Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини АМИТ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ИК ба номи В.И.Никитини АИҶТ)
Таъсис 1946
Директор Сафаров Аҳрор Мирзоевич
Кормандон 99
Аспирантура 24
Докторантура 1
Макон  Тоҷикистон, Душанбе
Нишонии ҳуқуқӣ кӯч. Айнӣ 299/2, 734063
Вебгоҳ ikai.tj

Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — институти илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кимиёшиносӣ.

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли 1946 дар базаи озмоишгоҳи аналитикии шаҳри Ленинобод (ҳозира шаҳри Хуҷанд) ва озмоишгоҳи кимиёвии шаҳри Сталинобод (ш.Душанбе) таъсис ёфта ва расман он 26 июли соли 1950 дар таркиби се озмоишгоҳ, чун Институт ба тасвиб расидааст. Институти кимиёи ба номи В.И Никитини АИ ҶТ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Институти кимиё ба роҳ мемонад. Яке аз созмондиҳанда ва директори доимии Институт дар муддати 25 сол доктори илми химия, академик АИ Тоҷикистон, Ходими хидматнишондодаи Илми Тоҷикистон, професор В.И Никитин, шогирди олими барҷастаи рус А.Е. Фаворский мебошад, ки соли 1977 Институти химия ба номи ӯ гузошта шуд. Дар он давра самти асосии фаъолияти Институт омӯзиш ва азхудкунии захираҳои таббии Тоҷикистон буд. Аз рӯзи аввали таъсисёбӣ Институти кимиё самти густурдаи таҳқиқи бунёдӣ ва амалиро пеш гирифт. Бинобар ин, махсусан аз лаҳзаи ташкили Институти Кимиё дар таркиби он озмоишгоҳи синтези органикӣ, озмоишгоҳи химияи нафт ва ангишт ва инчунин озмоишгоҳи аналитикӣ (таҳлилӣ) амал мекунанд. Барои таъмини таҳлили корҳои илмӣ - пажуҳишӣ, ҳанӯз соли 1946 озмоишгоҳи аналитикӣ ташкил карда шуд, ки дар он корҳо оид ба омӯзиши конҳои намаки Хоҷа-Муъмин ва Хоҷа-Сартез анҷом дода мешуданд. Дар ин давра корҳо оид ба омӯзиши биогеохимияи йод ва фтор шурӯъ шуда буд. Дар соли 1964 озмоишгоҳ ба озмоишгоҳи геохимия ва химияи аналитикӣ табдили ном кард, ки он то кунун дар сохтори Институти кимиё вуҷуд дорад (мудир- Д,Н, Почоҷонов, ҳоло Академики АИ ҶТ). Таҳқиқоти илмӣ оид ба химияи ғайриорганикӣ таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ Иван Алексеевич Глухов бо ҳалли яке аз проблемаи химия филизоти нодир ва парешхуранда (рассеянных), муайянсозии механизми реаксияи хлоркунонӣ ва омӯзиши табиати кимиёӣ ва хосияти ниҳоӣ ва фосилавии маҳсулоти реаксияҳои мазкур шурӯъ шуда буд. Инкишофи саноати маъдани куҳӣ дар соҳаи ғанисозии канданиҳои фоиданок, гузаронидани корҳои таҳқиқотиро тақозо мекард. Таҳқиқот дар ин самт дар ахири солҳои 50-ум таҳти роҳбарии И.А.Глухов оғоз гардид ва дар соли 1958 ин корро академик АИ ҶТ Пётр Михайлович Соложенкин роҳбари намуд ва дар соли 1962 дар Институти химия озмоишгоҳи ғанисозӣ ташкил карда шуд. Аз соли 1968 то соли 1971 академик АИ ҶТ П. М. Соложенкин роҳбарии Институт буданд. Барои омӯзиши раванди тасфияи физикӣ- кимиёвӣ кормандони озмоишгоҳ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин шуда дар таҳқиқоти худ усули радиотайфбинии магнити (магнитной радиоспектроскопи)- ро ҷорӣ намуд. Нахустин бор реактиви спиннишонадор (спинмеченые реагенты) шабеҳи реагентҳои тасфиявӣ барои омӯзиши механизми таъсири мутақобилаи онҳо бо сатҳи маъданҳо пешниҳод гардид. Озмоишгоҳи мазкур тоҳол дар сохтори Институт вуҷуд дорад ва онро док-тори илмҳои техникӣ З.А. Зинченки роҳбарӣ менамояд. Дар Институти кимиё таҳқиқоти густурдаи захираҳои маҳаллии ашёи хоми карбондор ба мақсади ҷустуҷӯи роҳҳои имконпазири аз нав коркарди кимиёвии он ва истифодабарӣ дар иқтисодиёт бурда мешуд Яке аз аввалин озмоишгоҳи дар соли 1946 ташкил намуда, озмоишгоҳи химияи нафт ва ангишт буд, ки баъдан ба озмоишгоҳи химияи нафт ва химияи ангишт ҷудо карда шуд. Дар соли 1955 нахустин озмоишгоҳро Эшонқул Усмонович Нуъмонов роҳбарӣ карда, баъдан академик Нуъмонов Э.У. 17 сол директори Институти кимиёро бар уҳда доштанд. Ҳадафи муҳимтарини фаъолияти илмии озмоишгоҳи мазкур омӯзиши амиқ ва ҳаматарафаи нафти сулфитдори Тоҷикистон мебошад. Э.У.