҳабибуллоев 8 апрели 2013 дар Душанбе дар 82-солагӣ пас аз бемории начандон тӯлонӣ даргузашт[4].
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бародари Зуҳур Ҳабибуллоев — Низом Нурҷонов, доктори илм, матраҳтарин пажӯҳишгари театр ва рақси тоҷикӣ ба шумор мерафт масоили марбут ба театр ва рақси тоҷикиро таҳқиқ кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аввалин Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода гардидааст. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24 феврали 2021 санҷида шуд.
- ↑ Ҷамшед Ғанизода. Дар тасвири ӯ рангҳо «ба сухан» даромаданд.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Даргузашти Рассоми мардумӣ Зуҳур Ҳабибуллоев. www.asiaplustj.info. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. 24 феврали 2021 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 4 январ
- Зодагони соли 1932
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон дар Викианбор
- Рассомон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Рассомони Тоҷикистон
- Академияи мусаввирии Тоҷикистон