Иброҳим Ниёзович Исмоилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳим Исмоилов
Иброҳим Ниёзович Исмоилов
Зодгоҳ ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ сиёсатшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012).

Иброҳим Ниёзович Исроилов — олим, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Иброҳим Исроилов соли 1989 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ-ро бо ихтисоси муаррих, муаллими таърих ва ҳуқуқ хатм намудааст. Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифоъ намудааст. Исроилов солҳои 1978-1980 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии н. Ленин (Рӯдакӣ) таҳсил намудааст. Солҳои 1982-1984 мудири шуъбаи методии китобхонаи марказии н. Москва ( н. Ҳамадонӣ) фаъолият намудааст. Солҳои 1989-1991 ассистенти кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи Т.Г. Шевченко. Солҳои 1991-1993 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи фалсафаи донишкадаи мазкур. Солҳои 1993 – 2007 корманди Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2007- 2008 ҳонишини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Солҳои 2008 – 2011 директори филиали Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт. Солҳои 2011- 2012 сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои 2012 – 2014 муовини ректор оид ба корҳои иқтисодиёт ва хоҷагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. 2014-2015 декани факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маорифи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. 2015-2018 муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт. Аз сентябри соли 2018 то имрӯз дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар н. Рашт кор ва фаъолият менамояд. Дар давраи фаъолияти худ ба мукофотҳои давлатии СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Ифтихорномаи фахрии Комитети марказии комсомоли Тоҷикистон соли 1988, Медали 10-солагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, ифтихорномаи раиси Комитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012, медали 80-солагии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004. медали 80-солагии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 2011. Вакили Анҷумани Х1V Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 2020.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Дониш чашмаи обест..» (Дастури методӣ). Д., 2010);
  • «Современная миграционная политики Республики Таджикистан»., Д., 2014;
  • «Вожаҳои фалсафа ва методологияи илм» (ҳаммуаллиф). Д., 2015;
  • Маҷмуаи таълимию методӣ аз фанни фалсафа. Д., 2018;
  • Масъалаҳои глобалӣ дар замони истиқлолият (бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатӣ (маҷмуаи мақолаҳо). Д., 2019;
  • Маҷмуаи таълимӣ аз фанни сиёсатшиносӣ. Д., 2020;
  • Воситаи таълимӣ аз фанни сиёсатшиносӣ, Д., 2021;
  • Хӯшаҳо аз нахли истиқлол (бахшида ба 30- солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии нахустин Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт). Д., 2021.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]