Нуъмонов дар ин самти илми кимиё аввалин кашшоф буд. Дар озмоишгоҳи химияи ангишт (мудир З.А.Румянцев) ба таври озмоишӣ маводи фарох оид ба оксидшавӣ ва омӯзиши маҳсулоти оксидшавии ангишти бӯр ва сангӣ гирифта ва ҷамъбаст гардид ва доираи зиёди корҳо оид ба омӯзиши кимиёвӣ ва кимиё - технологии конҳои ангишти Тоҷикистон анҷом дода шуд Маълум гардид, ки ангиштсанги калонтарин дар Осиёи Марказӣ кони Фон-Яғноб буда, ашёи хом барои ҳосилкунии кокси баландсифати металлургӣ ба шумор меравад. Аз лаҳзаи ташкили Институти кимиёи АИ ҶТ дар таркиби он озмоишгоҳи синтези органикӣ амал мекунад, ки ном ва пажуҳиши анъанавии он то кунун бетағйир мондааст Ҳоло озмоишгоҳи мазкурро доктори илми кимиё, профессор М.Д. Исобоев роҳбарӣ менамояд. Бояд қайд кард, ки дар ҳамкории зич бо озмоишгоҳи синтези органикӣ озмоишгоҳи формакологӣ фаъолияти илмии худро мегузаронад, ки он бо ташаббуси В.И. Никитин соли 1968 ташкил ёфта буд, ки онро то соли 2014 академик АИ ҶТ К.Х. Ҳайдаров роҳбарӣ кардааст. Аз давраи ташкили озмоишгоҳ беш аз 3000 пайвастагиҳои бавуҷудомадаи набототӣ, маҳсулоти қатори синтези оксигендори маҳсули асетилинӣ, карбоматҳо, пайвастагиҳои алифатӣ ва хушбӯии сулфурдор, алкалоидҳои тағйирёфтаи берберин, папаверин, салсолидин, эфедрин, ситизин, кабудин ва ғ. таҳқиқотҳо гузаронидааст. Дар асоси таҳқиқотҳои то клиникии гузаронидашуда, дорувориҳои «Карботин», равғани ангат, мумиё, берберин, фитосуман ва балзами «Сино» дар саноати тиб ҷорӣ карда шудааст. Таъсири равғани ангат дар раванди таҷдид ва табобати захмёбии меъда омӯхта шудааст. Дар соли 1960 дар Институти химия таҳти роҳбарии академики АИ ҶТ К.Т. Порошин дар соҳаи химияи сафеда ва пептидҳо: синтез ди-,три- ва тетрапептидҳои аминотрушиҳо (глицин, аланин, лизин, аргинин, пролин, оксипролин ва ғайра) таҳқиқот шурӯъ гардид. Дар пайдарҳамии гуногун ва поликонденситсияи охирини он имкон дод, ки якқатор полипептидҳои баландмолекуляри сохташон мураттаб - моделҳои синтетикии порчаҳои булӯрии баъзе сафедаҳои табиат – фиброинаи абрешим, коллагена, лизиноми ғанӣ ва фраксияи аргинини гистонҳо ва протаминҳо ҳосил карда шавад. Соли 1980 Институт дар рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, баланд бардоштани самарабахшӣ ва ихтисори муҳлати татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амалия ба муваффақиятҳои арзанда ноил гардид. Ҳамин тавр, дар соли 1981 озмоишгоҳҳои Институт аз рӯи 23 мавзӯъ ихтироот гузарониданд, ки 8 мавзӯъи он оид ба ҳалли проблемаи илмӣ- техникии умумииттифоқӣ ва мавзӯъи махсусро фаро мегирифт. Бо ибтикор ва роҳбари илмии олимони Институти кимиё дар давраи солҳои 70-90-уми асри гузашта се озмоишгоҳи озмоишӣ- истеҳсолӣ роҷеъ ба тавлиди партияи таҷрибавии мавод барои техникаи ҷадид, завод оид ба тавлиди алюмини софтозаи «Кондара», коргоҳи таҷрибавӣ- саноатӣ оид ба тавлиди моддаи пектинӣ дар назди ИСИА «Шаҳринав», «Заводи таҷрибавии Институти химия оид ба тавлиди намаки тиббӣ», «Падида», оид ба тавлиди дурдабанд(коагулянт) барои обтозакунӣ сохта шуд. Дар ин солҳо (1987-2003) академик Улмас Мирсаидович Мирсаидов роҳбари Институт буданд. Олимони Институт дар рушди ҷанбаҳои бунёдии соҳаҳои гуногуни илми кимиё саҳми арзанда гузоштанд. Ба ҷуз таҳқиқоти фавқуззикр, дар бораи ихтирооти усули нави ҷудосозӣ ва тозакунии фторидҳои ишқордор ва аносири ишқоризаминиро бояд қайд кард (мудири озмоишгоҳи кимиёи фторидҳо профессор Д.Д Икромӣ), ки дар намуди монокристал хосияти баланди оптикиро доро мебошад. Такмили минбаъдаи назария ва амалияи гудозиши зоннавӣ гузаронида шуд, ки он бо ҳосилкунии фавқуссофи филизот, хӯлаҳо дар асоси алюминӣ, бария, стронсий ва дигар филизот овард (А.В. Ваҳобов, И.Н. Ғаниев, Ф.У. Обидов). Равандҳои нави технологии ғанисозии канданиҳои фоиданок коркард гардид, ки ба эҷоди тарзи тасфияи маъдани симобу сурма овард, ки дорои аҳамияти саноатӣ мебошад. (П.М. Соложенкин, З.А. Зинченко, Г.Ю. Пулатов, З.Р. Баратов). Таҳқиқотҳои зиёде оид ба мавзӯъи махсус бахшида ба синтез ва омӯзиши хосияти кимиёвӣ-физикии гидридҳои ғайриорганикӣ анҷом дода шудааст (У. Мирсаидов, М.