Илёси Танбӯрии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илёси Танбӯрии Самарқандӣ
Илёси Танбӯрии Самарқандӣ
Таърихи таваллуд 1867
Зодгоҳ ш. Самарқанд
Таърихи даргузашт 1915(1915)
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Илёси Танбӯрии Самарқандӣ (Хоҷа Илёси Танбӯрӣ, с.тав. 1867 Самарқанд, с.ваф. 1915 Самарқанд) — сароянда, навозанда, танбӯрӣ, мусиқидон, Суннатбардори «Шашмақом» дар ҳавзаи иҷроии Самарқанд. Аз мардуми атрофи Самарқанд (Оҳалик) буда, мусиқиро (сознавозию овозхониро) ибтидо дар зодгоҳаш омӯхта, дар доираҳои ҳунарии шаҳр эътибори хоса доштааст. Назди Раҳимбердии Танбӯрӣ, Мардонқули танбӯрӣ сознавозию овозхониро фаро гирифт. Ӯ барои такмили касб ба Бухоро рафта, назди Қорӣ Каромат ҳунарашро такмил медиҳад. Дар иҷрои шохаҳои «савт», «талқин», «муғулча», «намуд», «тасниф», «тарҷеъ», «мухаммас» ва таҷдиди ифодаҳои хоси авҷии мақомҳо («Авҷи Турк») корҳои зиёди ҳунарӣ анҷом медиҳад ва назди аҳли созу овоз пазируфта шудаанд. Дар танбӯрнавозӣ сабк, ифодаҳои муассири иҷроиро рӯи саҳна оварда, аз ин рӯ дар ҳаёти ҳунарӣ бо номи «Илёси нохунтило» машҳур мешавад. Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852-1936) аз ӯ дарсҳои ҳунарӣ андӯхта, дар шеъру шоирӣ ҳам завқи саршор дошт ва бо тахал. «Илёсӣ» ғазалу рубоиҳои рангин гуфтааст. Дафтар, баёзи мусиқӣ ҳам сохта, дар он аз осораш «Дидаи гирён», «Савти бедилон», «Баёти дилангезон» ва ғ. ро чун маҷмӯи овозӣ ворид кардааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Мусохоҷаи Туркистонӣ, Рисолаи Шашмақом, Р:9044-11, ИВАН Уз.ССР; Шашмақом, Р:1428-11, ИВАН Уз.ССР; Шашмақом, Р:1197-V, ИВАН Уз.ССР; Рисолаи Шашмақом, Р:1466-11, ИВАН Уз.ССР; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 85 ISBN 978-99947-49-13-3