С. Пулатов, Р.Ф. Гатин). Озмоишгоҳи масолеҳи ба зангзанӣ тобовар (мудири озмоишгоҳ академик АИ ҶТ Ғаниев И.Н.) дар Ҷумҳури ташкилоти асосӣ дар соҳаи ҳифзи филизот аз зангзанӣ гардид, аммо озмоишгоҳи кимиёи полимерҳои тиббӣ-биологӣ (мудири озмоишгоҳ академик АИ ҶТ Холиқов Д.Х.) ташкилоти пешсаф оид ба иҷрои барномаи комплексии ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Дар доираи иҷрои барномаи мазкур дар соҳаи эҷоди полимерҳои таъйиноти тиббӣ дошта дар асоси мономерҳои этинилпиперидола ва моддаи пектинӣ саҳмаи арзанда гузошта шудааст. Дар озмоишгоҳи нахбунёдкундаи полимерҳо таҳқиқоти васеъи қонунияти деструксияи гармотрушӣ ва устувории атсетатҳои селлюлозӣ ва полиамидҳо ва ҳамчунин оид ба истифодаи рангкунанда барои навъи полимерҳои нахҳосилкунанда ва тарзи ҳосилкунии селлюлозаи микробулӯрӣ гузаронида шуд (И.Я. Калонтаров, Ф.Ф. Ниёзӣ, К.М. Маҳкамов). Қисмати ҷудонопазири корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Институти кимиё ба дараҷаи боз ҳам густурдатар корҳои ихтироъкорӣ ва патентӣ –летсензионӣ қарор мегирад. Дар ахири солҳои 70-80-уми асри гузашта Институт кимиё ҳамасола беш аз 40 шаҳодатномаи муаллифӣ дарёфт намуд, ки як қатори он дар Англия, ИМА, Шветсария, Франсия ва дигар кишварҳо патент карда шудааст. Аксарияти ихтирооти Институт ба тасвиб расида, дар истеҳсолот ҳам дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ҳам дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, тавлиди сӯзишвории сахти мушакӣ дар базаи ИИ «Навои-азот» ва тарзҳои истифодаи партовҳо дар заводи алюминияи тоҷик ба роҳ монда шуд. Тарзи ҳосилкунии фторидҳои бария ва лития ва инчунин керамикаи оптикӣ дар Институти оптикии ба номи С, И. Вавилов ва заводи «Красный химик» (Ленинград) истифода карда шуд, аммо реагент КТА-ДАФ дар комбинати кимиёвии Шостаков истеҳсол мегардид ва дар заводи заргарии Душанбе, заводи агрегатии Чебоксар ва заводи мошинсозии ваз-нини Жданов истифода карда мешуд. Ихтирооти академик П.М. Соложенкин ва кормандони он оид ба тасфияи маъдан дар заводҳои Комбинати металургии Алмалик, комбинати сурбу руҳӣ Адрасман ва хӯлаҳои алюминий дар Новокузнец, заводи гидрометаллургии Исфара ва инчунин дар иттиҳодияи истеҳсолии «Вектор» -и Урал, иттиҳодияи истеҳсолии « УралО-МО», заводи турбомотори (ш. Екатеринбург), Иттиҳодияи истеҳсолии «Электромашин» (г.Челябинск) мавриди истифода қарор гирифтаанд. Яке аз комёбиҳои муҳимтарини Институти кимиё дар амалияи тиббӣ истифодабарии дорувории зиддиэпилептикии «Карботин» бо роҳбарии академик Ҳайдаров К.Ҳ. ва гемосорбенти «ИХАНТ» бо роҳбарии академик Холиқов Ҷ.Х. метавон ҳисобид. Синтез кардани пептидҳои хурдмолекулӣ зоҳиркунандаи таъсири иммунноомилӣ: бо усули инверсионӣ-волт-амперии муайянкунии симоб дар обҳои табиӣ ихтироъ гардид ва ҳамзамон шароити беҳтарини муайянкунии микроғаноиши мис, сурб, висмут, кадмия ва руҳ дар электроди симобдори қабати нуқрагин дар фториди барияи бо гуногунияти софӣ бо усули инверсионнии волтамперметрӣ муқаррар карда шуд. Барои дар соҳаи илм ба муваффақиятҳо ноилшавӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ кормандони Институт П.М. Соложенкин, Н.И. Копиця, В.С. Пупков ба мукофоти Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ва А.В. Ваҳобов, Ф.У Обидов, Г.А. Козаренко, Д.Х. Холиқов, З.Б. Шарифова и З.Қ. Мухиддинов ва Ғаниев И.Н. – ба мукофоти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техникаи ба номи Абу Али ибни Сино сазовор гардиданд. Барои фаъолияти бомуваффақияти ихтироъкорӣ И.Я. Калонтаров, К.Х. Ҳайдаров, И.Н. Ғаниев, З.А. Зинченко, К.М. Маҳкамов ба унвони ифтихории «Ихтироъкорӣ хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф шуданд. И.Н. Ғаниев, аввалин олими ихтироъкор дар Тоҷикистан, сазовори медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳҳнӣ дар соли 1997 ва дорандаи мукофоти Муассисаҳои илми-таълимӣ ва санъти давлатҳои Исломӣ (ISESCO) гардид.

Дастовардҳои Институт[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии институтро дар давраи аввалӣ истиқлоли давлатии ҶТ таҳлил намуда қайд кардан зарур аст, ки дар авввали солҳои 90-ум Институт дар вазъияти ниҳоят вазнин қарор дошт. Аз соли 1991 олимон ба соҳаҳои маориф, истеҳсолот ва савдо ру оварданд, инчунин аз ҳудуди Тоҷикистон берун рафтанд ин ҳолат то соли 1998 идома ёфт. Маблағгузори ва таъмини моддию-техникии тадқиқотҳои фудаменталӣ ниҳоят кам шуд. Бо сабаби рафтани олимон ва норасии мутахасисон ва хусусан роҳбарони мавзӯъҳои илми, ки онҳо дар навбати худ мудирони озмоишгоҳҳо буданд дар муддати солҳои 1991-1999 дар институт шаш озмоишгоҳ баста шуд. Дар чунин шароит масъалаи муҳимтарини институт ин такмил додани сохтор, муттаҳидсозии мавзӯъҳо, ҳалли вазфаҳои илмие, ки барои ҷумҳурӣ зарур, ҷустуҷуи маблағгузории ғайрибуҷавӣ, нигоҳдории кадрҳои мавҷудбуда ва тайёр намудани докторҳо ва номзадҳои илм ба шумор мерафт. Бо пешниҳоди АИ ҶТ Хукумат ҶТ «Руихати самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҶТ дар давраи соҳои 2009-2015» ва «Барномаи интегратсияи илм ва маълумоти олии ҶТ барои солҳои 2010-2015» қабул намуд, ки дар оанда барои рушди илм дар Ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Соли 2003 академик Холиқов Ҷурабой Холикович директори Институтро ба уҳда доштанд, ки то соли 2014 Институти кимиёро роҳбарӣ намуданд. Ба натиҷаҳои муҳимтарини илмии дар Институти кимиё дар даҳсолаи охир ба дастоварда марбутанд: Ихтироъи нави хӯлаҳои алюминияи нави зангназананда барои эҳтиёҷоти маҷмаи мошинсозии ҷумҳурӣ ихтироъ карда шуд. Хӯлаи рӯҳ- алюминияи (Zn5Al, Zn55Al, Zn+0.5%Al) филизоти нодири заминӣ ва ишқорӣ, чун иловагии тағйирдиҳанда ба сифати пӯшиши анодӣ ва протектор барои муҳофизати иншооти пӯлодӣ ва маснуот аз зангзанӣ таъйин гар-дидааст. Ин ихтироот бо патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя гар-дидааст (TJ199, TJ276, TJ309, TJ310, TJ 312, TJ317-319, TJ342, TJ 451, TJ 465, TJ510, TJ602 ва TJ 604 дигарон Ғаниев И.Н., Эшов Б.Б., Норова М.Т.,Бердиев А.Э., Обидов.Р., ва ғайра). Технологияи ҳосилкунии хӯлаҳои гудохтаи алюминияи бисёртаркиба бо сохтори кафолотдиҳандаи тағйрёбанда ба сифати иловагии ҷавҳардиҳан-да ишқорзаминӣ (барий, стронций), камзаминӣ (церийпразеодим, неодим) филизот ва сурма истифодашаванда коркард гардидааст. Хӯлаҳо бо патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон №ТJ 712 (Ғаниев И.Н.) ҳимоя шудааст. Аз хӯлаҳои бо роҳи гудозиш коркардшуда метавон ҷузъҳои алоҳидаи автомо-бил, трактор, мошинҳои кишоварзӣ, насосҳои обкашӣ ва ғайра рехтан мум-кин аст. Барои муолиҷаи беморони касалии санги талхадон (ҳамкориҳо бо Институти гастроэнтерелогияи АИ тибии Тоҷикистон ва Институти илмҳои тиббии Ҳиндустон – AIIMS, солҳои 1986-1999, Муҳидинов З.Қ.) истифодаи моддаҳои пектинӣ тавсия карда шудааст. Пектин дар мувофиқа бо антибиотикҳо барои табобати якқатор касалиҳои сирояткунанда (беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе) коркард ва истифода шудааст. Таҷрибаҳо тасдиқ кардаанд, ки истифодаи пектин дар якҷоягӣ бо антибиотикҳо, муҳлати табобати беморонро, ки бо нишонаи инфексияи шадиди рӯдаҳо хобидаанд, камтар карда ва ба паст намудан таъсири иловагии антибиотикҳо мусоидат намудааст. Таҳқиқоти фармакологӣ нишон дод, ки иловагии олигосахаридҳои себ дар спирт ба пастшавии мастии алкоголии (таҷриба дар мушҳо аз рӯи лоиҳаи ) мусоидат намуда, барқарории тан-дурустиро метезонад. Инчунин фаъолнокии баланди сорбсионии микроге-лии пектинӣ аз офтобпараст дар таносуб ба иони сурб ва мис дар қиёс бо ангишти фаъолкардашуда ва лифепан ёфта шуд. Ихтирооти Институти кимиё оид ба сохтани мембран дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» барои истеҳсоли умумии ҳисобкунакҳои газӣ ва тарзи тозакунӣ ва тасбити шаффофияти шароб(вино) бо бентонити маҳаллӣ ва маводи полимерӣ дар АООТ «Душанбе» бо самараи иқтисодии 65 ҳазор сомонӣ ҷорӣ карда шуд. Санади хулосавии санҷишӣ барои дар амал тадбиқ намудани усули тозакунии маҳлули гидролизати пектинҳо, ки дар сехи коркарди пектин дар ширкати ПАПО «Шаҳринав»-и ноҳияи Шаҳринав, соли 1992 (аз рӯи патенти TJ 197) гирифта шудааст. Тадбиқи ин усул имконият дод, ки аввалин бор пектин дар шароити саноатӣ бо сифати баланд ҳосил карда шавад ва зиёда аз 20 маротиба маҳсулот ҳосил карда шуд. Аммо аз сабаби ҷанги шаҳрвандии он солҳо, сехи пектин дар ин ширкат фаолияташро давом дода натавонист ва хароб гашт. Ба натиҷаҳои муҳимтарини илмии дар Институти кимиё дар ин даҳсолаи ба дастоварда як қатор олимон соҳиби ҷоизаҳо ва ҷоизаҳои давлатӣ гардиданд: дар соли 2003 аъзо кор. АИ ҶТ, профессор Куканиев М.А. бо медали Шараф дараҷаи 1 мукофотонида шуд, соли 2009 академик Мирсаидов У.М. бо ордени «Дустӣ» ва ба ҷоизаи Давлатии ҶТ дар соҳаи илм ва техникаи ба номи Абуали ибни Сино сазовор гардид, д.и.к., профессор Муҳидионов З.Қ. ҳамчун ихтироъкори беҳтарин дар соли 2012 бо нишони фахрии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ мукофотонида шуд, академик Ҳайдаров К.Х. ва д.и.к. профессор Қодиров А.Ҳ. сазовори ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С.Умаров (с.2009) гардиданд. Моҳи апрели соли 2014 бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикиистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон директори Институт доктори илмҳои кимиё, профессор Зайниддин Қамарович Муҳидинов интихоб гардидад. Ҳоло дар Институти химия ҳашт озмоишгоҳи пешбарандаи корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ оид ба масоили химияи органикӣ, ғайриорганикӣ, фи-зикӣ ва аналитикӣ ва инчунин химияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ амал мекунад. Институт барои Ҷумҳурӣ аз рӯи самтҳои афзалиятноки зерин таҳқиқотҳо мебарад: коркарди маводи зангназананда барои эҳтиёҷоти маҷмаи мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон; маҷмӯи азнавкоркарди захираҳои маъданӣ ва партовҳои саноатӣ; ҳосилкунии биополимерҳо аз партовҳои саноатӣ ва маҷмаи онҳо барои сохтани маводи нав барои саноати хӯрокворӣ ва тиб; геохимияи раванди таҳнишонӣ, истифодабарии усулҳои атомӣ- эмиссиягӣ, электрокимиёвӣ ва ғайра барои таҳлили маводи табиӣ ва техникӣ; коркарди илман асосноки технологияи амиқи азнавкоркарди ангишти таҳшини тоҷикистон ва синтези маҳсулоти фоиданоки органикӣ. Дар солҳои 2014-2015 кормандони Институт, ба ҷуз ихтироот ва мутобиқкунонии тарзҳои нав ва технологияи баланд дар истеҳсоли пектинҳои гуногун ва дар асоси онҳо маҳсулоти пешгирикунанда, инчунин таҳқиқоти маркетингӣ дар ин соҳаи истеҳсолот ва маҳсулот гузаронидаанд. Ғанисозии маҳлули обӣ (болотари 70%) дар намуди гидрогели селлюлозаро Институт ба сифати гидрогел дар таҳқиқоти ултрасадоӣ пешниҳод намуд. Озмоиши гидрогелҳо нишон дод, ки гидрогели ҳосилнамуда аз рӯи хосият ба гидрогели воридотӣ шабоҳат дорад, ки ҳоло дар шифохонаҳои модару-кудаки шаҳри Душанбе тадбиқ карда шудааст. Нақшаи технологии истеҳсоли полисахаридҳои пектинӣ аз партовҳои гогуни мева ва набототӣ бо минбаъд тозакунӣ бо маҳлули гидролизати ултраполоиш коркард карда шуд. Технологияи мазкур бо патентҳои Аврупоосиёӣ ЕА 016871 ва 2 патенти украинӣ UA 70046 (Муҳидинов З.Қ., Фишман М.Л., Лиу Л.Ш.), UA70047 ва TJ 290 (Муҳидинов З.К., Халиқов Д.Х., ва дигарон), TJ 563 (Муҳидинов З.Қ., Ҷонмуродов А.С., Тешаев Х.И.). Намунаҳои пектинӣ дар фабрикаи «Ширин» шаҳри Душанбе дар вақти тайёр кардани маснуоти желе ва ба ҳайси тасбиткунандаи йогурт дар комбинати ширии Душанбе бомуваффақият озмоишро гузашт. Истифодабарии пектини маҳаллӣ дар ин сурат метавонад пектини содиротиро иваз намояд. Санади хулосавии санҷишӣ барои дар коркарди маҳсулоти қаннодӣ, мармелад истифодабарии маҳлули ғанигардонидаи пектини себ дар корхонаи ҶСК фабрикаи «Ширин»-и шаҳри Душанбе, (TJ 197, ЕАП 016871) гирифта шуд. Истифодаи маҳлули ғанигардонидаи пектинӣ имконият медиҳад, ки корхона аз хариди пектини Чинӣ даст кашад ва ба истифодаи маводи ватании хушсифату арзон гузарад. Санади хулосавии санҷишӣ барои истфодабарии пектини баландметилӣ (аз ситрус ва себ) дар устувор нигоҳ доштани маҳсулоти ширӣ (кефир ва йогурти мева) дар корхонаи ҶШП «Комбинати ширии Душанбе»-и шаҳри Душанбе, (TJ 563) гирифта шуд. Ин татбиқот ба корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ имконияти нигоҳдории дарозмуддати маҳсулоти истеҳсолиро фароҳам хоҳад оварда, ба фурӯши он дар фасли тобистон дар бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд. Пектин ҳамчун моддаи фаъоли доруворӣ ва ба сифати иловагии ғизоро Кумитаи фармакологияи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармакопея ВФС МЗСЗН РТ 230021 – 14 «Пектини себ») ба ҳайси маҳсулоти нимтайёр барои пухтани ғизои функсионалӣ (иловагии ғизоӣ) ва воситаи интиқоли доруворӣ иҷозат додааст. Нақшаи технологии азнав коркарди аргеллитҳо, сеолитҳо аз партовҳои саноати алюминӣ ва ашёи хоми маъдании маҳаллӣ ҳосил кардани маъдани криолит- гилхок пешниҳод гардид. Истифодабарии сиаллитҳо ва ақиқи сурхи Тоҷикистон ба ҳайси ашёи хом барои саноати чинӣ ва инчунин зимни истеҳсоли дурдабанд барои тоза кардани обҳои нӯшокӣ ва партовҳо коркард гардид. Технологияи бамаврид гирифтани таллий ҳангоми аз навкоркарди маъданҳои сурмаву симоби кони Ҷиҷикрӯд коркард гардидааст. Тарзҳои ҳосилкунии тило аз маъдани кам таркиб (патенти хурд ТJ592 ва ТJ 693 Самихов Ш.Р., Зинченко З.А.) Дар солҳои минбаъда боз як чанд ҳулаҳои бо алумнин рехта соҳиби патенти хурди ҶТ гардиданд: Усули баланд бардоштани устувории корро-зионии хулаҳои алюминий-оҳан, ки бо литий ҷавҳаронида шудаанд. № TJ 757; 3.6. Усули баланд бардоштани устувории коррозионии хулаҳои алюминий-силитсий ба оксидшавии баландҳароратӣ, ки бо элементи сурма муҳофизат карда мешавад. № TJ 777 ва Усули баланд бардоштани устуво-рии коррозионии хулаҳои алюминий аз ҳад тоза. № TJ 757. Ин усул дар ҳолати дур намудани ҳаво (вакуум) дар ҳаротҳои 750-800оС бо ҳамроҳ намудани элементи скндий ба даст оварда мешавад. Биоҷаббиши сурма ва симоб аз ғаноиши симобу сурма бо тарзи занбурӯғӣ таҳқиқшудааст. Озмоишот оид ба омӯзиши биоҷаббиши ин филизот нишон дод, ки ҳамаи микроорганизмҳои озмоишшуда симобро то 31.1% ва сурмаро то 60.4% меҷаббанд. Фаъолнокии баланди ҷаббиш занбуруғҳои намуди Acremonium sp.Х-6 и Stachybotrys hartarum И-2 зоҳир намуданд. Кормандони озмоишгоҳи химияи пайвастагии гетеросиклӣ фаъолона синтез ва омӯзиши фаъолнокии биологии ҳосилаи пиримидин ва имидазо-тиадиазолҳоро мебаранд. Заҳрнокии кам ва фаъолнокии баланди зидди мик-робии ҳосилаи фтордори ҳосилаи ин гетеросиклҳо имкон медиҳад, ки шаклҳои гуногуни дорувории нави пуртаъсири кимиёи табобатӣ коркард гар-дад. Мисол, фаъолнокии баланди зиддимикробӣ пайвастагиҳои 2-бром-6-фтор-7-метил-5-оксо-5Н-1,3,4-тиадиазоло [3,2-a] пиримидин и 2-Этиламин-5H-6-парабромфенили-мидазо-[2,1-b]-1,3,4-тиадиазол зоҳир менамояд (Раҳмонов Р.О., Зоидова М.) Таркиби кимиёвии партовҳои обӣ- қатронии дар раванди газкашии ангишт дар маркази гармидиҳии Шарқии шаҳри Душанбе таҳқиқ гардид. Таҳқиқоти мазкур ҷудокунӣ бо роҳи тақтири ҷузъӣ ва рангнигоркунонии (хроматографирования) пайвастагиҳои фардӣ аз партовҳо тибқи газкашии ангиштро дар бар мегирад. Яке аз усулҳои ояндадор табобати касалии санги талхадон, дар натиҷаи истифодабарии моддаҳои гуногуни органикӣ ва ғайриорганикӣ ба сифати маҳлулкунанда ҳалкунии санг бо тарзи кимиёвӣ мебошад. Дар ин самт кормандони озмоишгоҳи фармакологӣ пайвастагии нави ҳосилнамуда, ҳосилаи трушии талхадон, дар қиёс бо пайвастагии маъмули ин гурӯҳ қобилияти зиёдтари ҳалкунии санги холестеринӣ «Урсослит»- ро дорад. (патент хурд ҶТ, № ТJ 662 Қодиров А.Ҳ. ва диг.). Натиҷаҳои таҳқиқоти фармако-биокимиёии «Урсослит» нишон дод, ки таъсири ифодаи холели-тикӣ, гипохолестеринемикӣ, гиполипидемикӣ ва гепатопетективӣ зоҳир намуда, ҷамъи таркиби трушии талха фосфолипидҳоро баланд мебардорад ва литогенияти талхаро кам мекунад. Ҳамчунин дастури тайёркардани шароби «Фитосуман», дар асоси маҳсулоти набототи доруворӣ ихтироъ гар-дидааст (Патенти хурд ҶТ, 643TJ, Қодиров А.Ҳ., Назарова З.Д. ва диг.). Дар давраи солҳои 2001-2016 ба Институти кимиё сенздаҳ пешниҳод оид ба истифодабарии ихтирооти илмӣ-таҳқиқотӣ дода шуд. Ҳамин тавр, дар Заводи алюминияи Тоҷик тарзҳои ҳосилкунии ферросилитсия ва чӯян аз партовҳои истеҳсолот бо самараи умумии иқтисодӣ қариб 1млн.доллари ИМА ҷорӣ карда шуд. Истеҳсоли дурдабанд барои тозакунии об ба роҳ монда шудааст. Дар асоси дар Институти кимиё коркарднамудаи технологияи ҳосилкунии ғаноиши криолит- гилхок аз пасмондаҳои саноати алюминий ва ашёи хоми маъдании маҳаллӣ (сиенитҳои нефелинӣ, сиаллитҳо ва флюорит) Дар заводи алюминии Тоҷик коргоҳ оид ба азнавкоркарди партовҳои истеҳсолоти алюмини сохта ба истифода дода шуд. Ба мақсади рушди технологияи инноватсионӣ (навгонӣ), дар сохтори Институти кимиё дар апрели соли 2015 шуъбаи технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуд (роҳбар н.и.и. Раҳматов А.С.), ки Шуъбаи илмҳои физикӣ, риёзӣ, кимиёвӣ, геологии АИ ҶТ ба тасвиб расонидаанд. Дар соли 2016 ба мақсади ташкили истеҳсолоти хурд ихтирооти мушаххаси зерин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд:

  1. Ду Бизнес-план: Лоиҳаи «Истеҳсоли инноватсионии пектин» ва лоиҳаи «Истеҳсоли афшураи мева». Ин ду пешниҳоди тиҷоратӣ ба ҳам алоқаманданд ва дар апрели соли 2015 ба АИ ҶТ, Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ барои гирифтани дастгирии молиявӣ ва маблағгузорӣ пешниҳод гардид (беш аз 5,0 млн дол.ИМА).
  2. Ташкили истеҳсолоти хӯлаҳои зангназананда барои ҳимояи конструк-сияи оҳанӣ дар базаи Корхонаи давлатии истеҳсолоти илмӣ-озмоишии АИ Ҷ Т.
  3. Ҷорӣ намудани раванди табхири хлориди тило ва нуқра аз маъдани сахти кони Тарор ва Чоре.
  4. Лоиҳаи инноватсионии «Намуди нави рӯйпӯши муҳофизатии рӯҳ-алюминий» якҷоя бо озмоишгоҳи «Маводҳои ба коррозия устувор»-и Институти кимиёи АИ ҶТ бо хароҷоти умумии 826,0 ҳазазор сомонӣ ба забони давлативу русӣ таҳия гардида ба Раёсати АИ ҶТ пешниҳод карда шуд. (Сентябри 2016с.). Таркиби хӯлаҳои коркардшуда бо нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз кардашуда, ба сифати рӯйпушҳои муҳофи-завии ашёҳои пӯлодӣ дар Шуъбаи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳи озоди ш.Маҷлисии Ҷумҳурии исломии Эрон санҷида шуд. Фоидаи иқтисодӣ барои истифодаи хӯлаҳои анодӣ ба сифати рӯйпушҳои муҳофизатӣ дар 1м2 сатҳи ҳифз-шаванда 7.1 $-ро ташкил дод.
  5. Хулаҳои анодӣ дар асоси алминии авалла коркард када шудаанд. Ин хӯлаҳо чун рӯйпӯши анодӣ ва протектор барои аз зангзанӣ эмин доштани конструксияҳои пӯлодӣ, таҷҳизот ва иншоотҳо, инчунин барои маҳсулоти электротехникӣ чун рӯйпӯши кабелҳои электрикии шиддатнок ва ноқилҳо муайян шудаанд. Хӯлаҳои анодӣ метавонанд барои муҳофизати иншоотҳои металлии зеризаминӣ аз коррозия истифода шаванд. Баъзе аз ин хӯлаҳо ба сифати протекторҳо ҳангоми муҳофизати конструксияҳои металлии Варзоб – НОБ-2 аз санҷиш гузаштанд.
  6. Лоиҳаи инноватсионии «Маводҳои доругии нав дар асоси компонентҳои рустаниҳои шифобахш» якҷоя бо озмоишгоҳи «Фармокология»-и Институти кимиёи АИ ҶТ бо хароҷоти умумии 450,0 ҳазазор.сомонӣ ба забони давлативу русӣ таҳия гардида ба Раёсати АИ ҶТ пешниҳод карда шуд. (Сентябри 2016с.).

Институт бо Агенти «Тоҷикстандарт» оид ба анҷомдиҳии таҳлилҳои таркиби кимиёвии маводи мутобиқи аккредитатсия пешниҳодгардида ҳамкориро идома медиҳад. Ҳамчунин Институт таҳлилҳои гуногуни новоба-старо барои Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд. Кормандони Институт (Пулотов Э.Х., Ҷонмуродов А.С., Маматов Э.Ҷ.) ба ҳайси мумайиз дар санҷишҳои судӣ ва ҷиноӣ ширкат меварзанд. Барои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон технологияи ғайрифаъолсозии сӯзишвории моеъи мушакӣ коркард ва маҷмаъи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳия гардида, пурра истифодаи партовҳои он гузаронида шуд. Кормандони Институт дар ихтирооти махфӣ муштаракан бо заводҳои ҳарбии Вазорати мазкур иштирок менамоянд. Роҷеъ ба ду ихтироот коркард гардида, ва бо патенти аввалини сирри махфӣ доштаи ҶТ ноил гардид. Дар муддати солҳои 2003-2017 кормандони Институти кимиё 1220 мақолаи илмӣ, 40 рисола интишор намуда ба гирифтани 61 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ноил гардиданд. Дар ин солҳо Институти кимиё 3 конфронси илмӣ- амалии байналмилалӣ ва 14-то конфрончси ҷумҳуриявӣ доир намуд. Конфронсҳои баргузор намуда, барои ба роҳ мондани робитаи эҷодӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак мусоидат намуданд ва умуман ба сатҳи умумии таҳқиқотҳои дар Институт баргузор намуда, таъсири мусоид расониданд.

Фаъолияти илмӣ-ташкилӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мавзӯи асосии ғамхории Институт ва ҳам Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ дар давоми мавҷудияташ тайёр кардани мутахассисони баланд тахассус мебошад. Дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ Институт бо макотиби олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино ҳамкорӣ мекунад. Дар Институт барои донишҷӯёни макотиби олии лексия ва машғулиятҳо дар таҷҳизоти муосир гузаронида мешавад. Ҳамин тавр, донишҷуёни филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва Донишгоҳи технологии таҳқиқоти миллии Федератсияи Русия ҳамасола корҳоро оид ба барномаи таҳқиқоти корҳои илмӣ анҷом дода, таҳти роҳбарии кормандони илмии Институт, докторон ва номзадони илм корҳои курсӣ ва дипломиро ҳимоя мекунанд. Дар Институт магистартура ва аспирантура аз руи ихтисосҳои зеринфаъолият менамояд: технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ (05.17.01); химияи физикӣ (02.00.04); химияи органикӣ (02.00.03); технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия (05.17.03); пайвастагиҳои фаромолекула (02.00.06.); химияи биоорганикӣ (02.00.10); ва фармакология (14.00.25). Аз рӯи ихтисосҳои номбаршуда дар Институт 2-нафар докторант, 24-нафар аспирант аз онҳо 13-нафар таҳсили рӯзона ва 11-нафар таҳсили ғоибона ва 5- нафар унвонҷӯ таҳсил менамоянд. Дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар назди Институти кимиё таъсиси ду Шӯрои дисертатсионӣ оид ба додани унвони илмии дараҷаи номзади илмҳо (1991-2001) ва доктори илмҳо (2001-2012) нақши арзанда бозидааст. Аз соли 2014 то кунун шӯрои доктори Д047.003.02 амал мекунад. Дар ин шӯрои илмӣ барои Институти кимиё, макотиби олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2003- 2016 - 14 нафар доктор ва 134 нафар номзади илмӣ ҳимоя карданд. Ҳоло (соли 2017) дар Институти кимиё 13 доктори илмии асосӣ, 6 доктори илмҳо тибқи қарордод, 22 номзади илмҳои асосӣ ва 4 нафар тибқи қарордоди меҳнатӣ фаъолият мекунанд. Дар Институти 4 нафар академики АИ ҶТ кору фаъолияти илмӣ мекунанд. Нақши асосиро дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ докторантура, аспирантура и магистратураи дар назди Институти кимиё амалкунанда мебозад. Ҳоло дар Институт 23 нафар унвонҷӯ (аспирант) ва 32 нафар магистр таҳсил мекунанд. Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ барои таҳсили магистрантон, аспирантон аз рӯи нақшаи қабул ба аспирантура дар соли 2017 аз рӯи ихтисосҳои зерин барои, ҳимояи диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос шурои илмӣ таъсис дода шуд:

  • 6D071000 маводшиносӣ ва технологияи маводи нав - 05.16.09- маводшиносӣ (тибқи соҳаҳо), 05.17.03- технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз зангзанӣ.
  • 6D072000-технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ-05.17.01-технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ.
  • 6D060600 химия - 02.00.06-химияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ.

Институт бо кишварҳои хориҷии дуру наздик ҳамкориро идома медиҳад. Таҳқиқотҳои илмии муштарак бо олимони америкоӣ ва аврупоӣ гузаронида мешавад, ки ноилшавӣ ба натиҷаҳои арзанда овард ва дар маҷаллаҳои боэътимоди байналмилалӣ якҷоя мақолаҳо интишор менамоянд. Ҳамкории Институт бо Марказҳои илмӣ - техникии байналмилалӣ дар асоси озмунӣ аз солҳои 2006 дар байни ҳафт кишвари минтақа ба гирифтани 10 лоиҳа ба маблағи 2,5 млн.доллари ИМА мусоидат намуд, агарчанде аксарият Кишварҳои Муштаракул Манофеъ ба ин созмон аз лаҳзаи ташкилёбӣ (с.1995) шомил шуда буданд. Беш аз 10 сол ҳамкории самарабахш байни Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ ва Маркази минтақавии Шарқии Депортаменти Давлатии ИМА оид ба кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи шарики М БИТ Т-1419 ва Т-1420 ва лоиҳаи нав МБИТ -2148 таҳти роҳбарии профессор З.Қ. Муҳидинов идома меёбад ва инчунин тибқи қарордоди 25 июли соли 2014 ба имзо расида, табодули илмӣ ва анҷомдиҳии таҳлилҳо дар таҷҳизоти дақиқияташ баланд ва арзишманд бурда мешавад. Ҳамкории илмӣ дар доираи созишномаҳои қаблан ба имзо расида байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якқатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Ирон ва Покистон, институти техникии физика ва кимиёи Синсезяни АИ ҶМ Чин шаҳри Урумчӣ, бо олимони Олмон, Итолиё, Фаронса, Австрия, Туркия ва Руминия дар доираи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО идома дорад. Ба ҷуз аз ин, ҳамкорӣ бо Давлатҳои Муштаракул Манофеъ яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти Институт боқӣ мемонад. Бо Марказҳои илмӣ ва ширкатҳои Қазақстан, Институти кимиё ва технологияи кимиёвии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғистан ва Маркази байналмилалии инноватсионии нанотехногияи Давлатҳои Муштаракул Манофеъ дар назди институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроӣ (ш. Дубнаи ФР) таҳқиқоти муштарак бурда мешавад. Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илм як қатор олимони Институт сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ гардиданд: академик Далер Набиҷонович Похҷонов дар с.2013 сазоворӣ ҷоизаи байнидавлатии ДММ, мукофоти «Звёзди Содружтства», н.и.к. Зиёдулло Обидов дорои дипломи «Лучший молодой ученый Евразии», д.и.к., профессор Қодиров А.Х. дорои медали тилоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳҳнӣ дар соли 2015. Дар соли 2017 академик Ғаниев Исатулло Наврузович ба Ҷоизаи нашриёти «Springer Nature Awards ТОП» – и Ҷумҳурии Олмон «Ҳамчун пурмаҳсултарин муаллиф» аз Тоҷикистон мукофотонида шуд. Ҳоло олимони Институт тамоми неруи худро бҳри сазовор истиқбол намудани чашни фархундаи таърихи миллат-30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуд истодаанд, то ки саҳмгузори милат бошанд.

Сохтор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Директор
  • Ҷонишини директор оид ба илм ва таълим
  • Котиби илмӣ
  • Мусоҳибот
  • Шуъбаи кадрҳо
  • Ҷонишини директор оид ба хоҷагӣ
  • Сармуҳандис

Озмоишгоҳҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Озмоишгоҳи геохимия ва химияи таҳлилӣ
  • Озмоишгоҳи пайвастагиҳои фаромолекуллавӣ
  • Озмоишгоҳи фармакология
  • Озмоишгоҳи синтези органикӣ
  • Озмоишгоҳи химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ
  • Озмоишгоҳи маводҳои ба каррозия устувор
  • Озмоишгоҳи коркарди маъдан ва партовҳои саноатӣ
  • Озмоишгоҳи ғанигардонии маъданҳо
  • Шуъбаи технологияҳои инноватсионӣ

Директорони институт аз давраи таъсисёбӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Академик Никитин В.И. 1946 – 1968 сол.
  • Академик Соложенкин П.М. 1968 - 1971 сол
  • Академик Нуъмонов И.У. 1971 – 1987 сол
  • Академик Мирсаидов У.М. 1987 – 2003 сол
  • Академик Халиков Д.Х. 2003 – 2014 сол
  • Профессор Муҳиддинов З.К. 2014 - 2019
  • Профессор Сафаров Аҳрор Мирзоевич. 2019 - то айни ҳол

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]